Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

На либоси танг, на кӯтоҳ. "Одоби намозгузорӣ дар масҷид" таҳия шуд. ВИДЕО


Мақомоти тоҷик барои танзими либоси намозгузорон дар масҷидҳои кишвар дастурамал ё одобнома таҳия кардаанд. Аммо баъзе аз ҷавонон ба нуқтаҳои "Одобномаи намозгузорӣ дар масҷид" мувофиқ нестанд ва онро навъе аз маҳдудият барои намозгузорон медонанд.

Мақомот мегӯянд, баҳсҳо дар бархе аз масоҷид байни намозгузорон дар бораи либоспӯшӣ сабаб шуд, то чунин як дастурамале таҳия шавад.

Рустам Азизӣ, корманди Маркази исломшиносии назди президенти Тоҷикистон, рӯзи 19-уми апрел гуфт, бо нашри одобнома хостаанд ба баҳси миёни қишри муҳофизакор ва ҷавонон нуқта гузоранд. Ӯ гуфт, ки одобнома тавсиявист.

"Вақтҳои охир байни ба истилоҳ муҳофизакорон ва ҷавонон то як андоза танишҳое ба вуҷуд омад, ки чӣ гуна либос пӯшем. Аз нигоҳи баъзе одамон, либоспӯшии баъзе ҷавонон номақбул буд. Ин вазъият тақозо кард, ки Маркази исломии Тоҷикистон, яъне муфтиёт андешаи худро дар бораи ин масъала иброз кунад", - шарҳ дод Рустам Азизӣ.

"Талаби мо нест, талаби шариат аст"

"Одобномаи намозгузорӣ дар масҷид" аз ҷониби Маркази исломии Шӯрои уламои Тоҷикистон таҳия шуда, аз сӯи мутахассисони Кумитаи дин ва Маркази исломшиносӣ таҳрир шудааст.

Рустам Азизӣ, корманди Маркази исломшиносии Тоҷикистон
Рустам Азизӣ, корманди Маркази исломшиносии Тоҷикистон

​Дастурамал ҳанӯз расман тасдиқ нашудааст, аммо дар масҷидҳои ҷомеи кишвар аллакай аз намозгузорон даъват шуд, ки бо либоси мувофиқ ба масҷид оянд, на либоси тангу кӯтоҳе, ки зимни намозгузорӣ баъзе ҷойҳои баданро барҷаста мекунанд. Тибқи одобнома низ, бо либоси варзишӣ, куртаҳои кӯтоҳ ва либосҳои дорои навиштаҷоту тасвир ба намоз омадан тавсия намешавад.

Рустам Азизӣ, корманди Маркази исломшиносӣ мегӯяд, ин хоҳиши мақомот не, балки талаби шариат аст: "Тибқи мазҳаби ҳанафӣ, пӯшидани либоси танг макруҳ аст. Албатта, тамоман ибодатро бекор намекунад, аммо савобашро коҳиш медиҳад. Бинобар ин, пӯшидани либосҳои танг тавсия намешавад. Ҳам барои намозгузор кароҳият дорад ва ҳам ба афроде, ки дар қафои ӯ истодааст"

Таъкиду тавсияи мақомот дар мавриди либоси намозгузоронро бархе аз сокинон дуруст мешуморанд. Онҳо мегӯянд, баъзан ҷавонон бо либосе ба масҷид мераванд, ки қобили қабул нест. "Қонун аз боло омадааст ва бояд риоя шавад. Бояд либоси расмдор пӯшида нашавад. Агар либос сафед аст, боз хуб",- мегӯяд Улуғбек, як сокини ҷавони пойтахт.

"Либос набояд барои анҷоми ибодат монеа эҷод кунад"

Аммо аксар ҷавононе, ки кор ва таҳсил мекунанду бо либоси кории худ ҳамзамон мехоҳанд намозашонро ҳам иҷро кунанд, мегӯянд, набояд либос барои анҷоми ибодат ба онҳо мушкилу монеа эҷод кунад. Ҳоло ҷавонони зиёдеро дар шаҳр бо нимтанаҳои дорои навиштаҷоту тасвири мухталиф дидан мумкин аст. Ҳамин тавр, бисёре аз ҷавонон нимтанаҳои танг ва шимҳои на чандон фаррох ба бар мекунанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

"Одобномаи намозгузорӣ дар масҷид" омода шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:30 0:00

"Мо дар асри 21 қарор дорем. Муҳим тоза ва озод бошад одам" -- ин андешаи Муҳаммад -- як ҷавони тоҷик аст, ки аз талоши замонавӣ будани ҳамсолони худ дар сару либос истиқбол мекунад. Муосир будану либоси дилхоҳ ба бар кардан ба назари ӯ барои ба масҷид рафтан ва намозгузории як ҷавон ҳеҷ мухолифат надорад.

"Шумо як коргар либоси намозхониатонро дар як пакет гирифта намегардед-ку? Ислом бояд озод бошад. Шахсият озодона, ҳамингунае ки дар кӯчаҳо мегардем, онҷо ҳам чунин бошад, дар асри 21 буданамон маълум бошад. Барои либос агар намозатро қазо кунӣ, гуноҳаш вазнинтар аст", - мегӯяд Муҳаммад.

Коршинос: "Хандаовар" аст

Далер Шарифов, таҳлилгари ҷавони тоҷик, мегӯяд, дар шакли як дастурамал матраҳ кардани либоси намозгузорон ҳеҷ зарурат надошт ва ҳатто "хандаовар" аст. “Бигзор ҷавонони мо ҳам либоси замонавӣ пӯшанд ва бираванду ибодати худро анҷом диҳанд. Ислом дини ақибмондагӣ ва дини асримиёнагӣ нест. Ин як дин аст, ки дар ҳар давру замон пайравонашро қонеъ мекунад. Ва бо замон мутобиқ аст, ҳеҷ ҷойи нигаронӣ нест", - гуфт ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Далер Шарифов.
Далер Шарифов.

​Мақомот мегӯянд, ки ин дастурамал тавсиявӣ аст ва касе барои иҷрои он маҷбур карда намешавад. Вале бархе аз намозгузорон ва таҳлилгарон бо таваҷҷӯҳ ба дастуру санадҳои тавсиявии дигар мегӯянд, эҳтимол дар оянда ин одобнома ҳам хусусияти иҷборӣ пайдо кунад.

Далер Шарифов мегӯяд. "агар ин дастурамалу одобномаҳо рафта-рафта ба як кори ҳатмӣ ва ё иҷборӣ табдил шавад, бисёр кори бад аст. Мумкин аст, ки бӯҳронҳои фарогиреро ба дунбол дошта бошад. Худи Ислом 1400 сол пеш ҳамаи инро танзим карда буд. Бояд намози мусалмон пок бошад ва меъёре, ки муайян шудааст, риоя шавад."

Либосҳои "тавсиявӣ" дар Тоҷикистон

Матраҳ шудани либоси мардони намозгузор дар сатҳи Маркази исломӣ ва мақомот дар ҳолест, ки ахиран Вазорати фарҳанги Тоҷикистон "Дастурамали либосҳои тавсиявӣ дар Тоҷикистон"-ро дар шакли як китоби калон пешниҳоди мардум кард. Дар ин китоб ба занон дар баробари пӯшидани либоси сатру сиёҳ, доманҳои кӯтоҳу шиму куртаҳои танг тавсия дода намешавад.

Сару либос дар Тоҷикистон тайи чанд соли ахир ба як мавзӯи доғу сербаҳс табдил ёфтааст. Мақомот мегӯяд, ки мехоҳад бо ин роҳ одобу фарҳанги либоспӯширо боло барад, аммо сокинон ин тавсияву дастурамалҳоро талоши танзими либосу озодиҳои худ медонанд.

XS
SM
MD
LG