Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Муҳокима шаванд." Пешниҳоди ҳомиёни ҳуқуқ дар мавриди мақомоти Тоҷикистон


Бинои ҳукумати Тоҷикистон. Акс аз "Азия-Плюс"
Бинои ҳукумати Тоҷикистон. Акс аз "Азия-Плюс"

Як гурӯҳ аз муҳаққиқони ҳуқуқи башар гуфтаанд, ки мақомоти баландпояи Тоҷикистон барои роҳ додан ба "ҷиноят алайҳи башарият" ҳангоми саркӯби эътирозгарон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (2021-2022) ба муҳокима кашида шаванд.

Матлаби таҳлилии ҳуқуқшинос Стив Свердлов, профессори донишгоҳи Калифорнияи Ҷанубӣ; хатмкардаи донишгоҳи Ҳарвард Андре Феррейра ва муаллифони дигар дар маҷаллаи "Пажӯҳишҳо дар робита бо Осиёи Марказӣ ва Қафқоз" нашр шуд. Ин маҷалла ба Анҷумани итолиёии мутолеоти Осиёи Марказӣ ва Қафқоз марбут аст.

Мақомот дар Тоҷикистон ҳанӯз ба ин матлаб вокуниш накардаанд.

Муаллифони матлаби 23-саҳифаӣ бо арзёбии муфассали ҳаводиси Тоҷикистон дар се-чор соли пеш мегӯянд, Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ ва додгоҳҳои Олмон метавонанд ба муҳокимаи нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бипардозанд. Ба бовари муаллифони матлаб, бо сабаби гирифтории зиёди Додгоҳи байнулмилалии ҷиноятҳо дар Ҳейг (Гаага), додгоҳҳои Олмон, ки ба муқаррароти додгоҳҳои ҷаҳонӣ пайвастаанд, метавонанд ин масъулиятро иҷро кунанд.

Ба ҳисоби мақомоти Олмон, то соли 2020 дар ин кишвар қариб 30 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд ва дар миёни онҳо фирориёни сиёсӣ зиёданд, ки аз ҷумла дар пайи саркӯбҳо дар ВМКБ дар ин ҷо панаҳ бурдаанд. Илова ба ин, дар кишварҳои атрофи ин давлати аврупоӣ ба мисли Австрия, Лаҳистон (Полша) ва Литва ҳам тоҷикистониҳои зиёде паноҳанда ҳастанд, ки ба қавли ҳуқуқшиносони ғарбӣ “метавонанд дар муҳокимаи мақомоти Тоҷикистон иштирок кунанд”.

ВМКБ дар моҳи майи соли 2022 саҳнаи тазоҳурот ва саркӯби мардуми норозӣ буд. Ходимони ҳифзи ҳуқуқ мардумеро, ки таҳқиқи одилонаи куштори Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа ва ду нафари дигарро дар ҷараёни эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 дар Хоруғ талаб намуданд, саркӯб карданд. Даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуда, даҳҳо фаъоли маданӣ, аз ҷумла хабарнигорон аз Бадахшон дастгир ва бо иттиҳоми терроризм ба зиндон маҳкум шуданд.

Пас аз як моҳи ҳодиса, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рафтори мақомот дар минтақа ҳимоят кард ва гуфт, амри “безарар кардани шахсони яроқдор”-ро дод, чун, ба гуфтааш, “илоҷи дигаре набуд".

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла Дидбони Ҳуқуқи Башар (HRW) мегӯянд, мақомот дар Тоҷикистон даъватҳои байнулмилалиро барои таҳқиқи ҳамаҷониба ва мунсифонаи ҳодисаҳо дар Бадахшон нодида гирифтаанд.

“Бо вуҷуди таъкиди гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқ, идораҳои Созмони Милал, Департаменти давлатии Амрико ва чанд қатъномаи Порлумони Аврупо ба нишондодҳои ваҳшатноки ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар солҳои охир, ҳукумат ҳамоно нақзи ҳуқуқро нодида гирифта, талабҳоро дар мавриди наздикони кушташудаҳо, нопадидшудаҳо ва шиканҷашудаҳо бепосух гузоштааст”, -- омадааст дар матлаби ҳуқуқшиносони ғарбӣ.

Ин ҳуқуқшиносон мегӯянд, муҳокимаи ҳодисаҳои ВМКБ дар салоҳиятҳои Додгоҳи байнулмилалии ҷиноятҳо мебошад, вале маҳдудиятҳое ба мисли зиёд будани мурофиаҳо ва мушкили дастрасӣ ба минтақа барои ҷалби шоҳидону санҷидани далелҳои тафтишотӣ, анҷоми ин корро аз ҷониби ин додгоҳ душвор мегардонад. Вале ин кор, ба бовари муаллифон, аз дасти додгоҳҳои Олмон меояд, чун ин кишвар дар моҳи июни соли 2025 дар пайи ислоҳоте Қонуни рушди кодекси додгоҳи байнулмилалиро пазируфт ва аз ин роҳ татбиқи муқаррароти додгоҳҳои умумӣ ё ҷаҳониро дар Олмон тақвият дод.

Ҳамакнун додгоҳҳои маҳаллии Олмон ҳақ доранд, парвандаҳои вобаста аз наслкушӣ, ҷиноят алайҳи башарият ва ҷиноятҳои ҷангиро, ки дар қаламрави кишварҳои дигар содир шудаанд, муҳокима ва баррасӣ кунанд. Дар ин сурат, ба бовари муаллифони матлаб, имкони дар муҳокимаҳо ҳозир шудани шоҳидон, ҳуқуқшиносон ва ҳомиёни ҳуқуқ ва ҳам намояндагони ҳукумати Тоҷикистон тавассути муколамаҳои дипломатӣ бештар фароҳам хоҳад шуд.

Муҳокимаи парвандаҳои Анвар Раслан, як сарҳанги режими Башор Асад ва муттаҳам дар 4 ҳазор мавриди шиканҷа ё Тоҳо ал-Ҷумайлӣ, як узви ироқии ДОИШ ва муттаҳам дар наслкушӣ ва инчунин куштори ваҳшатбори як модару духтари язидӣ аз намунаҳои чунин парвандаҳо мебошанд, мегӯянд ҳомиёни ҳуқуқ. “Дар бисёр мавридҳои муҳим қазияи помириҳо дар Тоҷикистон ба язидиҳо шабеҳ аст”, -- навиштаанд ҳуқуқшиносон.

Феълан маълум нест то куҷо мақомот дар Олмон ба ин даъвати ҳомиёни ҳуқуқ гӯш хоҳанд дод, чун дар ин охирҳо Берлинро барои ҳамкории наздик бо ҳукумати Тоҷикистон ва бахусус, иҷрои дархостҳояш дар заминаи истирдоди паноҳҷӯён ва мунтақидони ҳукумат танқид мекунанд.

Моҳи октябр ба як дархости Радиои Озодӣ дар бораи марги мармузи шаҳрванди Тоҷикистон Саидаъзам Раҳмонов дар боздоштгоҳе дар Душанбе, ки чанде пеш аз Олмон баргашта буд, як манбае дар сохтори дипломатии Олмон бе овардани ҷузъиёт навишт: “Вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон нигаронкунанда мемонад. Шарикони аврупоӣ ва байнулмилалӣ барои даст ёфтан ба пешрафти мушаххас дар ин замина аз наздик ҳамкорӣ мекунанд ва бо мақомот дар Тоҷикистон дар тамос ҳастанд”.

Номаи мақомоти олмонӣ ҷузъиёте аз ин беш надошт.

Мақомоти ҷудогона дар Душанбе дар гузашта борҳо таъкид кардаанд, ки ВМКБ як қаламрави ҷудоинопазири Тоҷикистон буда, сокинони ин минтақаи мухтор, ки аксар исмоилимазҳаб мебошанду ба забонҳои помирӣ суҳбат мекунанд, шаҳрвандони ин кишвар мебошанд. Мақомот вуҷуди табъиз бар пояи вижагиҳои забонию диниро нисбат ба сокинони ин минтақа комилан беасос меноманд.

Ҳуқуқшиносони ғарбие, ки хоҳони барпо кардани мурофиаи додгоҳӣ ҳастанд, мегӯянд, “расидагӣ ба буҳрони ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон аз роҳи додгоҳҳои умумӣ на танҳо барои ба ҷавобгарӣ кашидан, балки инчунин барои таъмини ӯҳдадориҳои ҷаҳонӣ ба адолат” зарур мебошад.

XS
SM
MD
LG