Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Афв таъқибҳои сиёсиро аз байн набурд." Гузориши IPHR дар бораи Тоҷикистон

Тасвир аз бойгонӣ
Тасвир аз бойгонӣ

Афву озодии баъзе аз рӯзноманигорони зиндонӣ мушкили таъқибҳои сиёсӣ ва маҳдудияти озодии баёнро дар Тоҷикистон аз байн набурдааст. Расонаҳои мустақил ва созмонҳои иҷтимоӣ ҳамоно зери фишор ҳастанд ва сабабгорони поймоли ҳуқуқи одамон амалан беҷазо мемонанд. Ин нуктаҳо дар гузориши созмони IPHR ё Ҳамкории Байнулмилалии Ҳуқуқи Башар барои тарҳи CIVICUS Monitor зикр шудаанд. Гузоришро 21-уми октябр нашр карданд. Дар он вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2025 то моҳи октябри соли 2026 таҳлил шудааст.

Муаллифон мегӯянд, дар ин давра мақомот дар Тоҷикистон маҳдудиятҳоро барои озодии баён, озодии иттиҳодияҳо ва баргузории ҷамъомадҳои осоишта бештар кардаанд. Рӯзноманигорон, ҳомиёни ҳуқуқ ва мунтақидони ҳукумат бо фишорҳои маъмурӣ ва ҳуқуқӣ, тарсондан ва таъқиби ҷиноӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.

Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон дар соли 2026 Тоҷикистонро ба сафи даҳ кишваре ворид кардааст, ки теъдоди зиёди рӯзноманигорон дар зиндон ҳастанд. Тоҷикистон дар радабандии озодии матбуоти созмони Гузоришгарони Бидуни Марз низ дар ҷойгоҳи 155-ум қарор гирифта, нисбат ба як сол пеш ду зина поин рафтааст.

Дар Тоҷикистон нашрияҳои мустақили чопӣ фавқулода кам шудаанд
Дар Тоҷикистон нашрияҳои мустақили чопӣ фавқулода кам шудаанд

Нашрияҳои мустақил дар Тоҷикистон барои сабтином ва тамдиди иҷозаномаи фаъолияти худ бо мушкил дучор мешаванд. Ба гуфтаи IPHR ё Ҳамкории Байнулмилалии Ҳуқуқи Башар, ҳоло дар кишвар камтар аз даҳ рӯзномаи мустақил мондааст. Моҳи январи соли 2026 муовини вазири фарҳанг, Давлат Сафар, дар нишасти матбуотӣ гуфт, "рӯзномаҳое, ки аз доираи меъёрҳои журналистӣ, аз доираи манъшудаи озодии баён берун бароянд, ҳатман ҷавоб мегӯянд. Демократия ва озодии баён ҳам ҳад дорад."

Тоҷикистон дар моҳи майи соли 2025 ҷавобгарии ҷиноиро барои гузоштани “лайк” ё рамзи писандидани навиштаву наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бекор кард. Бо вуҷуди ин, ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, таъқиби маъмурӣ барои гузоштани “лайк” ва бознашри мавод идома ёфтааст. Аз ҷумла, Додгоҳи ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон моҳи сентябри соли 2025 Фарҳод Бекови 47-соларо барои гузоштани нишони “лайк” зери матлабе дар саҳифаи “Pamir Inside” дар Фейсбук 5250 сомонӣ ҷарима бастааст.

IPHR ё Ҳамкории Байнулмилалии Ҳуқуқи Башар дар гузориши худ ба сарнавишти рӯзноманигор ва муҳаррири зиндонии нашрияи “Пайк” Аҳмади Иброҳим низ таваҷҷуҳ кардааст. Ӯ соли 2025 бо иттиҳоми “пешниҳоди ришва”, “тамаъҷӯӣ” ва “ифротгароӣ” даҳ солу чор моҳ аз озодӣ маҳрум шуд. Худаш ҳеч яке аз ин иттиҳомҳоро напазируфт. “Пайк” ягона расонаи мустақил дар минтақаи Хатлон буд ва ҳарчанд ба мақомот наздик шумурда мешуд, пайваста аз кори мансабдорони маҳаллӣ танқид мекард.

"Афв ҷойи адолатро намегирад"

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Завқибек Саидаминӣ
Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Завқибек Саидаминӣ

Рӯзноманигорон Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Муҳаммади Султон (Мамадсултон Мавлоназаров) моҳи июли имсол бар асоси қонуни афв аз зиндон озод шуданд. Саидаминӣ ва Пирмуҳаммадзода соли 2022 бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ аз озодӣ маҳрум гаштанд. Муҳаммади Султон ба таҳқири намояндаи ҳукумат гунаҳкор дониста шуд. Ҳарсе иттиҳомҳоро инкор кардаанд.

Созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ ин парвандаҳоро дорои ангезаҳои сиёсӣ донистанд. IPHR ё Ҳамкории Байнулмилалии Ҳуқуқи Башар навиштааст, афв ҷойгузини адолат шуда наметавонад. “Ҳукмҳои озодшудагон ҳамоно эътибор доранд ва ин масъала ба барқарор кардани обрӯи онҳо ва бозгашт ба фаъолияти касбӣ монеъ мешавад,” – навиштаанд муаллифони гузориш.

Ба гуфтаи пайвандон, хабарнигор Абдулло Ғурбатӣ, ки муҳлати зиндони ӯ низ бар асоси қонуни афв кам шудааст, бояд тирамоҳи соли 2026 озод шавад. Интизор меравад блогери шинохта Далери Имомалӣ соли 2027 ба озодӣ барояд.

Фишорҳо танҳо рӯзноманигоронро дар бар намегиранд. Тибқи гузориш, соли 2025 дар Тоҷикистон бештар аз 80 созмони иҷтимоӣ корашонро бас карда, дастикам ҳафт созмон бо қарори додгоҳ барҳам дода шуданд.

Таҳқиқе, ки соли 2025 дар байни беш аз панҷоҳ созмон гузаронида шуд, нишон додааст, ки тақрибан 65 дарсади онҳо ҳадди ақал як бор мавриди санҷиш қарор гирифтаанд. 42 дарсад аз санҷиши мақомоти андоз (молиёт) хабар дода, 21 созмон аз санҷишҳои такрорӣ шикоят кардаанд.

Тағйироти қонунгузорӣ низ нигарониҳоро бештар кардааст. Ислоҳот ба қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” моҳи сентябри соли 2026 дар порлумон баррасӣ шуд, аммо матни он нашр нагардид. Ҳамзамон, тарҳи нави қонун дар бораи созмонҳои ғайритиҷоратӣ омода мешавад, ки метавонад фонд ё бунёдҳои ҷамъиятиро маҷбур созад, худро барҳам дода, дубора аз нав сабтином кунанд.

Ба арзёбии IPHR, "чунин чораҳо хатари радди интихобии дархостҳо ва бастани созмонҳои амалкунанда, бахусус созмонҳои фаъоли соҳаи ҳуқуқи инсонро ба миён меорад."

Таъқиб дар берун аз Тоҷикистон

Дар гузориш ҳамчунин аз хатари таъқибҳои фаромиллӣ ё пайгирии мунтақидони ҳукумат берун аз кишвар ёд шудааст. Додситонҳои кулли Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон рӯзи 30-юми сентябри соли 2026 созишномаи таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм ва ифротгароиро имзо карданд. Ин созишнома мубодилаи маълумотро дар бораи афрод ва созмонҳое, ки ифротӣ ё террористӣ дониста мешаванд, пешбинӣ мекунад.

Асадулло Бобоев
Асадулло Бобоев

IPHR ҳушдор додааст, ки дар сурати набудани кафолатҳои зарурӣ чунин ҳамкорӣ метавонад барои таъқиби мунтақидони ҳукумат дар хориҷ истифода шавад. Созмон ҳамчун намуна аз парвандаи фаъоли мухолифи тоҷик Асадулло Бобоев ном бурдааст, ки баъд аз ихроҷи иҷборӣ аз Олмон дар моҳи июни соли 2026 дар Тоҷикистон ба 17 сол зиндон маҳкум шуд.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, ӯ баъди расидан ба Душанбе аз ҷониби маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт шуда, беш аз ду моҳ ба вакили мудофеи мустақил ва мулоқот бо пйавандон дастрасӣ надошт. Муаллифони гузориш ёдрас кардаанд, ки ҳуқуқи байнулмилалӣ фиристодани шахсро ба кишваре, ки дар он ҷо хавфи шиканҷа, бадрафторӣ ё дигар нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон вуҷуд дорад, манъ мекунад.

"Таҳқиқи мустақилона анҷом нашудааст"

Дар Тоҷикистон барои баргузории ҷамъомадҳои осоишта маҳдудиятҳои сахт вуҷуд дорад. Созмондиҳандагони чорабиниҳо бояд 15 рӯз пештар мақомотро аз тасмими худ огоҳ кунанд, вагарна барои ташкилу иштирок дар эътироз ва гирдиҳамоиҳои бидуни иҷоза боздошту ҷарима ва ҷазоҳои дигар пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин то ҳол тафтиши мустақил ва ҳамаҷонибаи нақзи ҳуқуқи инсон ҳангоми саркӯби эътирозҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар солҳои 2021 ва 2022 анҷом нашудааст. Бар асоси гузоришҳо, аз ҷумла таҳқиқи Радиои Озодӣ, дар он рӯйдодҳо беш аз сӣ сокини осоишта кушта шудаанд. Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид дар хулосаҳои соли 2026 аз набудани тафтишот ва пайгарди шахсони масъул, шумораи ками парвандаҳои баррасишуда ва ҳаҷми ночизи ҷуброни зарар ба ҷабрдидагон изҳори нигаронӣ кардааст.

IPHR аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, афродеро, ки худсарона дастгир ва аз озодӣ маҳрум карда шудаанд, раҳо кунанд; ҳукмҳои дорои ангезаҳои сиёсиро бекор намоянд; тафтиши мустақили поймоли ҳуқуқи инсонро таъмин созанд ва аз расонаҳои мустақилу созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳимоят кунанд. Ин созмони ҳомии ҳуқуқи башар таъкид мекунад, ки озодии чанде аз маҳбусон бар асоси қонуни афв мушкилоти доимиро дар соҳаи ҳуқуқи инсон ҳал намекунад.

Танқид аз маҳдудияти озодии баён дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:29 0:00
Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

​
XS
SM
MD
LG