Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқи видеои маҳрамонаи фаъоли ҷамъиятӣ ба ихтиёри ШВКД-и Ваҳдат гузошта шуд. САДО


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таҳқиқи паҳн шудани навори маҳрамонаи як фаъоли ҷамъиятиро ба ихтиёри Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат супурдааст. Рӯзи 5 сентябри имсол дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он робитаи маҳрамонаи М.Д. бо як марди ношинос тасвир ёфтааст.

Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, маълум шуд, ки навор дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат сабт шудааст, аз ин рӯ, барои тафтиш "маводҳои ҷамъшуда ба ШВКД-и ин шаҳр дода шуд".

Дар Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат гуфтанд, ҳанӯз дар ин замина парвандае боз нашудааст.

Ҳуқуқдонҳо мегӯянд, агар омилони паҳн кардани навор муҷозот нашаванд, шубҳаи ба фаъолияти ҷамъиятии ӯ рабт доштани пахши навор бештар мешавад.

Таҳқиқи навори маҳрамони зани фаъол ба ихтиёри ШКД-и Ваҳдат дода шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:57 0:00
Линки мустақим



Ин зан, ки Радиои Озодӣ бо далелҳои ахлоқӣ аз ӯ М.Д. ном мебарад, гуфт, фавран пас аз як рӯзи нашри навор дара шабакаҳои иҷтимоӣ ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ариза навишт. Ӯ гуфт, бо нашри ин навор ба ҳаёти хусусии ӯ дахолат ва шаъну шарафаш паст зада шудааст.

Бо гузашти ду ҳафта аз шикояти зан ҳанӯз парвандае дар ин замина боз нашудааст. Ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, соҳиби манзиле, ки дар он навор сабт шудааст ва марде, ки дар навор чеҳрааш пӯшида аст, барои мақомот маълуманд.

"Ҳатто он мардро бо ман рӯ ба рӯ намекунанд. Мепурсам, имрӯзу фардо мекунанд, вале ҳеҷ пешравие нест. Аз Душанбе боз ба Ваҳдат равон карданд. Мехоҳам паҳнкунанда ва сабткунандаи навор ҷазо гиранд",--гуфт ӯ.

Ин зан мегӯяд, ҳанӯз намедонад, ки чаро ва бо кадом ҳадаф навори маҳрамониа ӯро дар интернет нашр карданд. Ҳуқуқдонҳо бо таваҷҷуҳ ба ин ки ин зан дар моҳи апрели имсол яке аз мухолифони боло бурдани нархи интернет дар Тоҷикистон буд ва дар маъракаи ҷамъоварии имзо зидди ин тасмим иштирок кардааст, ӯро "қурбонӣ" ва нашри наворро "барқасдона" медонанд.

М.Д мегӯяд, ин мард ҳам талоши шинос шудан бо ӯро пас аз як моҳи он маърака кард. Ба ӯ гуфтааст, тоҷир аст, зан надорад ва мехоҳад бо ӯ издивоҷ кунад. Пас аз нашри навор ин мард "дастнорас" шуд, вале ба М.Д. маълум шуд, ки ӯ ҳамсар дорад.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони шинохтаи тоҷик, ки ба М.Д. машварати ҳуқуқӣ медиҳад, мегӯяд, хомӯшии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар робита ба паҳн шудани чунин наворҳо боис шуд, ки ин фошкорӣ ҳамчун як василаи фишор идома пайдо кунад. Ӯ гуфт, агар марду занҳое, ки дар чанд соли ахир қаҳрамони чунин наворҳо буданд, мисли М.Д. барои ҷазо гирифтани паҳкунандагон талош мекарданд, ҳоло дигар чунин ҳолат такрор намешуд.

"Ҳоло бисёриҳо бо шубҳа мегӯянд, ки ин кори худи баъзе кормандони мақомот аст, вале агар паҳнкунандагони наворро пайдо накунанд, дигар сад дар сад ба ин бовар мекунанд. Созмонҳои байнахалқӣ ҳам ба ин бовар мекунанд ва боз як далели дигар барои ҳуқуқи зану фаъолон пайдо мешавад. Дар наворҳои дигари беобрӯкунанда низ аз онҳо гумонбар мешаванд",--гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ҳуқуқдон, мақомоти тоҷик аллакай нишон додаанд, ки тавони боз кардани чунин ҷиноятҳоро ба осонӣ доранд. Аз ҷумла, дар соли гузашта даҳҳо наворе, ки аз зӯроварӣ ва хушунат алайҳи занон нашр шуд, ширкатдорони он фавран пайдо ва ҷазо гирифтанд.

Шуҳрат Қудратов, адвокати тоҷик, ки ҳоло дар як машвартхонаи ҳуқуқи дар Русия кор мекунад, мегӯяд, навор худ далел барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ аст.

"Барои паҳн намудани маводи порнографӣ ва паст задани шаъну шараф оғоз кардани парванда ҳеҷ мушкиле надорад. Шахсе, ки инро паҳн кардааст, маълум ҳам набошад, мақомот бо қабули аризаи шаҳрванд, бояд парванда боз кунанд ва тафтишотро оғоз кунанд. Дар ҳолати ин зан ҳама чиз маълум аст ва сабаби боз нашудани парвандаро намефаҳам"—гуфт ӯ.

Дар Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ба Радиои Озодӣ шарҳ надоданд, ки аризаи М.Д. дар кадом сатҳ баррасӣ мешавад ва чаро то ҳол парванда боз нашудааст.

Қонунҳои Тоҷикистон барои паҳн кардани маводи порнографӣ аз 27 то 55 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то ду соли зиндон ҷазо пешбинӣ мекунанд.

М.Д. мегӯяд, паҳн шудани навор ӯро ба ин андеша овардааст, ки "амнияташ зери хатар аст" ва нафароне дунболи интиқомгирӣ аз ӯ ҳастанд. Мақомот мегӯянд, ҳанӯз дар ин бора хулоса баровардан мушкил аст.

XS
SM
MD
LG