Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорат сабти номи мусофиронро қатъ кард. Навбатпоӣ идома дорад. ВИДЕО


Муҳоҷирон дар назди бинои Сафорати Тоҷикистон дар Маскав.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия барӯйхатгирии мусофиронро барои парвозҳои чартерӣ қатъ кард. То ба ҳол, беш аз 8 ҳазор нафар барои бозгаштан ба Тоҷикистон дархост додаанд, аммо ба гуфтаи сафорат, парвозҳои чартерӣ барои бурдани мусофирон кофӣ нест.

Бо ин вуҷуди ин изҳороти сафорат дар бораи қатъи барӯйхатгирӣ, навбатпоии шаҳрвандони Тоҷикистон дар назди бинои он дар Маскав идома дорад. Дар чандин наворе, ки корбарон рӯзи 8-уми июл ба Радиои Озодӣ фиристоданд, дида мешавад, ки зане бо тифли навзод, ҷавоне бо асобағал мехоҳанд, ба Тоҷикистон парвоз кунанд ва зани миёнсоле ҳангоми навбатпоӣ аз ҳуш рафта, афтодааст. Дар навори дигар намояндаи сафорат ба воситаи баландгӯ ба ҷамъомадагон муроҷиат мекунад, ки руйхат аз ҳамаи меъёрҳо бештар аст ва муҳоҷирон талаб мекунанд, ки бо қатор ба Тоҷикистон фиристода шаванд. Таҷаммуи одамонро, ки бино бар видеоҳои расида наздик ба 150 нафаранд, пулиси Русия назорат мекунад.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи сешанбе Сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар саҳифаи расмиаш дар "Faceboоk" эълон кард, ки дигар мусофиронро ба рӯйхат намегирад, чун парвозҳои чартерӣ барои бурдани ҳама хоҳишмандон кифоя нест. Масъулин аз шаҳрвандон даъват кардаанж, ки дигар дар назди сафорат ҷамъ нашаванд.

Имомиддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Русия дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, хоҳишмандони сафар хеле зиёданд, аммо дар парвозҳои чартерӣ ба ҳам ҷой намерасад.

Ӯ гуфт, "бинобар ин мо дар саҳифаи расмии сафорат дар Фейсбук навиштем, ки шумори муроҷиаткардагон хеле зиёд аст, дигар ариза қабул намекунем, аввал дар рӯйхатбудаҳоро бояд баргардонем. Ба ҷуз ҳолатҳои истисноӣ. Барои ҳамин минбаъд мардум набояд дар назди сафорат ҷамъ оянд. Мо теъдоди аризаҳое, ки гирифтем, ҳамонро бояд коркард кунем. Онҳое, ки назди сафорат меоянд, на ниқоб доранд ва на фосилагирии ҷисмониро риоя мекунанд. Ман хавф дорам, ки аз ин ҷамъомаданҳо дигарон ба ин беморӣ сироят ёбанд. Чунин хатар вуҷуд дорад. Агар кормандони сафорат бемор шаванд, мо дигар мардумро қабул карда наметавонем".

Шикоят аз нархи баланди чипта

Дар ҳамин ҳол, муҳоҷирон аз шумори онҳое, ки худро дар сафорат ба қайд гирифтаанд, мегӯянд, беш аз аз ду ҳафта интизорӣ мекашанд, аммо ҳеҷ не ки ба парвози деринтизор роҳ ёбанд.

Далер, як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфт, "рӯзи 19-уми июн маро тавассути емайли сафорат ба қайд гирифтанд. То ба ин рӯз кормандони сафорат мегӯянд, интизор шавед. Ман беморам, назди сафорат омадем, занони ҳомиладор ҳама мунтазиранд. Ҳуши як нафар аз занон рафт, ӯро мошини "Ёрии таъҷилӣ" гирифта бурд".

Ҳамсуҳбати мо гуфт, ин рӯз ҳам дар навбатпоӣ буданд ва корманди сафорат баромад ба ҳозирон гуфт, ки "нархи чипта 36 ҳазор шудагӣ. Мардум пул надорад нон харад, 36 ҳазор аз куҷо? Ҳолати мардум хеле вазнин аст, илтимос болонишинҳо ба додамон расед. Як қисм одамон дар ҷангалҳо хоб карда истодаанд".

Сафир: "Шаҳрвандон то хуб шудани вазъият сабр кунанд"

Сафир Имомиддин Сатторӣ мегӯяд, нархи чиптаҳо ба он вобаста аст, ки ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон мусофир меоранд ва ё не? "Мо аз Русия хоҳиш карда будем, ки ширкатҳои ҳавопаймоии мо аз Тоҷикистон шаҳрвандони Русияро оранд, то ин ки нархи чиптаҳо арзонтар шаванд. Якчанд парвозҳоро иҷозат доданд, ки шаҳрвандони Русияро биёранд. Аммо ду-се парвози охир аз Тоҷикистон холӣ меоянд ва ин ба нархи чиптаҳо таъсир мерасонад".

Сафир мегӯяд, танҳо бо парвозҳои чартерӣ намешавад ҳамаи муҳоҷиронро ба ватан интиқол дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:19:52 0:00

Сатторӣ афзуд, сафорат танҳо ба тартиб додани рӯйхати ниёзмандон барои парвоз ба Тоҷикистон машғул аст ва ширкатҳои "Тоҷик эйр" ва "Сомон эйр" бевосита худ дар хазинаҳояшон дар фурудгоҳ чипта мефурӯшанд.

Як шикояти дигар мусофирон ин аст, ки мегӯянд дар парвозҳои чартерии қаблӣ дида шуд, ки қисме аз мусофирон ҷавононанд, на пирону беморон ва занони ҳомила, он тавре, ки сафорат гуфта буд ба ин қишр ҳангоми сафар бартарӣ дода мешавад.

Аммо сафириТоҷикистон мегӯяд: "Ба наздикӣ, вақте мардум гуфтанд, ки чаро мо дар рӯйхат нестем, ман пешниҳод кардам, аз ҷамъи одамоне ки дар назди сафорат ҳастанд 5 то 10 нафар биёянд бо ҳамроҳии мо аз он аризаҳое, ки ворид шудаанд, нафарони парвоз мекардагиро интихоб кунанд. Даҳ нафар ворид шуданд, мо рӯйхати ҳашт ҳазор аризаро дар наздашон гузоштем. Гуфтем, 30 фоиз бемор, 30 фоиз донишҷӯ, дигаронро одилона интихоб кунед. Баъди 10 дақиқаи корашон диданд, ки ҳама нафароне ариза дода эҳтиёҷманданд, ҳар нафар барои рафтан асосе дорад. Дар шароити баста будани парвозҳо ҳеҷ давлати дунё қодир нест, ки чунин миқдори зиёди одамонро дар муддати кутоҳ ба Ватан барагардонад на танҳо Тоҷикистон. Ин номумкин аст",- иброз дошт Сатторӣ.

Сафир мегӯяд, пандемияи короновирус вазъияти фавқулодаеро ба вуҷуд овард, ки касе наметавонист, пешбинӣ кунад ва аз шаҳрвандон даъват кард, то мӯътадил шудани вазъият сабр кунанд.

"Ҳама мехоҳанд баргарданд"

Бахтовар Ҷумъаев, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Маскав мегӯяд, дар ҳоле ки реҷаи карантин дар аксар минтақаҳои Русия бардошта шуда, бисёре аз корхонаҳо ба кор пардохтанд ва имконияти кор бештар мешавад, муҳоҷирони тоҷик баръакс мехоҳанд ба ватан барагарданд.

"Мушоҳидаҳои мо нишон дод, бисёре аз нафароне, ки мегӯянд бояд ҳатман ба Тоҷикистон барагарданд ва сад далел меоранд, аксарият дурӯғ мегӯянд. Санҷиши мо нишон дод, ки аз 10 кас як ё ду нафар воқеан зарурати сахте доранд ва бояд баргарданд. То ба ҳол муҳоҷирон ба мо муроҷиат мекарданд ва хоҳиш мекарданд, ки як илоҷ кунед, санади ихроҷашонро бекор кунем ва онҳо бештар дар Русия монанд. Ҳоло муҳоҷиронро як мавҷи баръаксе фаро гирифтааст, ки ҳама мехоҳанд баргарданд", -- гуфт ӯ.

Ҷумъаев меафзояд, аз вазъияти ногувор ва васвасаи баргаштан нафарони судҷӯ сӯистифода мекунанд. "Имрӯз ба мо як духтар аз назди сафорат гиряолуд хабар дод, ки як нафар бо ваъдаи чипта харидан аз ӯ беш аз 100 ҳазор рублашро гирифта, ғайб задааст. Аз муҳоҷирон хоҳиш мекунем ба доми чунин қаллобон наафтанд, фирефта нашаванд",- хоҳиш кард Ҷумъаев.

Манъи парвозҳои байналмилалӣ аз қаламрави Русия

Бинобар ҷадвали нашркардаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, то поёни моҳи июл 10 парвози чартерии дигар умдатан ба шаҳри Маскав ва Санкт-Петурбург ва якпарвозӣ ба Екатеринбург, Новосибирск ва Краснодар анҷом мешавад.

"Росавиатсия" -- идораи нақлиёти ҳавоии Русия бо ирсоли як барқия ба фурудгоҳои Русия хабар додааст то поёни моҳи июл парвозҳои байналмилалӣ аз қаламрави Русия манъ аст.

Дар Русия ба гуфтаи мақомоти ин кишвар беш аз 1 миллион ва ба иттилои мақомоти тоҷик наздик ба 500 ҳазор муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (6)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG