Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Суръати баланд сабаби садама шуд". Ҷузъиёти тасодуфи маргбор дар Фархор

Акс аз навори корбарон гирифта шудааст
Акс аз навори корбарон гирифта шудааст

Радиои Озодӣ тафсилоти садамаи маргбор дар ноҳияи Фархорро ба даст овард. Дар ин садама, ки рӯзи 4-уми июл дар роҳи Фархор-Душанбе рух дод, ҳафт нафар ҷон бохта, як кас захмӣ шудааст.

Намояндагони ҳукумати ноҳияи Фархор рӯзи 6-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, қурбониёни садама аз 18 то 45-сола буданд. Фавтидагонро рӯзи 5-уми июл ба хок супориданд.

"Ҳодиса дар рӯ ба рӯи деҳаи Бобосафол рух дод. Роҳ дар ин минтақа нав мумфарш шудааст ва ронандагон бо суръати баланд мошин меронанд ва ба чунин садама дучор мешаванд," - афзуд манбаъ

Мақомоти корҳои дохилӣ, ки масъули таҳқиқи ҳодиса ҳастанд, то ҳол расман шарҳ надоданд, ки садама чӣ гуна ва бо айби кӣ рӯх додааст.

Як манбаъ дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархор гуфт, мунтазири натиҷаи ташхиси фаннӣ ё техникӣ ҳастанд, аммо "тибқи натиҷаҳои пешакӣ, сабаби садама бо суръати баланд рондани мошин аст".

Радиои Озодӣ рӯйхати қурбониёни ҳодисаро ба даст овард, ки дида мешавад, чор нафар аз фавтидагон зан ҳастанд:

  • Дилрабо Абдураҳмонова 45-сола
  • Товус Абдулазизова 45-сола
  • Сайлигул Шовалиева 41-сола
  • Оятулло Турсунов 34-сола
  • Муҳаммадҷон Идрисзода 19-сола
  • Ҷанатулло Фармонов 19-сола
  • Мавлуда Қосимова 18-сола

Яке аз наздикони Оятулло Турсунов, ки худ ва чор мусофираш ба ҳалокат расидаанд, 6-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ даҳ сол боз дар масири Душанбе-Фархор таксӣ меронд.

Дар як ҳафтаи охир ин дувумин садамаи маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон аст. Рӯзи 2-юми июл дар тасодуфи роҳ дар шаҳри Ваҳдат 11 кас ҷон бохт.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, дар ин ҳодиса дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ Фирдавс Абдуллоев, ронандаи мошини борбари “Дулан”, бо сабаби кор накардани тормоз ё фишанги исти мошинаш аввал ба як “Опел Зефира” ва сипас ба “Тойота Прадо” бархӯрд.

Ба иттилои расмӣ, соли 2025 дар Тоҷикистон тақрибан ҳазору чорсад тасодуфи роҳ ё садамаи нақлиётӣ сабт шуда, дар пайи он 643 нафар ҷон бохта ва беш аз якуним ҳазор кас маҷруҳ шудаанд.

Суръати баланд ва беэътиноӣ ба қоидаву қонуни ҳаракатро сабаби тасодуфи нақлиётӣ ва маргумири зиёд дар роҳҳои Тоҷикистон медонанд.

Мошинҳои куҳна, роҳҳои ноҳамвор ва беэътиноӣ ба дониши ронандагон ҳангоми имтиҳонгирӣ аз сабабҳои дигари ин мусибатҳо номбар мешаванд.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG