Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва Қирғизистон. Омодагӣ ба табодули қаламравҳо дар минтақаҳои марзӣ. ВИДЕО, САДО


Муовинони нахуствазирони Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара. 14-уми январи 2020

Ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Қирғизистон ба созиш расиданд, ки то нақшаҳои табодули қитъаҳои баробар ва ҳамсанги қаламравҳоро дар байни ду давлат омода ва то 1 марти соли равон ба ҳамдигар пешниҳод кунанд. Дар ин бора тарафи Қирғизистон хабар додааст, аммо тарафи Тоҷикистон то ба ҳол натиҷаҳои гуфтушуниди 14-уми январ дар маҳаллаи Гулистони Исфара шарҳ надодааст.

Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар музокироти рӯзи 14-уми январ дар шаҳри Исфара ба мувофиқа расиданд, ки 114 километр марзеро ки гурӯҳҳои топографии ду ҷониб муайян кардаанд, дар давоми ду моҳ баҳои ҳуқуқӣ дода, хати марзро муайян кунанд. Дар ин бора Жениш Раззоқов, муовини нахуствазир Қирғизистон, ки ҳайати ин кишварро роҳбарӣ мекард, изҳорот додааст.

Дар изҳороти Раззоқов ҳамчунон гуфта мешавад, ки ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки то санаи 1-уми март дар мавриди иваз кардани қисматҳои марзе, ки мисли хонаҳои шоҳмот дар дохили ҳамдигар қарор доранд, пешниҳодҳои худро ироа кунанд.

Ҳамчунон ҷонибҳо тавофуқ карданд, ки дар канори роҳи Ош-Бодканд Исфана, ки аз роҳи Исфара-Ворух мегузарад, дурбинҳои назоратӣ ва асбобҳои рӯшанидиҳанда насб карда шавад, то дар ҳолатҳои сар задани ҷанҷол миёни сокинони назди марзӣ, мақомоти ду ҷониб бо истифода аз навори дурбинҳои назоратӣ, муҷримонро ҷазо диҳанд.

Як нуктаи дигаре ки Тоҷикистону Қирғизистон ба мувофиқа расидаанд, ин будаст, ки минбаъд ҷонибҳо дар мавриди иҷрои корҳо дар тақсиму аломатгузории марз, пешакӣ ба Васоити ахбори омма иттилоъ намедиҳанд.

Расонаҳои Қирғизистон ба нақл аз намояндагони ҳайати музокиракунандаи ин кишвар менависанд, иваз кардани қаламравҳо дар байни ду давлат деҳот, киштзор, роҳ, соҳилҳои дарё ва чарогоҳҳоро дар ноҳияи Бодканди Қирғизистон ва шаҳри Исфараи Тоҷикистон дар минтақаҳои Самарқандак ва Куктош фаро мегирад.

Ду тараф эътироф мекунанд, ки вазъ дар марз печида аст, аммо таъкид мекунанд, ки бояд амнияти сокинон ҳифз шавад. Ҷониби Тоҷикистонро Азим Иброҳим, муовини нахуствазир, раҳбарӣ дорад. Ҳайати Қирғизистонро муовини сарвазири он кишвар Ҷениш Раззоқов.

Изҳороти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон пеш аз музокирот дар марз
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:51 0:00

Ҷениш Раззоқов рӯзи 14-уми январ пеш аз оғози музокирот дар Исфара гуфт, ки тоҷикону қирғизҳо "дӯсту бародар ҳастанд, вале ҳалли масъалаи марз аввалиндараҷа аст".

"Дуруст зикр кардед, ки дар муносиботи ду кишвар мушкилоти ҷиддӣ вуҷуд надорад. Роҳбарони ду кишвар дастур доданд ва, фикр мекунам, бояд имрӯз суҳбати ошкор дошта бошем ва амнияти сокинони минтақаҳои наздимарзиро таъмин кунем. Имрӯз бояд заминаи ҳуқуқии шаклгирии марзи миёни кишварҳоямонро фароҳам созем," -- афзуд ӯ.


Муовини нахуствазири Қирғизистон гуфт, масъалаи марз ва муноқишаҳои сокинони наздисарҳадӣ яке аз мавзуъҳои "дарднок" ва мавзӯи асосии музокирот аст.

Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон, гуфт, дар минтақа аввал марзҳои Иттиҳоди Шӯравӣ буд ва сипас кишварҳои мустақил ташкил шуданд, ки зарурати муайян кардани хатти марзро ба миён овардааст.

"Сокинон дар ин солҳо бо ҳам хешу табор шуданд ва фикр намекунам сабабе бошад, ки онҳо ба якдигар дарафтанд. Мардум худро бояд дар фазои амн эҳсос кунанд, зеро ҳеч гуноҳ надоранд. Мо бояд чунин масъаларо ҳал кунем, ки сокинони минтақа дигар шубҳае накунанд, ки масъала ғайриқонунӣ ҳал шудааст. Мо бояд ин мушкилро дар заминаи манфиатҳои ҳарду ҷониб ва барои ҳарду тараф судовар ҳал кунем," -- таъкид кард ӯ.​

Ба ҳайатҳои ду ҷониб раҳбарони ниҳодҳои қудратии ду кишвар низ шомиланд. Музокирот дар ҳоле баргузор мешавад, ки моҳҳои ахир вазъият дар марзи ду кишвар печида шуда, бар асари сангандозиву тирпарронӣ чанд нафар захмиву кушта шуданд.

Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар марз
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:13 0:00
Линки мустақим

Аз ҷумла, шаби 10-уми январи имсол дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон низоъ сар зад. Он шаб садои тир шунида шуда, сокинони наздимарзӣ ба сӯи мошинҳои якдигар санг партофтанд. Ба иттилои мақомоти қудратӣ, чаҳор сокини Қирғизистон ба далели иғвогарӣ боздошт шудаанд. Рӯзи 13-уми январ чанд нафар дар Бишкек гирдиҳамоӣ карданд ва озодии боздоштшудаҳоро талаб намуданд.

Сарҳадбонони Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 12-уми январ гуфтанд, авзоъ дар марзи ду кишвар мураккаб, вале зери назорат боқӣ мемонад ва дигар садои тирандозӣ ба гӯш намерасад.

Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва Кумитаи марзбонии Қирғизистон гуфтанд, ки посбонон аз ду тарафи марз гаштзаниро идома медиҳанд ва ҷанҷолу кашмакаш дигар дида намешавад. Вале айни замон ҳарду тараф якдигарро ба сар задани муноқиша муттаҳам мекунанд.

Мақомот мегӯянд, яке аз сабабҳои асосии муноқиша комилан мушаххас набудани марзҳои ду кишвар аст. Аз 976 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 400 километраш муайяну аломатгузорӣ нашудааст. Баҳсу гуфтугӯ сари минтақаҳои боқимонда солҳо боз идома дорад, аммо бенатиҷа. Ду тараф барои ҳалли масъала роҳҳои гуногун ва харитаҳои гуногунро пешниҳод мекунанд.

Дар ҳоле ки ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон машғули таъйини хатти марз ҳастанд, сокинони деҳаҳои наздимарзӣ гоҳе барои соҳибӣ ба манбаи обу чарогоҳ ва роҳу замин бо ҳам даст ба гиребон мешаванд.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

Шарҳҳоро бинед (6)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG