Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Маро заданд, дору доданд ва таҷовуз карданд" -- даъвое, ки мақомот рад мекунанд. ВИДЕО


Ҷавонзани 25-сола, сокини ноҳияи Вахш, аз додситони кулли Тоҷикистон хостааст, ки шиканҷагарони ӯро муҷозот кунанд.

Ин модари ду фарзанд дар номаи шикоятиаш иддао дорад, ки дар шӯъбаи милисаи ноҳия шиканҷа ва таҷовуз шудааст. Иддаое, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Вахш беасос медонанд. Онҳо мегӯянд, таҳқиқи ҳодиса аз ҷониби додситонии ноҳия даъвои занро исбот накард.

Н.Б. дар номаи шикоятӣ ба унвони додситони кулли Тоҷикистон гуфтааст, ҳангоми бозпурсӣ кормандони милиса барои иқрор шудан ба гуноҳи, ба қавли худаш, нокарда "ӯро шиканҷа доданд, ба баданаш сӯзандору гузаронданд ва бо истифода аз ҳолати нимабеҳушияш таҷовуз карданд".

Ӯ як моҳ пеш 4-5 август бо гумони дуздӣ ба идораи милисаи ноҳияи Вахш бурда шуд. Мегӯяд, бозпурсии ӯ дар шӯъбаи милиса беш аз як шабонарӯз идома кард ва дар ин муддат латту кӯб ва аз сӯи як корманди шуъбаи корҳои дохилии ноҳия "таҷовуз шудааст". Аммо мақомоти умури дохилии ноҳияи Вахш ҳамагуна иддаоро рад мекунанд. Онҳо мегӯянд дар ҳолати зарурӣ метавонанд далелҳои худро пешниҳод намоянд.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

"Маро заданд, дору доданд ва таҷовуз карданд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:35 0:00

Як манбаъ дар додситонии ноҳияи Вахш ба Радиои Озодӣ гуфт, бо дастури Додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқи парвандаи Н.Б.-ро онҳо анҷом дода, барои баррасӣ ба додгоҳ фиристоданд. Ӯ афзуд, ҳангоми таҳқиқи қазия ҳолати дуздии Н.Б. исбот шуда, ҳолатҳои шиканҷаву таҷовузи ӯ аз сӯи кормандони шуъбаи корҳои дохилии ноҳия "тасдиқи худро наёфт".

Ҳамсуҳбати мо ҳамчунин гуфт, дар ҷараёни тафтиш, ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ анҷом дода шуд, ки натиҷаи он ҳеч гуна латту кӯб ва бадрафторӣ бо ин занро ошкор накард.

"Ин ки дуздӣ кардааст, исбот шудааст. Онҳо се нафар буданд ва якеашон ноболиғ аст. Бародараш аз ин пештар ҳам бо ҷурми дуздӣ боздошт ва ба корҳои ислоҳӣ ҷалб шуда буд. Аз ин ҳодиса як сол нагузаштааст. Бори дувум дуздӣ кардааст. Шояд онҳо хостанд барои рӯйпӯш кардани гуноҳашон тарсондани милисаҳо ин гапро гуфтаанд", -- афзуд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Дар санади маркази ташхиси тиббиву додгоҳии вилояти Хатлон, ки нусхааш дар ихтиёри Радиои Озодӣ аст, гуфта шудааст, муоинаи Н.Б. дар рӯзи 9-уми августи имсол нишон дод, ки "ҷароҳатҳо дар бадани ин зан аз ҷисми сахту кунд ё ин ки бархӯрдан ба чунин ашё дар муддати як ё ду шабонарӯз қабл гирифта шудааст".

Ҳамчунин дар санад ҷойи сузандору дар думғозаи ӯ ҳам дарҷ шудааст. Ин зан барои исботи он ки нисбат ба ӯ бадрафторӣ сурат гирифтааст, санадеро ҳамчун далел дар даст дорад, ки пас аз ҳодиса беш аз як ҳафта дар шуъбаи асаби бемористон бистарӣ будааст. Ташхиси тиббии осор дар бадани зан баъди се рӯз, ки низ такроран барои бозпурсиҳо ба шӯъбаи милиса даъват шудааст, ба амал омадааст. Вале роҷеъ ба таҷовуз Зебо Раҳматова, вакили мудофеи Н.Б. мегӯяд, "имкони исботи ин ҳолат мушкилтар аст", зеро натиҷаи ташхиси биологии нафари таҳти ҳимяоташ дар даст нест.

"Дар минтақаҳо имкони гузаронидани ташхиси биологӣ набудааст. Онҳо ҳамон замон аз бадани Н.Б. нутфа гирифта буданд ва баъд аз дархости додситонӣ онро барои ташхиси биологӣ пешниҳод карданд. Натиҷаи онро мехоҳам мо ҳам дошта бошем", -- афзуд ӯ.

Ба ҷуз аз ин, ба гуфтаи вакили дифоъ, ҳоло таҳпӯш ва либосҳои Н.Б.-ро мехоҳанд, дубора аз ташхис гузаронанд, то воқеият ошкор шавад.

Қазия аз он оғоз ёфтааст, ки бародари Н.Б. телевизори яке аз наздиконашро дуздида, ба хона меорад ва мегӯяд онро ба ивази кораш додаанд. Ӯ ба Н.Б. гуфтааст ба пул эҳтиёҷ дорад ва бояд телевизорро фурӯшад. Ин зан мегӯяд, бехабар аз он ки ин моли дуздист, ҳамроҳ бо хоҳари мактабхонаш онро дар бозор ба ивази 1300 сомонӣ мефурӯшанд. Баъд аз ин ки дуздии бародараш ошкор ва ба шуъбаи милиса даъват мешавад, бародараш иқрор мекунад, ки телевизорро на ӯ, балки хоҳараш Н.Б. дуздидааст ва бояд ӯ даъвату бозпурсӣ шавад.

"Дар аввал гуноҳро ба гардан нагирифтам. Таҳдид карданд, ки агар иқрор нашавам, бо ман корҳои бад мекунанд. Чаҳор-панҷ нафар буданд. Онҳоро бинам мешиносам. Ному насаби муффатишеро, ки мӯи сарамро кашид ва ба девор зад, медонам. Вақте шаб шуду ман гуноҳро ба гардан нагирифтам, маро ба ошёнаи дуюм бароварда, чашмонамро бо латта бастанд ва дар роҳрави дарозе чанд дафъа давонданд. Дилам беҳузур шуд ва дигар тоқат накарда, гуфтам, ки бале ман дуздӣ кардам. Ба ман як дору доданд ва аз рони поям сӯзандору гузарониданд. Вақте тамоми баданам карахт шуд, яке аз онҳо маро ба утоқи дигар бурда ба номусам таҷовуз кард", -- нақл кард Н.Б.

Вай гуфт, "рӯзи дигар аз идораи милиса ҷавоб доданд, вале се рӯзи дигар пайиҳам ба бозпурсӣ даъват карданд". Н.Б. мехоҳад, ин ҳодиса расонаӣ ва гунаҳкорон муҷозот шаванд. Ҳоло аз ҳуқуқи ин зан Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа ҳимоят мекунад. Маъмулан парвандаи марбут ба шиканҷаро ҳамин созмон пайгирӣ мекунад.

Ин зан, ки ду фарзандро ба танҳоӣ бузург мекунад, гуфт, ба далели сарпаноҳ надоштан дар хонаи падар бо бародараш зиндагӣ мекунад. Ӯ гуфт, вазъи оилавии онҳо хуб нест. "Падарам дар ҷое кор намекунад ва бародарам пайваста моро гирифтори муноқишаву мушкилҳо мекунад", -- афзуд ӯ.

Шиканҷа дар Тоҷикистон аз масъалаҳоест, ки борҳо тавассути расонаҳо садо додааст. Дар се моҳи аввали имсол 11 нафар аз шиканҷа шудани худ ҳангоми боздошт шикоят кардаанд. Масъулони Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа дар Тоҷикистон мегӯянд, дар байни онҳо як зан ва як ноболиғ низ ҳаст.

Дар пайи интиқод аз шиканҷа, Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид соли гузашта ба Тоҷикистон чанд тавсия дод, то вазъро ислоҳ кунад. Ҳукумати Тоҷикистон охири моҳи январи имсол барои иҷрои ин тавсия “нақшаи миллии амал барои соли 2019-2020”-ро тасвиб кард. Дар сурати иҷро, ин барнома роҳи вакилони мудофеъ ва ҳомиёни ҳуқуқро ба боздоштгоҳу зиндонҳо боз, аммо маълум нест, то куҷо шиканҷаро кам мекунад.

XS
SM
MD
LG