Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фақат ваъда медиҳанду тамом." Шикояти сокинони ду бинои "Алӣ Мустафо"


Ин афрод мегӯянд, пули хонаро барвақт супурдаанд, вале на ҳуҷҷат доранд ва на шароити муносиби зист
Ин афрод мегӯянд, пули хонаро барвақт супурдаанд, вале на ҳуҷҷат доранд ва на шароити муносиби зист

Сокинони ду бинои нави истиқоматӣ дар маркази Хуҷанд мегӯянд, се сол боз на ҳуҷҷати хонаҳоро гирифта метавонанд ва на шароити муносиби зист доранд. Масъулони ширкати бинокор қазияро шарҳ надоданд.

“Моро аз ин идора ба он идора “футбол” мекунанд”

Замира Каримова, яке аз сокинони норозӣ, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба ҷойи осоиш дар манзилҳои нав, баръакс, машаққати зиёд мекашанд: “Барои ҳуҷҷат ду сол пеш пул ҷамъ кардем, ҳанӯз бӯе аз омодашавияш нест. Бино пурра сохта нашудааст. Дастгоҳи обкашӣ зуд-зуд вайрон мешуд. Худамон ба 30 ҳазор сомонӣ дуруст кардем.”

Душвориҳои ба ин монандро Мавлуда Шарифова, сокини дигари биноҳои нотамом, чунин баршумурд: “Ҷойи лифтро бинед. Магар халқ убол нест? Ҳар вақте ба бино меоям, лифт истодааст, занг задагӣ, таги барфу борон мондагӣ. Бачаҳо бозӣ мекунанду қисмҳои эҳтиётиашро мегиранд. Аз тарафи биносозон тамоман беаҳамиятӣ аст”.

Аълохон Шарифов ҳам бо аъзои оилааш дар ҳамин бино зиндагӣ мекунад. Вай мегӯяд, барои додхоҳӣ ҳамроҳи ҳамсояҳо ба чанд идора рафтанд, вале фарёдрасе наёфтанд: “Аз ин мақомот ба он мақомот моро “футбол” мекунанд. Ба Идораи об равем, ба идораи барқ мефиристанд, ба Идораи барқ равем, мегӯянд, ба "Водоканал" равед."

"Президент меояд гуфта, биноро каме ба тартиб дароварданд"

Радиои Озодӣ як сол пеш низ дар бораи мушкилоти сокинони ин биноҳои нав гузориш дода буд. Мардум мегӯянд, аз он вақт то ҳоло дигаргунии зиёд нашудааст. Онҳо аз мушкили лифту об ва ифлосии атрофу набудани ҷойи нишаст норозиянд. Якуним сол пеш раисҷумҳури Тоҷикистон дар наздикии ин биноҳои истиқоматӣ кӯдакистонеро ба истифода дод.

Аълохон Шарифов мегӯяд, "бо сабаби он ки дар инҷо кӯдакистони нав пайдо шуд, ҷаноби олӣ меоянд гуфта, тез-тез биноро як навъ ба тартиб дароварданд. Вагарна вазъ аз ин ҳам бадтар буд. Мана, инҷоро мумфарш кардаанд, чун президент омад, он тарафи бино аслан мумфарш не. Даромадгоҳҳояш вайрон. Ҷойҳои ба чашм намоёнро камтар обод карданд”.

Биноро ширкати “Алӣ Мустафо” сохтааст. Кӯшишҳои мо барои ёфтани масъулони ширкат натиҷа надод, вале як корманди он дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "мушкилот бояд моҳҳои наздик бартараф гардад".

Бино ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ, ширкати "Алӣ Мустафо" соли 2014 дар ноҳияи Рӯдакӣ ташкил шуда, "истихроҷи канданиҳои фоиданок ва истеҳсолу фурӯши масолеҳи сохтмонӣ" аз самтҳои кораш аст. Мақомоти Кумитаи андоз дар соли 2024 ин ширкатро барои пинҳон кардани бахше аз даромадҳояш танқид карда буданд.

Сокинон мегӯянд, ваъдаи масъулони ширкат боварбахш нест. Наталя Козлова, сокини биноҳои нотамом, мегӯяд, “мо пештар дар рӯбарӯи ҳаминҷо, дар бинои дуошёна зиндагӣ мекардем. Зиндагиямон бароҳат буд. Он биноро вайрон карда, моро аз онҷо ба ин бино кӯчониданд. Инҷо дар шароити ноқулай ба бе шиносномаи техникӣ зиндагӣ дорем. Мо борҳо даҳонӣ муроҷиат кардаем, вале ягон натиҷа нест. Фақат ваъда медиҳанду тамом."

Дар лаҳзаи таҳияи гузориш баъзе аз сокинони бино ва масъулони ширкат хабар доданд, ки масъаларо Додситонии шаҳри Хуҷанд зери назорат гирифтааст.

Солҳои охир дар Хуҷанд бунёди баландошёнаҳо бештар шудааст ва аксаран ширкатҳои бинокори ғайридавлатӣ ба сохтмони онҳо машғуланд. Аз чанд бинои дигар низ дар бораи сатҳи поини хидматрасонӣ, ба мисли мушкили обу ташнобу барқ ва роҳи ноҳамвору ҷойи номуносиби партовҳо шикоятҳо мерасанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

"Президент меояд гуфта, биноро каме ба тартиб дароварданд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:35 0:00
XS
SM
MD
LG