Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарҳи расмии тағйири раҳбарони се зиндон ва марги 14 зиндонӣ


Рустами Шоҳмурод ва Мансурҷон Умаров - вазири адлияи Тоҷикистон ва муовинаш дар ҷаласаи президент. Манбаъ: president.tj

Ба думболи ду ошӯби маргбор дар камтар аз ним сол ва ҳалокати 14 зиндонӣ Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон раҳбарони се зиндонро нав кардааст.

Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 19-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ҷумла як муовини ӯ ва сардорони зиндонҳои рақами як, се ва шаш аз нав таъйин шуданд. Ба гуфтаи Умаров, ҷои муовини ӯ аз чанд вақт ба ин тараф холӣ буд. Зиндони рақами 3 дар Хуҷанд аст ва зиндони рақами як дар Душанбе воқеъ шудааст.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ҳам рӯзи 19-уми июл иттилоъ дод, ки раиси ҷумҳур бо шуморе аз кадрҳои раҳбарикунанда, ки дар сохторҳои интизомӣ таъйин гардиданд, мулоқот кардааст. Ба иттилои манбаъ, тағйироти кадрӣ дар сохторҳои Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия дар мувофиқа бо президент сурат гирифтааст.

Мансурҷон Умаров зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҳамчунин шиканҷаи зиндониён ҳангоми интиқол аз вилояти Суғд ба Душанберо рад кард ва онро “бемантиқ” хонд. Умаров гуфт, 14 маҳбус аз хӯрдани нон заҳролуд шуда, ба ҳалокат расиданд, на аз латукӯби нозирони маҳбас. Рӯзи 7-уми июл ҳангоми интиқол аз вилояти Суғд ба зиндонҳои ҷануби кишвар 14 маҳбус ба ҳалокат расиданд. Мақомот гуфтанд, онҳо аз хӯрдани нон (хлеб) заҳролуд шуданд, аммо волидайни бархе аз маҳбусон ба ин гуфта шубҳа доранд.

Умаров рӯзи 19-уми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “дар роҳ инҳоро чӣ хел мезананд? Се Камаз омада истодааст бо 128 маҳбус. Наход мошинро манъ карда, инҳоро зада кушӣ ва баъд гирифта биорӣ? Ҳамин чиз ҳақиқат надорад.” Сардори идораи зиндонҳои Тоҷикистон гуфт, нони олударо наздикони зиндониён барои он савғотӣ оварда буданд. Мансурҷон Умаров дар ҳоле шиканҷа шудани маҳбусони ҳалокшуда рад мекунад, ки қаблан наздикони ҳадди ақал се маҳбус дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки бовар надоранд фарзанд ва хешонашон аз истеъмоли нони олуда ба ҳалокат расида бошанд.

Аз ҷумла Саодат Солеҳова, сокини ноҳияи Варзоб ва модари яке аз зиндониҳои ҳалокшуда Некқадам Солеҳови 34-сола ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳангоми шустани ҷасади марҳум субҳи 8 июл, дар бадани вай, аз ҷумла тахтапушт ва пойҳояш, осори лату кӯб ва доғҳои сиёҳ мушоҳида шудааст. Саодат Солеҳова гуфт, дар якуним соате, ки ҷасад дар хона буд, мурдашӯ ва дигар наздикон дар бадани писараш осори осеб ва доғҳои сиёҳро мушоҳида кардаанд. Яке аз наздикони Валиҷон Одинаев, як маҳбуси дигар низ гуфт, ҳарчанд тамоми бадани ӯро надидааст, вале рӯяш ва пушти сараш захм дошт.

"Мумкин аст, аз афтода захмӣ шуда бошанд"

Аммо Мансурҷон Умаров, гуфт, истисно намекунад, ки бархе аз зиндониён баъди заҳролуд шудан беҳуш шуда, дар натиҷаи афтодан дар дохили мошин захм бардошта бошанд. Ӯ гуфт: “Мумкин дар роҳ ҳушаш рафта афтида сараш задааст. Ман истисно намекунам, ки дар дохили мошин афтида бошад ва сараш дар ягон оҳан зада бошад. Барои онки дохили мошин оҳанӣ аст. Инро экспертиза муайн мекунад. Аммо азобу шиканҷае, ки мегӯянд тамоман ба ҳақиқат наздикӣ надорад.”

Сардори идораи зиндонҳо афзуд, худаш яке аз зиндониёнро дидааст, ки аз пеши чашми росташ хун омадагӣ буд. Вале Умаров мегӯяд, ин дар дохили мошин шудааст ва осори ҳеҷ гуна азобу шиканҷа нест. Мансурҷон Умаров гуфт, дар дохили мошине, ки маҳбусон фавтиданд 19 зиндонии дигар буд ва агар нозирон онҳоро мезаданд пас ин хабар ҳатман ошкор мешуд. Ба таъкиди Умаров: “Дар мошине, ки инҳо фавтиданд, ду нафар зинда монд. Онҳо шоҳид ҳастанд. Дар бари инҳо 17 нафар зинда ҳастанд. Агар инро кормандони мо карда бошанд ин чиз хоҳ нохоҳ мебарояд. Пинҳон кардан намешавад.”

Мансурҷон Умаров гуфт, аз марги 14 маҳбус ғамгин аст ва ба оилаи онҳо ҳамдардӣ баён мекунад. Мансурҷон Умаров афзуд, ҳатто заҳролудшавӣ ҳам камбуди кори онҳо аст, ки додситонӣ ба он “баҳои ҳуқуқӣ” медиҳад. Айни замон мақомоти расмиро барои он танқид карданд, ки аз хешовандони зиндониён хостаанд, ки онҳоро зуд, дафн кунанд ва иҷоза надодаанд, ки маросими видоъ дуруст сурат бигирад. Хешовандонашон мегӯянд, ки то кунун санадҳои расмии тиббии фавт ва натиҷаҳои ташхисро ба онҳо надодаанд. Пизишконе, ки колбадшикофиро анҷом додаанд, то ҳол нагуфтаанд, ки чӣ гуна олудагӣ сабаби марги зуди зиндониён шудааст.

Ҳалокати маҳбусон дар роҳ пас аз ду моҳи ошӯб дар зиндони Ваҳдат ва ҳашт моҳ баъди ошӯб дар зиндони Хуҷанд рух дод. Дар ин ду ҳодиса беш аз 50 нафар ҷон доданд. Мақомот масъулияти ин ҳодисаҳоро ба дӯши зиндонёни ифротӣ вогузор карданд. Дар шарҳи ошӯб дар Ваҳдат Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 16-уми июл дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки тафтиши ошӯби Ваҳдат дар арафаи анҷомёбист. Вай афзуд, ки ба зидди як гурӯҳи маҳбусони ин зиндон ҳам парванда боз шудааст. Аммо ба суоли ин ки чанд маҳбусон ба даст доштан дар ошӯб айбдор мешаванд, дар додситонӣ гуфтанд, ки ин сирри тафтишот аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG