Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси блогнавис ва афсари рус дар бораи "муҳоҷирони террорист"


Дар санади пешниҳодкардаи афсар ба гуфтаи Александр Ким, номи ӯ Максим Полтанов зикр шудааст.
Дар санади пешниҳодкардаи афсар ба гуфтаи Александр Ким, номи ӯ Максим Полтанов зикр шудааст.

Маъмурони пулиси Русия шаби 31-уми декабр гуруҳе аз муҳоҷирони тоҷику узбек ва қирғизро дастгир кардаанд, чун ба қавли як афсари Горди миллии Русия, “мумкин аст, онҳо террорист бошанд.”

Иддаои афсари пулис дар бораи мардуми ғайрирусро Александр Ким, як блогнавис ва фаъоли маданӣ дар видео сабт кардааст. Дар навор, ки Александр Ким дар яке аз кӯчаҳои марказии Маскав сабт карда ва Ютуб гузоштааст, ӯ аз афсари пулис дар бораи сабабҳои боздошти ҷавонони ғайрирус мепурсад ва афсар мегӯяд, аз он сабаб славянитаборонро кам тафтиш мекунанд, ки онҳо “одамони дигарро бисёр кам метарконанд.”

Александр Ким рӯзи 1-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳодиса дар Тверской, яке аз хиёбонҳои марказии пойтахти Русия рух дод ва дар ниҳоят бо боздошти худи ӯ анҷомид. Дар видео дида мешавад, ки афсарони пулиси Русия санадҳои чанде аз ҷавононро, ки мӯи сари сиёҳ доранд, тафтиш мекунанд ва ҳамин лаҳза афсаре бо муроҷиат ба Александр Ким мегӯяд, ки “аз инҷо канор равед, чун шумо ба мо халал мерасонед. Шояд ин бачаҳо террорист бошанд.

“Дар посух ба суоли блогнависи рус, ки мепурсад, чаро шояд террорист бошанд, афсари рус, ки худро Максим Полтанов капитан ва узви Горди миллии Русия муаррифӣ мекунад, посухи кутоҳ медиҳад ва мегӯяд, “барои онки”.

Александр Ким
Александр Ким


Дар ин видео, Максим Полтанов ба эътирози Александр Ким, ки мегӯяд, шумо ин мардумро фақат барои миллати дигар буданашон дастгир мекунед, посух медиҳад, ки “Мо ҳақ дорем, тафтиш кунем, чун шояд онҳо террорист бошанд.” Дар паси афсари пулис, маъмурони дигар санадҳои муҳоҷирон ва бадани баъзеҳоро тафтиш карда, онҳоро ба автобус савор мекунанд.

Баъди баҳси тулонӣ ва наворбардории рафтори маъмурони пулис, Александр Ким, ба афсари пулис мегӯяд: “Шумо, ин одамонро ба сабаби миллати дигар буданашон дастгир мекунед. Ин табъиз аст. Шумо фақат афродеро нигаҳ медоред, ки қиёфаи славянӣ надоранд.”

"Славяниҳо дигаронро камтар метарконанд"

Дар посух афсар мегӯяд, “Хуб чӣ шудаст? Одамоне, ки қиёфаи славянӣ доранд, дигар одамонро камтар метарконанд.” Дар посух ба ин суоли Александр Ким, ки мепурсад, “Афроди дорои қиёфаи ғайриславянӣ метарконанд?”, афсари пулис билофосила мегӯяд: “Зуд-зуд.”

Дар идомаи суҳбат афсари пулис мегӯяд, агар ин афрод гуноҳе надошта бошанд, онҳоро ҷавоб медиҳанд. Дар видеои дигаре, ки дар ҷойи ҳодиса сабт шудааст, Александр Ким бо афсари дигари рус суҳбат мекунад ва сабабҳои дастгир кардани ҷавонони ғайриславянро мепурсад. Ӯ мегӯяд, “мо барои маълум кардани унсурҳои ҷиноӣ тафтиш мебарем ва маҳз хориҷиёнро тафтиш мекунем ва агар ҷинояте накарда бошанд, ҷавоб медиҳем.“

Ба қавли Александр Ким: “Ин ҷавонон фақат барои таҷлили Соли нав берун омада буданд ва ҳеҷ қонуншикание ҳам накардаанд, вале маъмурони пулис аз байни мардум онҳоро ҷудо карда мегирифтанд. Ҳеҷ яке аз мардумони славянитаборро нигаҳ намедоштанд.”

Мисли гӯсфанд мегиранду мебаранд

Комилҷон Юсуфӣ аз ноҳияи Восеъ, ки дар маҳалли ҳодиса будааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, боздошти се ҷавони тоҷикро дар инҷо дид ва аз маҳалли ҳодиса дур рафт, то ӯро ҳам набаранд. Ӯ гуфт, чунин хотирае талхе дорад: “Ҳеҷ намепурсанд, ки ту санад дорӣ ва ё не. Мисли гусфанд мегиранд, ба автобус бор мекунанд ва мебаранд, маҳкамат мекунанд, то субҳ мешинӣ. Айни рафторро бо ман кардаанд. Бурданд, чаҳор шабонарӯз дар идораи милиса паси панҷара гушнаву ташна нигаҳ доштанд. “

Рустам Салимов, яке аз корбароне, ки видеои мазкурро дар Ютуб дидааст мегӯяд, баёнияи афсари милиса дар бораи мардуми ғайриславянӣ дар Русия “Барангехтани адовати миллӣ аст, ки ҷиноят ба ҳисоб меравад.”

Александ Ким, гуфт, баъди пурсуҷӯи пайваста дар бораи сабаби боздошти мардуми ғайрирус, маъмурони милиса ӯро ҳам дастгир карданд ва субҳи 1-уми январ ҷавоб доданд. Дар шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Савеловский дар Маскав ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки айни замон касе дар боздошт нест. Ба қавли мусоҳиби мо: ”Ҳоло дар шӯъба касе нест. Сифр. Ҳамаро ҷавоб додем, онҳо ба мо чӣ даркоранд.”

Блогнависи русро ба “нофармонӣ ба намояндаи давлат” муттаҳам кардаанд. Айни замон ӯ ҳам ба зидди ду афсари милиса шикояти расмӣ навиштааст ва ҳам хостааст, то куҷо қонунӣ будани боздошти муҳоҷирон санҷида шавад. Александр Ким дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бачаҳоеро, ки боздошт карданд, баъди дахолати ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон, ки ба идораҳои пулис муроҷиат кардаанд, баъди муддати кӯтоҳе ҷавоб додаанд.

Шикоят аз рафтори маъмурони милиса ва табъизи муҳоҷирони корӣ дар Русия зиёд аст, вале ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, мақомоти расмӣ ин ҳамаро нодида мегиранд. Аммо дар бораи ошкоро ба терроризм муттаҳам кардани муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар расонаҳо зиёд гузориш нашудааст.

XS
SM
MD
LG