Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди Эрон барои тарки як паймони муҳим ва "нафасгир кардани бозори нафт"


Гулӯгоҳи Ҳурмуз. Акс аз бойгонист.
Гулӯгоҳи Ҳурмуз. Акс аз бойгонист.

Бо афзоиши ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба Эрон, даъватҳо дар Теҳрон барои хуруҷ аз Паймони Манъи Густариши Силоҳҳои Атомӣ (NPT) ва бастани гулӯгоҳи Ҳурмуз, ки яке аз роҳҳои муҳими нафт дар ҷаҳон аст, зиёд шудаанд.

Ду душмани деринаву ашаддӣ дар минтақа аз рӯзи 13-уми июн, баъди ҳамлаи бесобиқаи Исроил ба иншооти ҳастаӣ, пойгоҳҳои низомӣ ва маҳаллаҳои аҳолинишини Эрон ба ҳамдигар зарба мезананд. Исроил мегӯяд, ҳадаф аз ҳамлаҳояш сусту заиф кардани барномаи ҳастаии Теҳрон ва маҳви фармондеҳони олирутбаи низомӣ аст.

Дар зарбаҳо чандин фармондеҳи олирутбаи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ ва донишмандони ҳастаии Эрон кушта шуданд. Вазорати тандурустии Эрон рӯзи 15-уми июн хабар дод, ки 224 нафар, аз ҷумла кӯдакон, ҷони худро аз даст додаанд.

Мақомоти исроилӣ мегӯянд, ки дар ҳамлаҳои ҷавобии Эрон ҳадди ақал 24 нафар, аз ҷумла ғайринизомиён, кушта шудаанд. Исроил гуфтааст, ки ҳамлаҳоро барои он оғоз кард, ки Эрон қодир буд, дар моҳҳо ва ё ҳатто рӯзҳои оянда силоҳи ҳастаӣ бисозад. Эрон ин иддаоро рад карда, мегӯяд, ки барномаи ҳастаии он танҳо аҳдофи осоишта доранд.

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи вазорати корҳои хориҷӣ, рӯзи 16-уми июн гуфт, ки порлумони Эрон тарҳи санадеро барои хуруҷ аз Аҳдномаи Манъи Густариши Силоҳҳои Атомӣ таҳия мекунад. Ҳамзамон мақомоти Эрон ҳушдор додаанд, ки агар ҳамлаҳо идома ёбанд, гулӯгоҳи Ҳурмузро мебанданд.

Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, ки имкони мусолиҳа байни Эрон ва Исроил вуҷуд дорад, вале коршиносон мегӯянд, ки ҳам таҳдидҳои Теҳрон ва ҳам хушбинии Трамп бештар як баёнияҳои сиёсианд, на тағйироти воқеӣ.

Хуруҷ аз NPT: таҳдиди дурӯғ ё амалишаванда?

Ҳамид Расоӣ, вакили муҳофизакор ва тундгарои порлумони Эрон, гуфтааст, ки мондан дар NPT бемаънӣ аст, зеро ин паймон ҳам маконҳои ҳастаии Эронро аз ҳамлаҳои Исроил эмин нигаҳ дошта натавонист.

Муҳаммад Маннон, вакили дигари тундгаро, гуфтааст, ки тарҳи қонун барои ихроҷ аз паймони байналмилалӣ бояд дар авлавият бошад ва ба порлумон пешниҳод мешавад. Бо вуҷуди баёнияҳои баланду сахт дар Теҳрон, таҳлилгарон мегӯянд, Эрон дар ояндаи наздик аз паймон берун намешавад.

Ҳамидризо Азизӣ, муҳаққиқи Пажӯҳишгоҳи Таҳқиқоти Байналмилалӣ ва Амният, ба Радиои Фардо гуфт: «Ҳоло бо вуҷуди фишорҳои рӯзафзун аз тарафи тундгароён, эҳтимол надорад, ки Эрон аз NPT хориҷ шавад.»

Дар сурати тасвиби тарҳ дар порлумон онро бояд Шӯрои Нигаҳбон, ки аъзои онро мустақим ё ғайримустақим Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбарии олии Эрон таъйин мекунад, тасдиқ шавад.

Ҳамидризо Азизӣ гуфтааст, ки хориҷ шудан аз NPT ҳимояи ҳуқуқии Эронро заиф мекунад: «Теҳрон то имрӯз дар сатҳи байналмилалӣ худро бо ин асос дифоъ мекард, ки амалиёти Исроил ғайриқонунӣ аст. Хуруҷ аз NPT ин асосро бесамар мекунад.»

Соли 2010 Хоманаӣ бо як фатво истифодаи силоҳи ҳастаиро «ҳаром» эълон карда, гуфт, ки Эрон ҳеч гоҳ онро тавлид карданӣ нест. Мақомоти эронӣ борҳо ин фатворо далели аҳдофи осоиштаи Ҷумҳурии Исломӣ номидаанд. Аммо таҳлилгарон мегӯянд, ки ин фатво монеаи ҷиддӣ барои дастёбӣ ба бомби атомӣ нест. Онҳо мегӯянд, Эрон метавонад, қисми зиёди корҳои лозимаро барои сохти бомби атомӣ анҷом диҳад ва раҳбари кишвар метавонад, дар оянда фатворо беэътибор кунад. Бақоӣ рӯзи 16-уми июн гуфт, ки бо вуҷуди кӯшишҳои қонунӣ барои оғози раванд Теҳрон ба дунболи силоҳи ҳастаӣ нест.

Гулӯгоҳи Ҳурмуз: хатар зиёд, эҳтимол кам

Расонаҳои тундгаро ва чанд мақоми Эрон эҳтимоли бастани гулӯгоҳи Ҳурмузро матраҳ кардаанд, коре, ки мумкин аст, аз як панҷ ҳиссаи интиқоли нафти ҷаҳонро зери хатар гузорад. Аммо Грегори Брю, таҳлилгари калони масоили Эрон ва нафт дар Гурӯҳи Авруосиё, ки дар Ню-Йорк қарор дорад, мегӯяд, ки эҳтимоли амалӣ кардани ин таҳдид кам аст.

Ӯ ба Радиои Фардо гуфт: «Бастани гулӯгоҳ охирин корти бузурги Эрон аст. Эрон метавонад, ин роҳро комилан бубандад, бо партоби мушакҳои кӯтоҳпарвози баллистикӣ, киштиҳои низомӣ ва минагузорӣ.»

Аммо кӯшиши бастани ин роҳи обии стратегӣ оқибатҳои баде дорад, аз ҷумла вокуниши «фаврӣ»-и Амрико ва Шӯрои Ҳамкории Халиҷи Форс, ки аз кишварҳои арабӣ ташкил ёфтааст.

Брю афзуд: «Агар ҷанг бо Исроил бисёр харобиовар бошад, ҷанг бо Амрико ва шӯрои мазкур боз ҳам бадтар мешавад.»

Аз ҷиҳати иқтисодӣ бастани гулӯгоҳи Ҳурмуз ба худи Эрон зарари бузурге мерасонад, зеро ин кишвар тавассути он асосан ба Чин нафт содир мекунад. Таҳлилгари амрикоӣ афзуд, «то даме ки ин раванд идома дорад, фикр намекунам, Эрон таҳдидҳояшро амалӣ кунад.»

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG