Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбаронаш мегӯянд, ноҳияи Данғара соли 2021 шаҳр мешавад


Донишгоҳи Давлатии Данғара соли 2016 боз шуд.
Донишгоҳи Давлатии Данғара соли 2016 боз шуд.

Мақомоти расмӣ дар ноҳияи Данғара, зодгоҳи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд, ки мумкин аст, то соли 2021 ба ин ноҳия дар ҷануби Тоҷикистон мақоми шаҳр дода шавад.

Ҷамшед Шарифзода, муовини раиси ноҳияи Данғара, рӯзи 22-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки барои шаҳр шудани ноҳия зербунёдҳои он бояд ҷавобгӯ ба меъёрҳои як шаҳр бошад. Ӯ афзуд: “Аз шаҳр ҳам мегузарад. Аммо барои шаҳр шудан, ҳамаи инфрасохтор (зербунёдҳо) бояд ҷавобгӯ бошанд. Ҳамаи инро мо дар нақшаи генералӣ ҷо кардаем ва агар ба шарте, ки то соли 2021 иҷро шавад ва мо бовар дорем, ки иҷро мешавад, Данғара барои статуси шаҳр гирифтан ҷавобгӯ мешавад.”

Ҷамшед Шарифзода, дар идомаи суҳбаташ гуфт, Данғара дар оянда фурудгоҳи муосир низ хоҳад дошт ва дар дар масоҳати 450 гектар барои он замин ҷудо кардаанд. Фурудгоҳи пешини ноҳия фарсуда ва ғайриқобили истифода шудааст.

Шукрулло Бахтиёр, мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Данғара, моҳи феврали 2020 дар нишасти хабарӣ гуфта буд, нақшаи куллии ноҳияро ба ҳайси маркази ояндаи маъмурӣ омода карданд. Диловар Исозода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, низ гуфта буд, бинои наву ҳашттабақаи идораи маорифро дар ноҳияи Данғара месозанд.

Аммо ишораи Ҷамшед Шарифзода, муовини раиси ноҳияи Данғара, ки гуфт “аз шаҳр ҳам мегузарад” маълум нест, вале коршиносон мегӯянд, ки мумкин ишорае ба сарусадоҳое бошад, ки то соли 2021 маркази вилояти Хатлон аз шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи пешин) ба ноҳияи Данғара кӯч дода мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2019 чаҳор дафъа ба Данғара рафта ва даҳҳо иншооти хурду бузургро боз кардааст. Бори охир сафари президент моҳи майи соли 2020 сурат гирифт. Коршиносон мегӯянд, сафарҳои раиси ҷумҳур ба Данғара эҳтимол назорат бар рафти сохтмони баъзе иншоотест, ки бояд то соли оянда анҷом ёбад.

Таваҷҷуҳи зиёд ба як ноҳия

Аз оғози солҳои 2000-ум дар ноҳияи Данғара сохтмонҳои азим шуруъ шуда ва то ҳол идома дорад. Ноҳияи Данғара солҳои 30-юми асри гузашта ташкил шудааст ва ба ҳайати минтақаи Кӯлоб шомил аст.

Дар онҷо соли 2005 намояндагии Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро боз карданд ва соли 2012 ба Донишгоҳи давлатии Данғара табдил доданд. Соли 2016 Донишгоҳи тиббии Хатлон ҳам дар онҷо таъсис ёфт. Он замон гуфта шуд, ки Донишгоҳи давлатии тиббӣ ба хотири рафъи норасоии пизишкон дар вилояти Хатлон таъсис дода шудааст.

Дар ноҳияи Данғара минтақаи озоди иқтисодӣ ҳам амал мекунад, ки дар ҳудуди он чандин корхона бунёд шуда, як бахши он ба кор сар кардааст. Дар ин ноҳия сохтмони корхонаи истеҳсоли маводи тарканда ҳам ҷараён дорад. Бузургтарин Корхонаи коркарди нафт дар Тоҷикистон ҳам бо сармояи чинӣ дар Данғара сохта шудааст.

Аҳолии ноҳияи Данғара 160 ҳазор нафар аст. Сокинони баъзе аз ноҳияи атрофи он мегӯянд, кӯшиш доранд, ки дар ҳудуди Данғара барои худ замину хона ёбанд, то дар муқоиса ба дигар ноҳияҳои минтақа дар шароити беҳтар зиндагӣ кунанд. Аммо коршиносоне, ки вазъиятро назорат мекунанд, мегӯянд, пинҳон нест, ки таваҷҷуҳ ба ноҳияи Данғара ба хотири зодгоҳи раиси ҷумҳур ва чандин мансабдори дигари тоҷик буданаш ҳаст. Таваҷҷуҳи беандозае, ки дигар ноҳияҳо аз он маҳруманд.

XS
SM
MD
LG