Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Вена: Тоҷикистон истирдоди "чандин нафар"-ро хостааст

Шавкати Муҳаммад 48-сола аст
Шавкати Муҳаммад 48-сола аст

Додгоҳи парвандаҳои ҷиноии Вена тасдиқ кард, ки дархости Тоҷикистон дар бораи истирдоди Шавкати Муҳаммад (Шавкатҷон Шарипов), сухангӯйи Паймони миллӣ, як созмони мухолифи ҳукумат, рӯзи 5-уми август баррасӣ хоҳад шуд.

Кристина Салсборн, сухангӯйи додгоҳ, рӯзи 17-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз маркази Австрия гуфт, "пас аз шунидани мавқеи ин шахс, додрас хулоса хоҳад кард, ки оё дархости Тоҷикистон қонеъ шавад ё на."

"Ман тамоми парвандаро гуфта наметавонам, чун оммавӣ нест. Ин муҳокима бар асоси дархости Тоҷикистон дар мавриди истирдоди Шарипов барпо мешавад," – афзуд ӯ.

"Бояд баёнот диҳад"

Сухангӯйи Додгоҳи парвандаҳои ҷиноии Вена гуфт, бар асоси муқаррарот, касе, ки истирдоди ӯ дархост шудааст, бояд дар додгоҳ ҳозир шуда, мавқеашро бигӯяд: "Бояд баёнот диҳад. Ин ҷараёни одӣ аст. Шахс бояд дар додгоҳ бигӯяд, ки дар бораи иттиҳоми зидди худаш чӣ назар дорад ва ба саволҳои додрас ҷавоб диҳад. Аз ин пеш дархости Тоҷикистон барои истирдоди як шахс қонеъ нагардида буд."

Дар ҳоле ки Кристина Салсборн ҷузъиёт надод, қаблан як манбаи Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Додгоҳи парвандаҳои ҷиноӣ дар Вена рӯзи 29-уми июни имсол дархости Тоҷикистонро барои ба Душанбе супурдани С.С., зани 49-солаи тоҷик, рад кардааст.

Дар умум, ба иттилои манбаъҳои Радиои Озодӣ, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон моҳи апрели имсол хоҳони истирдоди 18 узви созмонҳои мухолифи ҳукумат аз Австрия ба Душанбе шудааст.

Кристина Салсборн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ чунин дархостҳоро тасдиқ кард: "Зоҳиран, дар Вена кадом як намоиши эътирозии сиёсӣ ё чизе монанд ба гирдиҳамоӣ барпо шудаву баъд аз он теъдоди дархостҳо афзудааст. Ҳоло вазифаи мо ин аст, ки нафари гумонбарро бишунавем, ки чӣ мегӯяд."

Ҳомии ҳуқуқ Лайло Нозгул Сейитбек охири моҳи июн дар матлабе дар нашрияи "Дипломат" дар бораи қазияи як шаҳрванди дигари Тоҷикистон – Фирдавс Шукуров навишт, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ӯро узви "созмони тундраву террористӣ" муаррифӣ кардааст. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, ягона "далел"-и Тоҷикистон ин аст, ки Шукуров 13-уми октябри соли 2021 дар як тазоҳурот дар Вена зидди раисҷумҳури Тоҷикистон шиор додааст. Эмомалӣ Раҳмон он рӯзҳо бо сафари корӣ дар Фаронса ва Белгия қарор дошт.

"Аз ӯ дар бораи парванда суол мекунанд"

Чаро Австрия бояд онҳоро ихроҷ кунад? Додрас ба қазия нигоҳ мекунад ва мебинад, ки ин парванда то куҷо дорои ангезаҳои сиёсӣ буда метавонад.

Кристина Салсборн мегӯяд, Австрия дар ҷараёни истирдод аз қонунҳо, санадҳои байнулмилалӣ ва қарордодҳои байниҳукуматӣ кор мегирад. "Вақте дархости расмӣ барои истирдоди як хориҷие тавассути додситонӣ ворид шуд, мо бояд худи он шахсро бипурсем. Ин шахс ҳабс ё боздошт нашудааст. Рӯзи мурофиа таъйин мешавад. Аз ӯ дар бораи парванда суол мекунанд. Ин одам метавонад бигӯяд, ки "бале, ман бо истирдод розӣ ҳастам". Вале дар ин қазия фикр накунам, ки чунин шавад," – афзуд сухангӯи додгоҳи Вена.

Радиои Озодӣ аз Салсборн пурсид, ки то куҷо миёни мақомоти Тоҷикистон ва Австрия ё Олмону кишварҳои дигари аврупоӣ метавонад мувофиқаҳои пасипардагӣ барои истирдоди мунтақидони ҳукумат ва сиёсатмадорону хабарнигорони оппозитсионӣ вуҷуд дошта бошад?

"Чаро мо бояд ин корро бикунем? – гуфт Сарлсборн. – Чаро Австрия бояд онҳоро ихроҷ кунад? Додрас ба қазия нигоҳ мекунад ва мебинад, ки то куҷо ин парванда дорои ангезаҳои сиёсӣ буда метавонад. Агар қазия дар бораи куштор бошад, гап дар бораи ҷиноят меравад. Вақте сухан дар бораи фаъолиятҳои сиёсӣ аст, Австрия мутобиқи қонунҳои худ ва созишҳои байнулмилалӣ амал мекунад."

Шавкати Муҳаммад 48 сол дорад ва дар гузашта раиси дафтари Ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд буд. Беш аз даҳ сол боз дар хориҷа қарор дорад ва дар навиштаву барномаҳои видеоияш дар шабакаҳои иҷтимоӣ сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистонро башиддат танқид мекунад.

Маълум нест то имрӯз чанд парвандаи марбут ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар Австрия баррасӣ ва чӣ қарорҳое қабул шудааст. То замони нашри ин гузориш, Радиои Озодӣ посухи Додситонии Австрияро дар ин бора дарёфт накард.

Дар гузашта як мавриди аз Австрия ба Тоҷикистон истирдод шудани намояндаи мухолифони ҳукумат ҷой дошааст. Ҳизбулло Шовализода, узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ки соли 2020 аз Австрия ба Тоҷикистон бозпас фиристода шуд, дар Душанбе ба 20 сол зиндон маҳкум гардид. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Human Rights Watch, ин қарори Додгоҳи Австрияро сахт танқид карданд.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG