Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот ба муҳоҷирон: “Нафақа мехоҳед, суратҳисоб кушоед”


Интизор меравад, мақомоти Тоҷикистону Русия моҳи майи имсол масъалаи пардохти нафақа ба муҳоҷирони кориро баррасӣ ва ниҳоӣ кунанд. Ҳарду тараф ҳоло аз муҳоҷирон ба ҳайси "як гови ҷӯшоӣ" истифода мекунанд, вале зоҳиран омода нестанд, ки дар айёми пириву дармондагӣ дасти онҳоро бигиранд.

Ба таври ихтиёрӣ метавонанд дар кишвар фонди нафақаи худро ташкил диҳанд. Мо ба онҳо суратҳисоби алоҳида мекушоем, пули худро ихтиёрӣ мегузаронанд.

"Масъаларо комиссияи муштарак баррасӣ дорад"

Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, чун муҳоҷирон андози иҷтимоиро ба Русия мепардозанд, бояд ғами онҳоро бештар Маскав бихӯрад. Ё ин ки Русия андози иҷтимоии муҳоҷиронро ба Душанбе фиристад, то ба онҳо дар зодгоҳашон нафақаи муносиб таъйин кунанд.

Сафаралӣ Наҷмиддинов, раиси Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон мегӯяд, Русия дар гузашта ба ин пешниҳодҳои онҳо посухи мусбат надода буд.

Сафаралӣ Наҷмиддинов
Сафаралӣ Наҷмиддинов

"Ҳоло комиссияи муштарак масъалаи таъйини нафақа ба муҳоҷирони тоҷикро баррасӣ дорад. Дар назар аст, моҳи май нишасти навбатӣ дар Душанбе бо ҷониби Русия доир гардад", - гуфт ӯ ҳафтаи гузашта дар суҳбат бо хабарнигорон.

"Пул гузаронанд, пул бигиранд"

Наҷмиддинов афзуд, ба масъалаи таъйини нафақа ба муҳоҷирони меҳнатӣ раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳам дахл кардааст ва интизор меравад масъала моҳи май ниҳоӣ шавад. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, ҳафтаи гузашта ҳангоми боздидаш аз Тоҷикистон гуфт, ки масъалаи нафақаи муҳоҷирон дар рӯи мизи музокирот аст.

Дар ҳамин ҳол, Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон роҳи дигареро ба муҳоҷирони кории тоҷик пешниҳод кардааст.

Сафаралӣ Наҷмиддинов гуфт, "ба таври ихтиёрӣ метавонанд дар кишвар фонди нафақаи худро ташкил диҳанд. Мо ба онҳо суратҳисоби алоҳида мекушоем, пули худро ихтиёрӣ мегузаронанд. Дар доираи қонун ҳар сол онро аз рӯи таваррум “конвертатсия” мекунем, то маблағашон ҳифз шавад. Баъди ба нафақа баромадан пулҳои худро мегиранд. Ҳар кас бояд фикри нафақаи ояндаи худро кунад."

Чанд суол

Аммо ҳам муҳоҷирон ва ҳам коршиносон мегӯянд, ин пешниҳод норӯшан аст ва кафолати онро намедиҳад, ки муҳоҷирон дар оянда аз нафақаи муносиб баҳраманд мешаванд. Ба қавли Раҳмон Улмасов, коршиноси тоҷик, "вақте мегӯянд, муҳоҷирони меҳнатӣ дар Тоҷикистон суратҳисоби нафақа кушоянд, бояд масъалаи механизми гардиши пули онҳо рӯшан карда шавад."

Мақомоти Тоҷикистон лоиҳаи созишнома дар бораи таъйини нафақаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро дар Русия ҳанӯз соли 2014 таҳия ва ба ин кишвар фиристода буд. Коршиноси тоҷик Шӯҳрат Латифов гуфт, Русия барои ҷудо кардани нафақа ба муҳоҷирони кории тоҷик чандон ҳавасманд нест ва ин боиси ба кундӣ сурат гирифтани ҳалли масъала шудааст.

Муҳоҷир: "Пули корамро намедиҳанд, нафақа медиҳанд?"

Ҳамсӯҳбати мо иброз дошт, ки набудани шартномаи меҳнатӣ миёни коргару корфармо ва дар маҷмӯъ фаъолияти ғайриқонунӣ ҳам аз сабабҳои ҳалношуда мондани нафақаи муҳоҷирони тоҷик аст.

Чанд тан аз муҳоҷирони меҳнатие, ки дар қаламрави Русия кор мекунанд, иброз доштанд, ки гирифтани нафақа аз ҳисоби собиқаи корияшон дар Русия барои онҳо мисли як афсона менамояд. Диловар, яке аз ҳамсӯҳбатони мо, гуфт, дар ҳоле ки баъзан маблағи корро аз корфармо гирифта наметавонанд, чӣ гуна дар бораи пардохти нафақапулӣ фикр кунанд?

Русия кишвари аслии қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба ҳисоб рафта, солона ҳудуди 1 миллион шаҳрванди кишвар ба он ҷо барои кор мераванд. Кор дар шароити сангин, нақзи ҳуқуқ ва муносибати сарди мақомоти Русия нисбат ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик борҳо мавриди интиқод қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG