Женева. 5-уми ноябри 2026. Баррасии пешрафт ва камбудҳои Тоҷикистон дар бахши ҳуқуқи инсон дар Созмони Милал. Ҳайати расмии Тоҷикистон ба раҳбарии вазири адлия, Музаффар Ашӯриён, аз иҷрои тавсияҳои байнулмилалӣ дар чор-панҷ соли гузашта гузориш дод.
“Як иқдоми муҳим қабули Стратегияи миллӣ дар бахши ҳуқуқи инсон то соли 2038 аст. Ин барнома машварати сохторҳои СММ ва мушкилоти дохилии кишварро фаро мегирад. Мо вазъи ҳуқуқи инсонро пайгирона мушоҳида мекунем ва ба тадриҷ аз пайи амалӣ кардани ин машваратҳо мешавем,” – гуфт Ашӯриён.
Онҳоеро, ки худсарона боздошт шудаанд, билофосила озод ва саркӯбҳои фаромиллии тоҷикистониёнро дар хориҷа бас кунанд.Лийке Бренд
Ӯ омода шудани тарҳи нави Кодекси ҷиноии Тоҷикистон; то 15 сол сангинтар шудани ҷазо барои шиканҷа; ҷорӣ кардани ҷазо барои хушунати хонаводагӣ; татбиқи афв нисбат ба беш аз 18 ҳазор нафар; бекор шудани ҷазо барои “лайк” дар шабакаҳои иҷтимоиро намунаҳои иҷрои машваратҳои пешина номид.
“Бар асоси қонун, ҳар нафар дар кишвар ҳақ дорад, ки назарашро озод баён кунад... Дар кишвар корҳо дар самти такмили қонун дар мавриди кори расонаҳо идома дорад,” – афзуд вазири адлияи Тоҷикистон.
Музаффар Ашӯриён аз фаъолияти беш аз дусад нашрияву телевизион ва хабаргузориҳои давлатию мустақил чун намунаи кори озоди журналистон мисол овард. Вале ӯ нагуфт, ки ҳамин ҳоло дар зиндонҳои Тоҷикистон на кам аз 7 хабарнигору блогери мустақил нигаҳдорӣ мешаванд ва расонаҳои воқеан озод тақрибан аз байн рафтаанд. Чанд намояндаи давлатҳои аврупоиву ғарбӣ ин ва дигар ҳолатҳоро мояи нигаронии амиқ аз бадтар шудани вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон донистанд.
Лийке Бренд, намояндаи Норвегия, гуфт: "Машварати Норвегия дар навбати аввал ин аст, ки таъқибҳои дорои ангезаҳои сиёсии вакилони дифоъ, журналистон, ҳомиёни ҳуқуқ, мухолифони сиёсиро хотима диҳанд. Онҳоеро, ки худсарона боздошт шудаанд, билофосила озод ва саркӯбҳои фаромиллии тоҷикистониёнро дар хориҷа бас кунанд. Ба бастани созмонҳои иҷтимоӣ бо ангезаҳои сиёсӣ хотима дода, ниҳодҳои ҷамъиятии басташударо аз нав ба қайд гиранд, то фаъолияти худро ба роҳ монанд”.
Ба бовари ин узви кумита, аз нигарониҳо дар бахши амнияти миллӣ ва экстремизм набояд барои саркӯби эътирозҳои сулҳомез суистифода шавад ва Тоҷикистон бояд барои решакан шудани шиканҷа ва ҷазо додани омилони азияту озор ва бадрафторӣ кори ҷиддӣ кунад. Намояндаи Белгия Ҷино Брунсвик машварат дод, ки Тоҷикистон ҳама ташаббусҳоро дар мавриди берун шудан аз Оинномаи Руми Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ бозбинӣ кунад.
Яке аз машваратҳои дигар ба издивоҷи барвақтии духтарон рабт дошт ва ба бовари, масалан, намояндаи Бритониё, ҳама гуна истисноҳо дар иҷозаи арӯсии кӯдакон бояд бекор карда шавад. Дар Тоҷикистон ташкили оила аз 18-солагӣ иҷоза аст ва дар ҳолатҳои истисноӣ додгоҳ метавонад ба духтар арӯсиро як сол пеш аз ин син иҷоза диҳад. Аммо ахиран чунин истисноҳо ба маротиб афзудаанд.
Дар миёни дигар машваратҳо эҷоди шароити пурра барои афроди камтавон (маълул) ва солманд, таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва мусоидат ба бахши хусусӣ, ба вижа занони соҳибкор садо дод. Иҷрои онҳо дар солҳои оянда санҷида хоҳад шуд.
Гуфтугӯ