Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Словакия дархости як паноҳҷӯйи тоҷикро рад кардааст

Амриддин Холмуродов
Амриддин Холмуродов

Дар Словакия дархости паноҳандагии як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба амнияти миллии он кишвар "хатарнок" тавсиф мешавад, рад кардаанд.

Дархости Амриддин Холмуродови 40-сола рӯзи 20-уми июл дар Додгоҳи маъмурии вилояти Кошитсе баррасӣ шуд. Бар асоси ҳуҷҷате, ки Радиои Озодӣ 31-уми июл дид, додгоҳ дархости Холмуродовро бо сабаби ёрии молӣ ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ напазируфтааст.

Амриддин Холмуродов қарори додгоҳро рад мекунад. Вай дар як тамос бо Радиои Озодӣ гуфт, "ҳеч гоҳ бо гурӯҳҳои мамнуъ робита надоштам ва ҳеч гоҳ ба онҳо пул нагузарондаам".

Ӯ ҳамзамон суол гузошт, ки "агар ман ба амнияти Словакия хатар дошта бошам, чаро тани танҳо аз як гӯшаи дури Словакия ба додгоҳ рафтам ва аз онҷо озодона баргаштам?"

Нашрияи "SME", чопи Словакия, нигоштааст, Амриддин Холмуродов аз бошгоҳи "Роҳовтсе" аввал бо мусофирбар ба Братислава ва аз онҷо бо қатор (поезд) ба Кошитсе рафт."

Вакили мудофеъ Ивета Райтакова мегӯяд, ҳоло талош доранд, Амриддин Холмуродовро ба кишваре фиристанд, ки ҳам ба амнияташ хатар надошта бошад ва ҳам ӯро ба Тоҷикистон насупорад. Мақомоти Словакия моҳи сентябри соли 2025 дархости Душанберо барои таслими Амриддин Холмуродов инкор ва ӯро аз боздошт раҳо карданд.

Амриддин Холмуродов то ҳамлаи Русия ба Украина дар Киев мезист ва моҳи феврали соли 2022 ҳангоми рафтан ба Словакия бо дархости Душанбе дастгир шуд. Баъд аз тақрибан ду сол, дар аввали соли 2024, раҳо гардид, аммо ҳангоми убур аз сарҳади Олмон дигарбора боздошт ва дертар раҳо гашт.

Вай дар гузашта дар шабакаи иҷтимоии “Однокласники” (Русия) бо имзои “Муҳаммадҷон Умаров” сиёсати ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард.

Пайвандонаш пештар гуфта буданд, ки ӯ дар Тоҷикистон ба “барангехтани кинаю адовати динӣ”, “ташкили иттиҳоди ҷиноӣ" ва “даъват ба ифротгароӣ” муттаҳам аст ва Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ хеле барвақт қарори ҳабсашро содир кардааст.

Зиёда аз даҳ сол боз гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо сабаби мухолифат бо ҳукумат ё таъқибу азияти афзун дар кишвар, дар Аврупо паноҳанда шудаанд. То кунун баъзе аз давлатҳои аврупоӣ, аз ҷумла Олмону Лаҳистону Австрия чанде аз онҳоро асосан бо сабаби риоя накардани қоидаи зист ихроҷ кардаанд, ки онҳо дертар дар Тоҷикистон боздошт ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум гаштаанд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) ва созмонҳои дигари байнулмилалӣ борҳо Олмон ва кишварҳои дигари аврупоиро барои рондани паноҳҷӯён ба Тоҷикистон танқид карда, гуфтаанд, аз фиристодани онҳо ба ҷое, ки “ба намояндагони мухолифон хатари шиканҷа ва солҳои дарози зиндон таҳдид мекунад”, худдорӣ варзанд.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG