Пайвандҳои дастрасӣ

Камомади буҷа аз чист -- имтиёзҳо ба соҳибкорон ё тарҳрезии нодурусти мақомдорон?


Нақшаи даромади буҷаи давлатии Тоҷикистон дар 11 моҳи соли 2019 иҷро нашуд. Вазорати молия додани имтиёзҳои зиёдро омили аслии иҷро нашудани буҷа маънидод мекунад, вале коршиносон пеш омадани чунин вазъро гуноҳи мақомот медонанд, ки аз аввал тарҳи буҷаро дуруст нарехтаанд. Масъалаи иҷрои нақшаи буҷа рӯзи 30-юми декабр дар маҷлиси ҳукумат баррасӣ шуд, вале мақомот ҷузъиёти маҷлисро ошкор накарданд.

Як мақом дар Сарраёсати буҷаи вазорати молия рӯзи 30-юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, масъалаи асосие, ки мақомотро нигарон кардааст, ин иҷро нашудани нақшаи даромади буҷа дар соли равон аст. Ҳамсӯҳбати мо, ки нахост номаш зикр шавад гуфт, "буҷа дар 11 моҳ иҷро нашуд" ва аз эҳтимол дур нест, ки бахши даромади солона иҷро нашавад.

Ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, сабаби асосии кам ворид шудани маблағ ба буҷаро дар додани имтиёзҳо ба корхонаҳо ва соҳибкорон медонад.

Ӯ гуфт, "мо барои корхонаҳои дохилӣ имтиёзҳои андозии зиёде дода истодаем, то дар оянда фаъолият кунанд ва захираҳои молиявиашон зиёд шавад. Аҳолӣ бояд дуруст дарк кунанд, ки мо имрӯз ба корхонаҳо имтиёз медиҳем, ки хуб фаъолият шавад ва оянда андозсупорандаи хуб шаванд".

Мақомот намегӯянд, ки буҷа дар 11 моҳ ба чӣ қадар камбуди маблағ дучор шудааст. Буҷаи Тоҷикистон асосан аз ҳисоби андоз ва пардохтҳои гумрукӣ ҷамъоварӣ мешавад. Ҳамасола мақомот нақшаи буҷа ва ҳамин тавр ҷамъоварии андозро зиёд мекунанд. Аз ҷумла, соли оянда бояд аз аҳолӣ ва корхонаҳо наздики даҳ дарсад бештар андоз ҷамъоварӣ шавад.

Ба забони содда агар гӯем, дар шароите, ки буҷаи наздики 24-миллиард сомонӣ иҷро намешавад, мақомот умед доранд, ки соли 2020 боз наздики ду миллиард сомонӣ бештар маблағ ҷамъоварӣ кунанд. Чунин вазъ солҳост, ки соҳибкоронро нигарон кардааст ва ахиран раиси Маҷлиси намояндагон низ аз он бонги изтироб зад.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси порлумон рӯзи 22-юми ноябр ҳангоми тасдиқи буҷаи соли 2020 гуфт, ки бино ба натиҷаҳои 9 моҳи соли 2019, даромади буҷа аз ҳисоби андоз иҷро нашудааст ва дар буҷаи соли оянда нақшаи даромад аз андоз боз ҳам бештар муайян шудааст.

Вай аз масъулони Кумитаи андоз пурсид, ки он чӣ гуна иҷро хоҳад шуд? "Соҳибкорон аз кишвар баромад рафта истодаанд. Муносибат ба онҳо хуб нест ва ин ҷойи ташвиш аст",гуфт ӯ.

Мақомот, аз ҷумла масъулини вазорати молия мегӯянд, соли 2020 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,6 дарсад бештар мешавад ва аз ин ҳисоб умед доранд, ки буҷа иҷро мешавад. Ҷамъоварӣ нашудани маблағи буҷа барои аҳолӣ аз он ҷиҳат метавонад хабари нохуб бошад, ки маош ва ҳаққи бознишастагӣ саривақт пардохт намешавад.

Хабари иҷро нашудани буҷа дар 11 моҳ барои соҳибкорон аз он ҷиҳат хуб нест, ки масъулини бахши андоз барои иҷрои нақшаи андоз метавонанд, фишору ҷаримаҳоро бештар кунанд. Чандин соҳибкор дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, се ҳафта аст, ки кормандони андоз аз онҳо талаб доранд, ки "қарзашонро супоранд то нақша иҷро шавад"

Таҳлилгарон мегӯянд, ҷамъ нашудани маблағи буҷа асосан аз ҳисоби андоз баёнгари он аст, ки вазъи соҳибкорӣ дар кишвар хуб нест.

Шамсиддин Ҷалолов, коршиноси масоили иқтисодӣ гуфт, қатъи фаъолияти беш аз 250 ҳазор соҳибкор дар як соли ахир худ як "хавф" ва нишондиҳандаи вазъ аст. Аз ҷониби дигар, ин таҳлилгар мегӯяд, додани имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ низ дар як кишвар аз меъёр зиёд аст ва ниёз ба як барномаи мушаххас дорад.

"Имтиёзҳо бениҳоят зиёд аст. Агар таҳлил кунем, ин имтиёзҳо баробар дар байни тиҷорат тақсим шудагӣ нест. Ба он ширкатҳое дода шудааст, ки дар болои худ як "паноҳдиҳанда" доранд, ки тавонистанд ин имтиёзҳоро ба даст оранд. Сиёсати додани имтиёз бояд як барномаи муайян дошта бошад",- таъкид кард, Шамсиддин Ҷалолов.

Буҷаи Тоҷикистон барои соли 2019 наздики 24 миллард сомонӣ пешбинӣ шудааст ва мақомот мегӯянд, қисми зиёди ин пул барои барои маорифу тандурустӣ сарф мешавад. Айни замон дахлу харҷи буҷаи давлатӣ дар Тоҷикистон пурра нашр намешавад ва дастраси ом нест.

Шарҳҳоро бинед (16)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG