Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон садама ё тасодуфи нақлиётии шаби 7-уми феврал дар шаҳри Душанберо, ки дар натиҷаи он се кас ҷон бохтааст, тасдиқ кард, аммо ҷузъиёти онро ошкор нанамуд.
Манобеи Радиои Озодӣ хабар доданд, ки дар ин садама дар маҳаллаи ҳафтуми шаҳри Душанбе Муҳаммад Шарифзода, писари 17-солаи Муҳаммадзариф Шарифзода, муовини раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ сахт маҷруҳ шуда, се тани дигар ҳалок шудаанд.
Муҳаммадзариф Шарифзода, бародарзодаи Муҳаммадзоҳир Соҳибов, домоди раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Ӯ дар гузашта раиси корхонаи давлатии “Тилои тоҷик” буд.
Аксу навори садама дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, ду тан аз ҷонбохтагони ин ҳодисаро “духтарони 20-сола” номидаанд, ки ба “блогерӣ машғул буданд.” Саҳифаҳои ин ду духтар бо номи “Ноза” ва “Саодат” пас аз ду рӯзи ҳодиса аз шабакаҳои иҷтимоӣ пок карда шудаанд.
Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, мошини “Мерседес Бенс”, ки пас аз садама оташ гирифт, бо рақами “1111 QQ 03” ба Муҳаммад Шарифзода марбут будааст. Дар нишасти Вазорати корҳои дохилӣ инро тасдиқ ё рад накарданд.
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, рӯзи 12-уми феврал дар нишасти солонаи матбуотии ин ниҳод гуфт, “Муҳаммад Шарифзода танҳо иштирокчии садама аст”.
Шоҳрух Саидзода, сардори Раёсати корҳои дохилии Душанбе, сабаби садамаро “беэҳтиётӣ” номид ва гуфт, мошин ба симчӯб зада, “ронанда ва ду мусофир ҳалок шудаанд".
Ин ду мақомдори ВКД ҷузъиёти бештар надоданд ва пайвандии Муҳаммад Шарифзодаро ба мақомдори баландпоя ҳам тасдиқу инкор накарданд.
Тибқи иттилои дастрасшуда, Муҳаммад Шарифзода ҳоло дар бемористони “Истиқлол”-и Душанбе табобат мегирад.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон маъмулан дар бораи садамаҳои пурқурбонӣ зуд дар саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳад. Вале хабари садамаҳо бо ширкати мансабдорон ё наздикони онҳоро нашр намекунад. Ба мисли ин ки дар бораи ҳодисаи охир ҳеч иттилое надод.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст, ки соли гузашта беш аз 1300 садамаи нақлиётӣ дар кишвар сабт шудааст, ки дар онҳо 643 нафар ҷон бохта ва ва беш аз 1500 нафар захмӣ шудаанд.