Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кордеҳон дар Русия муҳоҷиронро ба рухсатии бемузд мефиристанд


Муҳоҷирон дар Маскав. Акс аз бойгонӣ

Бархе аз муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, дар пайи чораҳое, ки мақомоти Русия барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус андешиданд, баъзе аз корхонаҳо яке пайи дигар баста шуда, онҳо маҷбуранд ба рухсатии бемузд раванд.

Беш аз ҳама тарабхонаву ошхона, қаҳвахона ва фурӯшгоҳҳои ғизоҳои сарироҳӣ ин шабу рӯз дар Русия аз камбуди муштарӣ ранҷ мебаранд.

Толиб Ёдгоров, муҳоҷири кории тоҷик, рӯзи 24-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳафтае пеш кордеҳ дар яке аз тарабхонаҳои Маскав ӯро ба рухсатии бемузд фиристод ва акнун намедонад аз кадом ҳисоб пули патент ва ҳаққи хонаи иҷораро диҳад.

"Чаҳор моҳ боз дар тарабхонаи "Зодиак" кор мекардам. Ҷойи кори хуб буд, маош сари вақт дода мешуд. Муносибати ҳамкорон, ки ҳамагӣ русанд, бо ман хуб буд. Ба мо гуфтанд, ки то 1-уми май тарабхона кор намекунад ва моро ба рухсатии бепул фиристоданд. Бист ҳазор рубл сарф карда, ҳуҷҷат дуруст карда будам. Беш аз 5 ҳазор рубл пули патент ва 6 ҳазор рубл пули иҷораи хонаро бояд диҳам",-иброз дошт ӯ.

Ёдгоров мегӯяд, агар ҳукумати Тоҷикистон дар чунин шароити мушкил барои пардохти пули патент кӯмак накунад ва ё аз мақомоти рус бинобар пеш омадани вазъи фавқулода мувақатан озод кардани муҳоҷиронро аз ин пардохт тақозо накунад, аксар муҳоҷирон дар шароити ғайриқонунӣ қарор мегиранд ва оилаҳояшон аз даромад маҳрум мемонад. Чун ба гуфтаи мусоҳиби мо, аксар ҳамтақдирони ӯ ҳоло имкони пардохти пули патентро надоранд.

Ёдгоров танҳо муҳоҷире нест, ки дар пайи хуруҷи коронавирус дар Русия аз кор ва даромади худ маҳрум мондааст. Рӯзи 24-уми март ҳадди ақал панҷ муҳоҷири тоҷик, ки аксарашон дар ошхонаву қаҳвахонаҳо дар Маскав кор мекарданд, дар тамос ба Радиои Озодӣ гуфтанд, кордиҳанда онҳоро ба рухсатии бемузд фиристод ва онҳо намедонанд харҷи худу хонаводаҳояшонро дар Тоҷикистон аз кадом ҳисоб таъмин кунанд.

Муҳаммад Собиров
Муҳаммад Собиров

Муҳаммад Собиров, як фаъоли ҳуқуқи муҳоҷирон дар Маскав мегӯяд, чанд рӯзи охир шумори корхонаву ширкатҳое, ки бинобар кам шудани муштарӣ ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ кори худро қатъ ва ё маҳдуд карданд, бештар мешавад.

Ӯ афзуд, беш аз ҳама муҳоҷироне, ки дар ошхонаву тарабхонаҳо, меҳмонхонаҳо ва таксиву мошинҳои борбар кор мекунанд, аз хуруҷи вирус азият мекашанд. Чун ин қабил ширкатҳо дар навбати аввал муштариёнашонро аз даст доданд ва ё кам шуд.

"Ҳозир бисёр ошхонаву чойхонаҳо дар Маскав бо баҳонаи кам шудани муштарӣ коргаронро ба рухсатии бемузд фиристода истодаанд. Ҳамин гуна ҳолатро ман дар бархе ширкатҳои сохтмонӣ ҳам мушоҳида кардам. Ҳастанд тоҷиконе, ки худ соҳиби ошхона ва ё мағозаанд, онҳо низ даромадашонро аз даст доданд, чунки муштарӣ нест. Танҳо як нуктаи қобили таваҷҷуҳе, ки чанде пеш шунидам ин аст, ки моликони бархе аз марказҳои савдо ба соҳибони дӯкон гуфтаанд, корро қатъ накунанд. Онҳо гуфтаанд, нисфи нархи иҷораро бинобар вирус кам мекунанд”, -- нақл кард Собиров.

Мусоҳиби мо афзуд, агар аз як сӯ ихтисори муҳоҷирон афзоиш ёфта бошад, аз сӯи дигар мавридҳои ихроҷи муҳоҷирон аз хоки Русия кам шудааст, ки ба фоидаи муҳоҷирон аст.

"Ҳоло бинбар он ки бинои аксар судҳо маҳкам аст, кормандони пулис муҳоҷиронро барои қоидавайронкуниҳо танҳо ҷарима баста, раҳо мекунанд. Ҳол он, ки то хуруҷи вирус маъмулан онҳоро рост ба додгоҳ бурда, ҳукми ихроҷашонро содир мекарданд",-иброз дошт Собиров.

Дар Русия бинобар гуфтаи мақомоти ин кишвар беш аз 1 миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Бинобар ҳисоби созмонҳои байналмилалии молӣ, даромаи ҳар чорумин хонавода дар Тоҷикистон аз ҳисоби пули интиқолии муҳоҷирон аст. Соли 2019 муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон надики 2 миллиарду 600 миллион доллар фиристодаанд, ки ба 33 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ баробар аст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (3)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG