Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифшогариҳои "Диссернет" ва "дуздӣ"-и 40 олими тоҷик дар суҳбати президент бо зиёиён. ВИДЕО


Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқоти солонааш бо зиёиён аз асардуздии олимони тоҷик ва ифшо шудани 40 мавриди он тавассути пойгоҳи "Диссернет" танқид кард. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18-уми март дар Кохи Борбад гуфт, "маълум мешавад, баъзе аз унвонҷӯёни тоҷик роҳи осон ва камзаҳмати илмро пеш гирифта, аз рисолаҳои илмии олимони кишварҳои хориҷӣ васеъ истифода кардаанд."

Азизи Нақибзод, рӯзноманигори тоҷик, мегӯяд, омори афроде, ки пойгоҳи "Диссернет" ба асардуздӣ ё "плагиат" муттаҳам кардааст, бештар аз онест, ки президент ба забон овард.

Пойгоҳи интернетии "Диссернет", қароргоҳаш дар Маскав, соли 2018 бештар ба Тоҷикистон тамаркуз кард ва пушти ҳам дуздии даҳҳо "олим"-ро ифшо намуд. Дар байни онҳо номи мансабдорони баландпояи тоҷик Давлаталӣ Саид - муовини нахуствазир ва ёвари президент оид ба масъалаҳои кадрӣ Асадулло Раҳмон низ ҳаст.

Рӯзи 18-уми март пойгоҳи "Диссернет" як мавриди нави "плагиат"-и олимони тоҷикро ошкор кард. Ин пойгоҳ навишт, профессори тоҷик Абдураҳмон Қурбонов, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, бахше аз рисолаи илмиашро аз олимони рус рӯйбардор кардааст.

То кунун бисёре аз муаллифон дар баробари иттиҳоми асардуздӣ сукутро пеша карданд, вале теъдоде гуфтанд, ки дар ҳаққи онҳо бӯҳтон задаанд.

Соли "Диссернет" - Баҳси рисолаҳои дуздӣ ва пешниҳоди чанд чора
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:47 0:00
Линки мустақим

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршанбе дар мулоқот бо зиёиён сабаби пеш омадани чунин вазъро "қабл аз ҳама, камҳавсалагии роҳбари илмӣ, фориғболии унвонҷӯ ва рӯякӣ таълиф гардидани рисола" номид.

Ӯ аз ҳимояи рисолаҳои илмии мансабдороне, ки самти корашон аз соҳаи илм дур аст, изҳори нигаронӣ кард ва дастур дод: "Чунин афрод аввал аз вазифаҳояшон озод карда шаванд ва сипас ба корҳои илмӣ машғул гарданд".

Ҳамчунин раиси ҷумҳур гуфт, минбаъд аъзои ҳукумати Тоҷикистон, муовинони онҳо, вакилони мардумӣ, дигар шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ баъди дар асоси хулосаи муассисаи илмӣ навиштани ариза ба унвони роҳбари давлат ба навиштани рисолаи илмӣ ва ҳимояи он иҷозат дода мешаванд.

Видео: Президент ба зиёиён чӣ гуфт?

Президенти Тоҷикистон ба зиёиён чӣ гуфт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:40 0:00

Баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон низ мегӯянд, бо вуҷуди ошкор шудани асардуздии баъзе аз мансабдорон ва олимон онҳо натанҳо барои чунин рафторашон ҷавобгӯ нашуданд, балки ба зинаҳои болотари мансаб роҳ ёфтанд.

Ректори ба наздикӣ таъиншудаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, муовини нави вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуралӣ Собирзода ва Шоҳин Саидов - раиси нави Оҷонси назорат дар соҳаи маориф ва илм аз ҷониби "Диссернет" ба асардуздӣ муттаҳам шуда буданд.

Давлатшо Гулмаҳмадзода, раиси пешини вилояти Хатлон, ки низ яке аз қаҳрамонҳои ифшогариҳои "Диссернет" буд, моҳи гузашта муовини сарвазири Тоҷикистон таъин гардид.

Рӯзноманигори тоҷик Азизи Нақибзод мегӯяд, чандон хушбин нест, ки дар баробари олимони муттаҳам ба асардуздӣ тасмими ҷиддие гирифта шавад.

Бо таваҷҷуҳ ба ин, танқидҳои раиси ҷумҳур чанд суолро пеш овардааст, ки ӯ ҳамин шабу рӯз аз ин вазъият огоҳ шуд ва ё агар ду сол боз аз он хабардор буд, чаро дар баробари зертобеонаш, ки ба асардуздӣ муттаҳам шудаанд, коре накард ва баръакс ба зинаҳои болотари мансаб баровард?

Абдуқодир Талбаков, мудири Китобхонаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар Душанбе мегӯяд, президент зоҳиран аз масъала барвақт огоҳ буд, вале барои гуфтан пайти муносиб меҷуст: "Ҳарчанд аз нигоҳи мо, беҳтар буд, чунин ҳарфҳо каме барвақт садо медоданд. Бисёриҳо гумон карданд, ки раисҷумҳур намедонад. Рӯшан шуд, ки огоҳ будааст ва дар пайти муносиб ҳарфи ниҳоӣ гуфта шуд. Ҳар нафаре, ки виҷдон дошта бошад, тавре раисиҷумҳур гуфт, бояд аризҳаи истеъфояшро нависад ё исбот кунад, ки нисбат ба ӯ туҳмат шудааст."

Дар ҳамин ҳол, гуруҳе аз "мухолифони" Диссернет дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба шубҳаовар будани хулосаи ин пойгоҳ пойфишорӣ доранд. Онҳо мегӯянд, "ҳанӯз дақиқ нашудааст, ки хулосаҳои "Диссернет" ростанд ё дуруғ ва ҳеч кас ҳам таҳқиқ накардааст, ки барномаи антиплагиат чӣ қадар аз ибораву ҷумлаҳои монандро дар рисолаҳои олимони тоҷик нишон медиҳад".

Диссернет як пойгоҳи ҷамъиятӣ аст, ки ба ошкор кардани асардуздӣ ва корҳои илмии тақаллубӣ машғул мебошад. Ин пойгоҳ натанҳо рисолаҳои илмии олимони тоҷик, балки даҳҳо корҳои илмии афроди шинохтаи кишварҳои дигари пасошӯравиро ошкор кардааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (40)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG