Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Табларзаи тило" дар шимоли Афғонистон ба хушунат печид   


Кашокаши маргбор дар кони тилои воқеъ дар шимоли Афғонистон бори дигар фаъолияти аксаран танзимношудаи ин соҳа ва ҳам пуштибонии Чин аз ин корҳоро барҷаста намуд.

Вазорати корҳои дохилии ҳукумати Толибон рӯзи 7-уми январ тасдиқ кард, ки дар натиҷаи даргириҳо миёни мақомоти ширкати расмии заршӯйӣ ва сокинони деҳкадаи Чоҳоби вилояти Тахор дар давоми як ҳафта то ҳол чор нафар куштаву панҷ кас захмӣ шудаанд.

Абдулматин Қонеъ, сухангӯи ВКД Толибон ба хабарнигорон гуфт, се кушташуда сокинони маҳаллӣ ва нафари чорум коргари ширкат буд. Дар паи ин ҳодиса, ба гуфтаи ӯ, як муҳофизи ширкат ва як сокини Чоҳоб бо гумони даст доштан дар куштор боздошт ва то поёни тафтиш кори ширкати маъдан боздошта шудааст.

Қонеъ нагуфт, ки ин чӣ ширкат аст ва ҳеҷ номе аз қурбониёни ҳодиса набурд, вале моҷаро дар маҳалле рух додааст, ки он ҷо ширкатҳои муштараки Афғонистону Чин амал мекунанд.

Эътирози пурхушунат

Сокинон мегӯянд, кашокаш баъди он сар шуд, ки ширкат ба кандани заминҳои кишоварзӣ ва мулкӣ даст зад ва боиси хушунат дар як нуқтаи соҳаи пӯшидаву ноошкори истеҳсоли тило дар Афғонистони зери назари Толибон якбора боло гирифт.

Толибон августи соли 2021 дар Афғонистон дубора қудратро ба даст оварданд ва аз он замон марҳилаи нави ношаффофи иқтисодӣ оғоз ёфт, ки дастрасии асосан Чинро ба захираҳои маъдану дигар сарватҳои Афғонистон осонтар намуд.

Моҳи ноябри соли 2025 дар натиҷаи ду ҳодисаи ҷудогона дар қисмати тоҷикистонии кони тило дар марз бо Афғонистон дар паи ҳамлаи афроди мусаллаҳе панҷ коргари чинӣ кушта шуд. То ҳол маълум нест, ки дар пушти ин ҳамла чӣ кас ё гурӯҳе қарор доштааст, вале онгуна, ки хабарнигорони Радиои Озодӣ дарёфтанд, ба эҳтимоли зиёд мушкилоти муҳитзистие, ки ин конҳои фаъол бо ширкати сармояи Чин эҷод мекунанд, як манбаи ҷиддии ихтилофи сокинони маҳалливу ширкатҳо шудааст.

Абдулқодир Муттафӣ, як санъатшиноси собиқадор аз Афғонистон мегӯяд, “мутаассифона, дар Афғонистон ҳеҷ назорате вуҷуд надорад ва кандани маъдан асосан дар минтақаҳое ба роҳ монда шудааст, ки дастрасӣ ба онҳо осонтар аст”.

Мушкилоти иловагии муҳитзистӣ

Дар вилоятҳои шимолии Бадахшон ва Тахори Афғонистон дар панҷ соли ахир фаъолиятҳои вобаста ба истеҳсоли тило, ки таҳти назари пешвоҳои қабилаҳои вобаста ба Толибон сурат мегиранд, хеле вусъат пайдо кардааст. Шикояти сокинони маҳаллӣ асосан ин аст, ки худи онҳоро аз кору даромад дар ин минтақаҳо бенасиб мегардонанду фоида ба дасти бегонагон меравад.

Дар ноҳияи Шаҳри Бузурги вилояти Бадахшони Афғонистон, ки дар 50-километрии шаҳри Файзобод ҷойгир аст, баъди сари қудрат омадани Толибон истеҳсоли тило авҷ гирифт.

Агар дар гузашта сокинони маҳаллӣ дар ин ҷо бо истифода аз васоили худсохту ғайрикасбӣ бо кофтукоби тило машғул мешуданд, баъди омадани корхонаҳои чинӣ мошинҳои сангини махсус ҷои коргарони маҳаллиро гирифтанд. Сокиноне, ки бо радиои “Афғонистони Озод” сӯҳбат карданд, мегӯянд, ҳоло кони тило бо панҷара иҳота шудаву қаламрави конро муҳофизони мусаллаҳ назорат мекунанд. Айни замон, бумиён аз дастрасӣ ба замину обе, ки доштанду тамоми рӯзгорашон аз он сахт вобаста буд, бенасиб мондаанд.

“Сокинони маҳаллӣ ҳатто як километр наздик рафта наметавонанд”, нақл кард як конкани афғонистонӣ ба Радиои Озодӣ. Ӯ гуфт, бо сабаби тарсу таҳдид намехоҳад ному вазифааш ошкор шавад.

Дар Шаҳри Бузург заминҳои давлатӣ дар ихтиёри ширкатҳои заршӯйии чинӣ гузошта шуда, қитъаҳои хусусӣ ба ширкату шахсиятҳои вобаста ба Толибон дода шудаанд.

Танҳо дар ҳамин ноҳия ва атрофи он беш аз 500 гурӯҳ кор мекунад ва дар миёни онҳо коргарони кирояи зиёданд, ки аз вилоятҳое мисли Қандаҳору Ҳилманд омадаанд. Ин вазъият фишорро ба муҳити зисти маҳал бештар кардааст.

Яке аз барҷастатарин ҳолати таъсири манфии истихроҷи тило ба муҳити зист дар ҳолати оби ин водӣ дида мешавад. Масалан, ба гуфтаи кишоварзони маҳаллӣ, пистарозорҳои маъруфи водӣ нобуд шуда, оби Амударё, ки ҳамчунин аз ҳудудҳои Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон мегузарад, чандин бор самташро иваз кардааст.

Як ришсафеди ин маҳал, ки аз тарси интиқоми Толибон хост номаш фош нашавад, нақл кард, ки ширкатҳои чинӣ барои таъмини амнияти худ нирӯҳои муҳофизатиро аз шаҳри Кобул овардаанд ва дасти онҳо боз асту манфиати сокинони маҳаллӣ нодида гирифта мешавад.

Барои намуна, бо ин ки корхонаҳои азиме фаъолият мекунанд, дар ин ҷо ҳамоно беморхонаву мактаб ё пулу роҳҳои мумфарш намерасанд ва зоҳиран, даромаду манфиати корхонаҳо рост ба ин ширкатҳову мақомоти Толибон ва ҳам доираи бисёр хурди сармоягузорони маҳаллӣ меравад.

Соҳаи муҳим барои Толибон

Вазорати маъдан ва нафти Толибон ҳам барои қонеъ кардани талаботи мардуми маҳаллӣ тақрибан коре накардааст.

Масалан, ҳукумат барои кор дар конҳои Роғистону Шаҳри бузург расман тендер эълон кард, вале матни шартномаҳо, оморе аз даромад ваё вазъи муҳити зистро нашр накард. Дар сатҳи миллӣ вазорат мегӯяд, ки истихроҷи маъдан як ҷанбаи бунёдии сиёсати иқтисодии ин кишвар аст ва аз имзо шудани даҳҳо созишнома бо шарикони хориҷӣ, асосан чиниҳо хабар медиҳаду сармоягузорӣ ба чандин вилояти зархез, аз ҷумла Тахорро пешбинӣ мекунад.

Барои ҳукумати Толибон дар Кобул дар шароити таҳриму муҳосираи дипломатӣ – конҳо манбаи муҳими таъмини пули нақд дониста мешаванд. Мақомот мегӯянд, тарҳҳои хориҷӣ ҷои кор сохта, ба рушди иқтисоди миллӣ мусоидат мекунанд.

Вале иқтисоддонҳову маъданшиносон ҳушдор медиҳанд, ки истихроҷи санги коркардношудаи маъдан дар шароити танзими нокомили ҷараёни кор, боиси касод шудани конҳо, маҳдуд шудани ҷои кор ва афзоиши нобаробарӣ мешавад.

Озарахш Ҳафизӣ, собиқ раҳбари кулли Утоқи бозаргонии Афғонистон гуфт, ки кишвар бояд бахши аъзами маъдани фоиданокро дар дохили кишвар коркард кунад, то арзиши изофии он боло рафта, ҷойҳои кории устувор эҷод шавад ва намешавад танҳо ба содироти ашёи хом такя кард.

“Содироти беназорати маводи хом ҳеҷ гоҳ ба иқтисод таъсири мусбат нахоҳад дошт. Конҳои мо холӣ шуда, худи мо бенаво мемонем”, гуфт Ҳафизӣ. “Мо бояд истихроҷро камтар, вале дар ҳаҷми дуруст роҳандозӣ карда, коркарди дохилиро дар ин кишвар ба роҳ монем ва ба арзиши бештар изофа кунем”, гуфт ин мутахассис.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG