Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шамоли сахт ба даҳҳо хона ва мошин дар Душанбе зарар расондааст

Яке аз хиёбонҳои Душанбе
Яке аз хиёбонҳои Душанбе

Шамоли сахти субҳи 27-уми май ба чанд бино дар Душанбе зарар расонда, сокинони зиёдеро аз нерӯи барқ маҳрум кардааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода 28-уми май дар гузорише навишт, "дар натиҷаи боди сахт дар шаҳри Душанбе дарахтон шикаста, болопӯши биноҳои баландошёна қисман зарар дидаанд".

Гуфта мешавад, шамоли сахт болопӯши 12 биноро дар пойтахт хароб кардааст.

Аз ҷумла намои берун ё фасади бинои навбунёди Хадамоти алоқа дар маркази шаҳри Душанбе зарар дидааст.

Сақфи Маркази таълимӣ ва қисми ҳарбии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт низ дар ин ҳодиса осеб дидааст.

Ба иттилои расмӣ, шамоли сахт ба се автомашина дар ноҳияи Сино зарар расонд.

Ҳамчунин 22 дарахт дар чор ноҳияи Душанбе дар шамоли сахт шикастаанд.

Ба гуфтаи мақомот, талафоти ҷонӣ ва захмӣ шудани сокинон дар ин ҳодиса сабт нашудааст.

Шамоли сахт тахминан соати 2-и субҳи 27 май сокинони пойтахтро тарсонд ва бархе онҳо мегӯянд, чанд сол боз ингуна вазидани бодро надида буданд. Ин ҳодисаи табиӣ дар рӯзе иттифоқ афтод, ки сокинони Тоҷикистон иди Қурбонро ҷашн мегирифтанд. Сокинон аз ноҳияҳои Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсии пойтахт гуфтанд, дар пайи шамоли сахт нерӯи барқ қатъ шуд ва қариб як рӯз бе рӯшноӣ буданд.

Дар Душанбе зиён аз тундбоди рӯзи ид бартараф мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:44 0:00

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, “барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ” наҷотдиҳандагон, хадамоти коммуналӣ, энергетикҳо ва дигар сохторҳои дахлдор сафарбар гардидаанд.

Моҳи май Тоҷикистон шоҳиди офатҳои табии маргбор шуд. Аз ҷумла рӯзҳои 1-4 май дар пайи омадани сел ҳадди ақал 4 нафар дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Турсунзода ба ҳалокат расида, панҷ каси дигар бистарӣ шудаанд. Садҳо хонавода дар саросари кишвар зиёни моддӣ диҳанд.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG