Бо гузашти як рӯз аз кушта шудани Саломатшо Ғалчаеви 34-сола (падари панҷ фарзанд) аз сӯйи як афсари Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ванҷ, мақомот то кунун ҳодисаро шарҳ намедиҳанд.
Дар Додситонии ноҳия рӯзи 19-уми март танҳо гуфтанд, ки воқеа аз сӯйи Додситонии ҳарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тафтиш мешавад.
Неъмат Ғалчаев, бародари Саломатшо Ғалчаев, дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки ба зидди афсари ВКД, ки аз ӯ И.Қ. ном бурда мешавад, парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар Боздоштгоҳи шаҳри Хоруғ қарор дорад. Вале Неъмат Ғалчаев намедонад, ки парванда бар асоси кадом банди қонуни ҷиноӣ боз шудааст.
Ҳодиса шаби 17-уми март дар деҳаи Рохарви ноҳияи Ванҷ рӯй дод. Дар ҳоле ки мақомот тафсилот намедиҳанд, як манбаи боварбахши Радиои Озодӣ гуфт, моҷаро гуё бар сари робитаи афсари Вазорати корҳои дохилӣ бо як духтари мактабхон, ки хеши ҷавони кушташуда аст, сар задааст.
“Афсар тахминан соати 9-10-и шаб бо мақсади дидорбинӣ бо хонандаи синфи даҳум ба деҳа омадааст. Бо Саломатшо рӯ ба рӯ шуда, ҷанҷол мекунанд. Сипас И.Қ. бо истифода аз силоҳи табелии худ ба тарафи Ғалчаев тир мекушояд ва ӯ дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст,” – афзуд ҳамсуҳбати мо.
Ин манбаъ гуфт, “афсари ВКД командири ротаи фаврии таъйиноти махсуси Қӯшунҳои дохилӣ ва аз ноҳияи Восеи вилояти Хатлон аст.” Дар ҳоли ҳозир мавқеи ӯ ва наздиконаш ба қазия маълум нест.
Видеоро дар инҷо бинед: