Президенти Қирғизистон таъсиси як бонкро аз тарафи писари хурдиаш шарҳ дод. Ба гуфтаи Содир Ҷабборов, бонки "Баракат" ширкати хусусист ва барои ҳамин бадие надорад, агар писари ӯ ба тиҷорат машғул шавад. Ӯ афзуд, фарзандонаш мансабҳои давлатӣ надоранд ва ба сиёсат дахолат намекунанд. Аммо муассиси як бонк шудани писари Ҷабборов баҳсҳоеро дар Қирғизистон ба миён овард.
Таъсиси "Баракат Бонк", аввалин бонки рақамӣ дар Қирғизистон пешниҳоди тоҷири чинӣ Чанпэн Чжао буд. Чжао бунёдгузори бозори пули рақамӣ ё криптовалюта аст. Ҷабборов эътироф кард, ки ӯ мехост бонк давлатӣ шавад, аммо тоҷири чинӣ нахост. Ба гуфтаи президенти Қирғизистон, ҷалби писари ӯ ба кори бонк пешниҳоди Марат Султонов, раиси пешини порлумон буд. Султонов муассиси дувуми ин бонк аст.
Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон дар суҳбат ба хабаргузории давлатии "Кабар" гуфт, "Марат Султоновро ба унвони бонкдори собиқ даъват кардам, то дар ташкили кор ёрӣ кунад. Чанпэн Чжао ва Марат Абдураззоқович ҳамчунин Нурдоолотро ба гурӯҳи худ даъват кард. Чанд вақт дар ин бора фикр кардам ва иҷоза додам, ки бо онҳо кор карда, таҷриба гирад. Ин беҳтар нест, ки онҳо ба корҳои худашон машғул бошанд ва ба корҳои давлатӣ дахолат накунанд?"
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Ҷабборов ҳамчунин гуфтааст, ҳамчун президент нагузошт аъзои оилааш ба корҳои давлатӣ дахолат кунанд, вале ҳамеша онҳоро ташвиқ кардааст ба тиҷорат машғул шуда, сармоя ҷалб кунанд. Ҷабборов афзуд, наздикони ӯ барои манфиати кишвар корҳои бузурге анҷом додаанд.
Муассисаи бонк шудани Нурдоолот Нургожаев мавзӯи кори "Азия Универсал Бонк"-ро дубора сари забонҳо кард. Муассиси ин бонк Максим, писари хурдии президенти фирории Қирғизистон Қурбонбек Боқиев буд. Баъди инқилоби соли 2010 Максимро бо гуноҳи қаллобӣ ва пулшӯӣ ғоибона ба ҳабси абад маҳкум карданд.
Мар Жигит, як корбари "Фейсбук" аз Қирғизистон навиштааст, "Қурбонбек Боқиев ҳам дар вақташ писараш Максимро таъриф мекард, ки бисёр доно аст ва ояндаи хуб дорад".
Сиргак Барсхан ҳам дар "Фейсбук" навиштааст, "ҳамин ки волидайн ба қуллаҳои баланд мерасанд, фарзандон фавран доно ва муваффақ мешаванд".
Улан Содиқов аз Қирғизистон аз он шубҳа кардааст, ки "ягон иқтисодчӣ ҷавонеро, ки таҷрибаи кофӣ надорад, ба вазифаи бонкдор таъйин намекунад. Агар ин кор бидуни фармони шахси аввали кишвар анҷом нашавад. Магар ин дахолат нест?"
Нурдоолот Нургожаев, писари хурдии президент аст. Калонӣ Рустам хеле вақт шуд, ки лоиҳаҳои тиҷоратии алоқаманд ба давлатро пеш мебарад. Худи Ҷабборов гуфтааст, бо дастури ӯ Рустам ба ҷалби сармоя машғул аст ва сохтани маркази тафреҳӣ дар Иссиқкулро назорат мекунад.
Қаблан хабарнигорони "Политклиника" ошкор карда буданд, ки Рустам бо тоҷир Алексей Конеев робита дорад. Ин тоҷир ба дуздии амвол дар соҳили Иссиқкул муттаҳам аст. Нургожаеви хурдӣ падарашро дар сафарҳои хориҷӣ ҳамроҳӣ мекунад ва ҳамчунин варзишгарони шинохтаро ба Қирғизистон меорад.
Баъзе корбарони "Фейсбук", аз ҷумла Рамис Сталев навиштанд, бигзор фарзандони президент Содир Ҷабборов ба тиҷорат машғул шаванд. "Муҳим ин аст, ки онҳо андозро супоранд. Ба соҳибкорӣ машғул шуданро ҳеч кас манъ накардааст".
Содир Ҷабборов, ки соли 2020 дар пайи эътирозҳои оммавӣ сари қудрат омад, чор фарзанд – як духтар ва се писар дошт. Писари калонӣ Достон соли 2019 дар садама ҳалок шуд. Ҷабборов ҳамчунин ҷиянаш Ринатро тарбия мекунад, ки хонаводаи ӯ ҳам дар садама ҷон бохтанд. Расонаҳо Ринатро фарзанди панҷуми Ҷабборов меноманд.