Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳашт мушкили умдаи занони тоҷик


Нишасти бахшида ба Рӯзи Модар. Душанбе, 7-уми март

Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

Баъзе аз мушкилоти занони тоҷик ба касалии кӯҳнашуда монанд аст, аммо чаро "дору"-и нав маризии дигарро ба бор меорад?

Вақте мавзӯи муносибати ҳукумат бо мушкилоти мавҷудаи занони тоҷик мавриди баррасӣ қарор мегирад, пеши рӯи мо бояд ҳамон лаҳзае аз солҳои аввали ҷанги шаҳрвандӣ биёяд, ки дар матлабҳои хотиравӣ аз фаъолиятҳои президент Эмомалӣ Раҳмон ишора шудаанд. Тавре дар як матлаби хотиравӣ дар рӯзномаи "Ҷумҳурият" (соли 2001) нақл шудааст, яке аз рӯзҳои сарди зимистони соли 1993 раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ ба сӯҳбату дидорбинии гурӯҳе аз одамон меравад, ки дар ноҳияи Панҷ, наздикии сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ҷамъ омада буданд. Ҳангоми сӯҳбат Эмомалӣ Раҳмон ҳар қадар кӯшиш менамуд, то одамонро ба асли ҳодисаҳо ва рисолати ватандорӣ таҳрик бидиҳад, аммо чун мардум хисороти зиёди молӣ, болотар аз ин азобу шиканҷаи зиёди рӯҳиву маънавӣ ва талафоти ҷонӣ дида буданд, ҳарфҳоро ҷиддӣ намегирифтанд.

Дар ҳамин ҳолат, нигоҳи ӯ ба як пиразани бемору либосаш дарида меафтад, ки дар қатори дигарон бо ӯ баҳс мекард. Раиси онвақтаи Шӯрои Олӣ аз минбар поин мешавад ва ба назди ин зан меравад. Баъдан рӯ ҷониби ҳозирин овардаву мегӯяд:

- Ҳоло Ватани азизи мо – Тоҷикистон ба ҳолати ана ҳамин модар монанд шудааст. Ҳеч чиз надорад. Таги куртаи тунуку дарида асту бемор ҳам шуда. Оё кӣ метавонад аз баҳри модари худ барои нодориву ночориаш бигзарад?

Мегӯянд, ин ҳолат то андозае ба вазъи рӯҳии одамон таъсиргузор шуд, ки аксарияти онҳо аз ҷилои Ватан худдорӣ карданду омодагии худро барои якҷо бо ҳукумати навроҳ ҳал кардани мушкилоти Тоҷикистон изҳор доштанд…

Дар ҳақиқат, ин ҳодисаи ягонаи кумаки занону бонувони тоҷик, барои бунёду азнавсозии давлатдорӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб намеравад. Президент Раҳмон борҳо ишора кардааст, ки дар ибтидои давлатдориаш маҳз занон сиёсатҳои ӯро дастгирӣ намуданд.

Вале ин ҳам воқеият аст, ки мушкилоти худи бонувон тайи ин муддат кам нашудааст. Дуруст аст, ки ҳоло занону духтарон на он мушкилотеро доранд, ки дар аввали солҳои истиқлол доштанд. Бо ин вуҷуд, баъзе аз мушкилоти онҳо ба истилоҳ ҳамон касали кӯҳнашуда (хронический болезнь)-ро мемонад, ки дар сурати шифо наёфтан, ҳолати беморро вазнинтар мегардонад ва ахиран ба маризии табобатнашаванда табдил меёбад.

Дар ин замина, мо тасмим гирифтем номгӯи, аз назари мо, мушкилоти умдаи бонувони Тоҷикистонро баррасӣ намоем, ки ҳалли фаврии худро тақозо доранд.

Номгӯи ин мушкилот рамзан вобаста ба таҷлили 8-уми март ба 8 гурӯҳ табақабандӣ шудааст:

1. Чаро бонуи тоҷик бояд серпултар аз мард бошад?

Агар ба фазои иқтисодии Тоҷикистон, махсусан пас аз шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ, таваҷҷӯҳ кунем, мебинем, ки бонувон дар азнавсозиву рушди минбаъдаи ин соҳаи муҳим, аз ҷумла тиҷорат дар кишварамон саҳми беназир доранд. Ба ҳар сурат, бо сабабҳои айниву зеҳнӣ маҳз бонувон буданд, ки дар ин солҳои барои ҳама мушкил аз ночорӣ ба хариду фурӯши молу коло машғул гардиданд. Бар илова, аввалин тоҷирони воридкунандаи мол аз хориҷ (челночный бизнес), хоса Русияву Узбекистон ва Эрон занон ба ҳисоб мераванд. Зеро машғул гардидан ба ин гуна тиҷорат барои мардон хавфи зиёд дошт.

Занон ҳангоми кор дар ноҳияи Рӯдакӣ. Моҳи августи 2017
Занон ҳангоми кор дар ноҳияи Рӯдакӣ. Моҳи августи 2017

Бо ин ҳама, фазои ноороми сиёсиву иҷтимоии он замон имкон надод, ки бонувон ба тиҷорати ҷиддӣ машғул гарданд. Аз ҷумла, хусусигардонии моликияти давлатӣ тақрибан бе иштироки фаъолонаи занон сурат гирифт. Дар назардошт бо он ки бонувони тоҷик дар шароити бисёр сангин фаъолиятҳои аввалияи иқтисодиву тиҷоратиро шурӯъ кардаанд, метавон бо итминон гуфт, ки дар сурати дастгирии ҷиддии онҳо саҳмашон дар пешбурди иқтисодиёти кишвар бамаротиб бештар хоҳад шуд. Ҳукумат ба ин назар аст, ки бо додани грантҳои президентӣ барои то ҷое ҳал гардидани мушкилоти бархе бонувон мусоидат кардааст. Аммо ин роҳи ҳалли ниҳоӣ нест. Бо ду сабаб:

  • ҳаҷми ин грантҳо чандон бузург нестанд;
  • маблағи қарзии иловагиро бо он фоизҳои баланди бонкӣ, ки мо дорем, дарёфт кардан номумкин аст.

Зеро ҳолатҳои бо сабаби баланд будани фоизҳои бонкӣ муфлис шудани бонувони соҳибкор кам нестанд. Ҳамчунин баланд будани сатҳи андозу боҷҳои гумрукӣ ба кисаи кампули бонуи соҳибкор таъсири манфӣ мерасонад. Ҳоло лоиҳаи нави Кодекси андоз мавриди баррасист. Дар ин замина пешниҳод кардани баъзе аз имтиёзҳо ба бонувони соҳибкор аз аҳамият холӣ нест. Чунин таҷриба дар баъзе аз кишварҳои шарқӣ, ки онҳоро "бабрҳои иқтисодӣ" низ меноманд, вуҷуд дорад.

Махсусиятҳои зани соҳибкор дар Тоҷикистон, тавре ишора кардем, дар ду паҳлӯ ифода меёбанд:

  • онҳо дар шароити вазнин фаъолият доштанду таҷрибаи хуб андӯхтаанд;
  • масъулиятнокии онҳо аз бархе мардони пулдор, ки "аз ҳеч чиз пул кор кардаанд", бамаротиб бештар аст ва ин ба сифати корашон бетаъсир намемонад.

2. Чаро зани тоҷик набояд "ҳамакора" бошад?

Агар таваҷҷӯҳ кардаед, президент Эмомалӣ Раҳмон вақтҳои охир ба самтбандӣ дар фаъолиятҳои соҳибкории бонувон ва умуман машғулиятҳои онҳо таъкиди бештар мекунад. Дар чандин ҷаласа ва паёмҳои ахири худ ба Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон супориш ҳам дод, ки номгӯи аслии машғулиятҳои бонувонро маълум намоянд, то ба ин васила роҳҳои мусоидат ба фаъолияти онҳоро мушаххас кунанд. Як вақт ӯ ба раисони бонкҳо муроҷиат кард, то сафи бонкирҳо ва ходимони соҳаро аз ҳисоби занону духтарон афзоиш диҳанд. "Дар бонкҳо ҷавонмардони ҳузарберо мебинед, ки кӯҳро талқон карда метавонанд” ба ҳамин маъно ишора кард ва гуфт, ҷои чунин корҳои нисбатан сабук барои бонувон аст.

Бояд дар назар гирифт, ки мавзӯи табақабандии машғулияту фаъолиятҳои занон ва ба кор ҷалб намудани онҳо барои Тоҷикистон мавзӯи нав нест. Ҳанӯз дар замони Шӯравӣ ҳукумат тақнид мешунид, ки дар корҳои вазнини саҳроӣ бештар ба нерӯи занон такя мекунад. Аз ҷумла, дар соҳаи пахтакориву бахшҳои дигари кишоварзӣ. Имрӯз ҳам дар мулоқоти худ бо занону духтарон президенти Тоҷикистон ишора ба он кард, ки аксари занон ҳамоно дар бахши кишоварзӣ фаъолият доранд. Аммо фақат аз роҳбарии онҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ мисол овард, ки “дар кишвар роҳбарони 32 ҳазору 200 хоҷагии деҳқонӣ занон мебошанд ва онҳо дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат саҳми шоиста мегузоранд".

Дар замони шӯравӣ ҳам шумораи бригадиру раисони колхозҳо кам набуд ва фаъолияти ҷамъиятиву шуғли бонувон кам - кам дар доираи кор дар бахши маориф ва тиб маҳдуд шуда буд. Ҳоло ҳам теъдоди занону духтарон дар ин бахшҳо кам набудааст ва тавре Эмомалӣ Раҳмон рӯзи шанбе гуфт, "беш аз 82 000 зану духтари тоҷик касби бошарафи омӯзгориро ба уҳда дошта, дар таълиму тарбияи насли ояндасози кишварамон нақши арзанда мегузоранд".

Дар соҳаҳои дигар мо тақрибан ҳузури бонувонро дар замони Шӯравӣ низ эҳсос намекардем. Ин масъала то ҳанӯз ҳам барои Тоҷикистон доғ мондааст. Зеро баъзан хабарҳоеро ҳам мешунавем, ки бонувон "бригадаҳои сайёр" ташкил карда, дар корҳои мавсимии бахши кишоварзӣ ширкат мекунанд, ё соли гузашта матолибе дар бораи мардикорзанони бохтарӣ нашр шуда буд.

Нишасти бахшида ба Рӯзи Модар дар Тоҷикистон. 7-уми марти 2020
Нишасти бахшида ба Рӯзи Модар дар Тоҷикистон. 7-уми марти 2020

Ин маъноеро дорад, ки зани тоҷик имрӯз ҷои кор мехоҳад ва хоҳиш дорад, ки дар баробари шавҳару писарони худ дар таъмини оила саҳм гузорад. Машғул шудан ба ин “корҳои сиёҳ”-ро бояд ба он маъно фаҳмид, ки ба ин восита мехоҳанд маблағи ночиз ҳам бошад, пайдо кунанд.

Ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафтани бонувон низ мисле ба назарамон менамояд, ки бояд ба он тоқат кунем. Ду сол қабл вазири он вақтаи меҳнату муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода маълумотеро зикр карда буд, ки аз шумораи умумии муҳоҷирон ҳудуди 35 000 занону духтаронанд. Маълум аст, ки ин маълумоти расмист ва воқеиятро арзёбӣ намекунад. Омори воқеӣ ҳатман бештар аст. Аз ин раванд бояд бардошт дигар бошад. Яъне миф ё афсона дар ин бора, ки зани тоҷик кор кардан намехоҳад, исботи худро намеёбад. Зани тоҷик кор карданист! Аммо намедонад дар куҷо ва чӣ кор!

Бо дарназардошти ин, зарур аст, ки мақомот зарфиятҳои воқеии бонувонро маълум кунанду барои онҳо шароити мусоиди корӣ ва ҷои кор фароҳам биёранд. Бовар кунед, зани тоҷик ғайри дӯзандагиву пухту паз, ки баъзеашон феълан аз ин ҳисоб рӯз мебаранд, ҳунарҳои дигаре ҳам доранд. Танҳо зарфият (потенсиал)-и онҳоро бояд маълум кард. Бубинед, ки дар мулоқоти имрӯзаи худ бо бонувон президент Раҳмон гуфт, дар нерӯгоҳи “Роғун” 750 зан, аз ҷумла 40 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда, беш аз 260 нафар дар нерӯгоҳҳои “Норак”, “Бойғозӣ” ва 1500 нафар дар корхонаи “Алюминийи Тоҷик” кор мекунанд.

Ин баёнгари он аст, ки вақте шароит ва ҷойи кори муносиб барои занону духтарон пайдо шавад, онҳо ҳатман фаъолият хоҳанд кард.

3. Оё зани тоҷик дар ҳақиқат бесаводиро мехоҳад?

Таваҷҷӯҳ кардаед, ки аксари мушкилоти зани тоҷикро ба бесаводии ӯ рабт доданӣ мешаванд? Пеш аз инқилоби Октябр ҳам чунин буд. Ибораи машҳури "мӯйдарози ақлкӯтоҳ" ба назаратон феълан фаромӯш шудааст?

Бубинед, тайи чанд соли ахир чандин иқдомҳое сурат гирифтанд, ки зермаънояш як буд: бовар кунед, зани тоҷик хондан намехоҳад!

Масъалаи барвақт шавҳар кардани онҳоро ҳам ба ин мавзӯъ иртибот медоданду дар мактаб пеш аз мӯҳлат тарк кардани таҳсилро ҳам. Дуруст, шояд дар деҳоти дурдаст шиори "зеби зан – хона" то ҳанӯз ҳифз шудааст. Вале бовар дорем дар аксари минтақаҳо чунин ҳолат нест. Зеро ҳоло замони иқтисоди бозаргонисту шиор ҳам дигар аст: "аз мӯрча – мадад".

Дар ҳамин росто, бисёрии падару модарон ҳоло беш аз он ки дар бораи писарони худ фикр кунанд, ғами духтаронашонро мехӯранд. Ба гуфтаи онҳо, занони зиёди бевашуда ва ҳоли онҳоро дида, аксари падару модарон ба ин хулоса расидаанд, ки беҳтар аст, духтарашон савод ва ҳунаре дошта бошад. То дар оянда азоб накашад.

Дар ин сурат, ба андешаи мо, нишон додани нақши илму ҳунар дар ҳаёти инсонҳо ва таъсири он ба зиндагии занҳо таъсирпазиртар хоҳад буд. Яъне ҳоло, ки падару модарон ин заруратро дарк кардаанд, ки бонуи нохондаву бекор дар оянда азоби сахт хоҳад дошт, бояд ба як барномаи хоси ҳукуматӣ табдил ёбаду дар ин замина иқдомҳо анҷом ёбанд. Ҳукумат мегӯяд, тариқи квотаҳои таъсисдодааш барои таҳсили духтарон зиёда аз 11 000 нафар аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон бо истифода аз ин имтиёз ба мактабҳои олӣ дохил шуда, беш аз 10 000 нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ ва касбу ҳунар гардида, ҳоло дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа фаъолият доранд. Президент имрӯз гуфт, ки аз 30 ҳазор донишҷӯйи Тоҷикистон, ки ҳоло дар хориҷи мамлакат машғули таҳсил мебошанд, 12300 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.

Масъалаи хурофот, ки имрӯз ҷаноби Раҳмон дар борааш зикр намуд ва ба таҳсили духтарон халал эҷод мекард, дар ҳақиқат солҳои пеш ҷо дошт. Вале ҳоло шароит дигар аст. Бубинед, ки ҳатто дар Эрони исломӣ феълан духтарон то касбу маълумотеро соҳиб нашаванд, издивоҷ намекунанд. Тибқи маълумот, синни никоҳӣ низ аз 30 болост. Зеро, духтарон вақте ба хонаводаи ҳамсари ояндаи худ бо маош ва сатҳи баробари иҷтимоӣ мераванд, дар назди шавҳари худ мустақилияти комил доранд, на муттаҳамӣ. Аз ин ҷост, ки талоқ дар хонаводаҳои эронӣ кам андар кам аст. Зани дуюм ҳам...

Дар Тоҷикистон чӣ?

4. Бонуи тоҷикро чӣ гуна аз мушкилоти хонаводагиаш метавон раҳо кард?

Зани тоҷик барвақт аз маҳдудаи "кори асосии худ" - кору бори хона берун рафтааст. Ҳоло хеле аз бонувон, тавре ишора кардем, ба ягон намуди фаъолият ё тиҷорат машғуланд. Ҳатто дар муҳити хонаводагӣ. Ононе, ки таҳсил мекунанд, ё дар ҷое кор, гапи дигар аст. Ин раванд ба оҳистагӣ мафкураеро, ки "ҳама кори хонаро бояд зан анҷом диҳад", барҳам мезанад. Ҳоло акнун ба бонувон ба сифати як узви бисёр муҳим ва баробари оила назар мекунанд. Зеро онҳо кам – кам пулдор мешаванд. Дар ин сурат, агар ин ҷараён идомаи фаъоли худро ёбад, мардҳо низ хоҳанд фаҳмид, ки дигар нозу нузи беҳуда ба бонувон маънӣ надорад. Пас муросо сари ин хоҳад шуд, ки акнун барояшон хидматгорзан зарур аст. Дуруст аст, ки барои ин бояд пули зиёдтаре дошта бошанд.

Дар маҷмӯъ, бардошт ин аст, ки мо бояд қолабшиканӣ кунем. Мушкил сари ин аст, ки бовар надорем: аксари мардон омода нестанд, ки бисёрии корҳои хонаводаро на зан, балки хидматгор анҷом бидиҳад!

Шояд тарси ботинӣ, ки чунин раванд "оқибати хуб надорад", бархе мақомотро барои дар заминаи барномаҳои ҳукуматӣ шикастани стереотипҳо эҳтиёткор намудааст. Аммо бояд стратег буд!

Масъалаи азҳампошии оилаҳои ҷавон як мушкили бисёр ҷиддист дар Тоҷикистон. Мақомот гуфта буданд, ки дар нимсолаи аввали соли гузашта теъдоди ақди никоҳ назар ба як соли пеш 1 дарсад кам шуд. Вале шумораи талоқ дар ин давра беш аз 6000 будааст, ки ин нишондиҳанда ҳудуди 500 ҳолат аз соли пеш бештар мебошад. Воқеан, ин омори таккондиҳанда мебошад. Ҷиддияти мавзӯро номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳисоби ҳизбҳои сиёсӣ ҳам эҳсос намуда, ин ҳолатро ба сифати яке аз паҳлӯҳои ҷолибсози барномаҳои пешазинтихоботии худ истифода бурдан хостанд. Аз ҷумла, раиси Ҳизби демократ Саидҷаъфар Усмонзода гуфт, мехоҳанд ба қонунгузорӣ тағйирот ворид намуда, ба онҳое, ки бе иштироки волидон ва мулло ҳамсари худро талоқ медиҳанд, беш аз 10 сол ба ҳабс муҷозот таъин намоянд. Дар ҷавоб ба суоли мо, ки Тоҷикистон як давлати дунявист, на мазҳабӣ, пас, то куҷо имкон дорад чунин бархӯрди ҳуқуқиро қабул фармояд, ӯ посух дод: “Пешниҳоди мо ин аст, ки никоҳи давлативу мазҳабӣ якҷоя сурат бигирад."

5. Кадом бонуи тоҷик бемор нест?

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҳамроҳ бо Кумитаи занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон бояд рӯйхати асоситарин ва паҳншудатарин маризиҳои бонувони тоҷикистониро муайян намояд. Камхунӣ, саратони сина, сил, фишори хун ва дигарон, ки дар бораашон зиёд менависанд ва арқоми даҳшатангезе пешниҳод мегардад, бояд мавриди баррасии ҷиддии ҳукумат қарор бигирад.

Тибқи омори расмӣ маҷмӯан дар як даҳсолаи аз соли 2006 то соли 2016 беш аз 4 ҳазор зани тоҷик ба бемории саратони сина мубтало шудаанд ва аксари онҳо заноне будаанд, ки аз 45 то 54 сол доранд. Бар асоси таҳқиқоти масъулин, саратони сина ҳоло бештар аз ҳар саратони дигар дар Тоҷикистон паҳн шудааст ва хатари он вуҷуд дорад, ки аз миёни ҳар 100 ҳазор зану духтар на кам аз 11 нафари онҳо ба ин беморӣ гирифтор шаванд.

Сабабҳои ин равандро ба номувофиқии ҳаёти ҷинсӣ, камтар додани шири сина ба кӯдак, илтиҳоби бачадон ва тухмдонҳо ва дигарон мансуб медонанд. Ҳамчунин, ба гуфтаи коршиносон, бемориҳое ҳастанд, ки ба саратон мусоидат мекунанд. Аз ҷумла фарбеҳӣ, фишорбаландӣ, атеросклероз ва бемориҳои ҷигар.

Бояд ба зан, ҳамчун давомдиҳандаи насл ва миллат муносибати ҷиддитарро ба роҳ монд. Барномаи хос дар ин замина қадами аввалин аст. Қадамҳои баъдӣ аз ин гом сахт вобастагӣ доранд. Шиори "Зани солим – миллати солим" бояд дар рӯи мизи ҳар мансабдори тоҷик ба таври доимӣ истода бошад ва аз рӯи он барномаҳое анҷом гирад…

6. Оё аз зани тоҷик сиёсатмадор намебарояд?

Ба сари қудрат расидани Роза Отунбоева соли 2010 дар Қирғизистон мавзӯи имкони ба сиёсати ҷиддӣ ва калон раҳ ёфтани зани тоҷикро низ доғ кард. Албатта, мо ҳанӯз бонувони зиёде надорем, ки дар интихоботи порлумонӣ, чӣ расад президентӣ, бевосита ширкат кунанд. Танҳо соли 2013 буд, ки ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ бори аввал дар таърихи кишвар Ойниҳол Бобоназароваро номзад ба президентӣ карданӣ буд. Аммо ахиран гуфтанд, ки имзои барои ин иқдом заруриро ҷамъоварӣ карда натавонистанд.

Мушкили аслӣ ин аст, ки ҳизбҳои сиёсӣ низ ё ба нерӯи занон бовар ҳосил накардаанд, ё бо воқеияти фаъолиятҳои бонувони кишвар шиносоӣ надоранд.

Ҳукумат ҳам, ҳанӯз намешавад гуфт, ки аз тамоми тавонмандиҳои бонувон истифода мекунад. Агар мекунад, сирф ҷанбаи идеологӣ дорад, ё ба хотири оромтар кардани созмонҳои байналмилалӣ. Аз ин ҷост, ки баъзан сару садое дар матбуот баланд мешавад, ки бахши идеологии ҳукуматро "занона" кардаанд. Ин тарзи масъалагузорӣ ду мавзӯъро ҳосил мекунад:

  • дар ҳақиқат зани тоҷик дар сиёсат ҷуръати хос надорад;
  • аз он ки ҳадди ақал як бахшро ба занон вогузор намудаанд, кадоме ё гурӯҳҳое нороҳат шудаанд.

Ин дар ҳоле, ки дар ҷаҳон андешаҳое роиҷ мешаванд: занон дар сиёсат ва фаъолият одилтаранд. Зеро ба истилоҳ "силаи раҳм" доранду эҳсоси зӯргӯиву таҳаммулнопазирӣ дар вуҷуди онҳо бегона аст. Дар Қирғизистон як замон ба хулосае расиданд, ки барои коҳиш додани фасод дар БДА шумораи бонувонро дар ин бахш бештар кунанд.

Инро бояд тавре фаҳмид, ки роҳкушоӣ ба майдони сиёсиву иҷтимоӣ бояд ба шевае сурат бигирад. Қирғизҳо, ки дар сиёсат низ занони зиёди фаъол доранд, василаро аз тариқи ниҳоди БДА дарёфтанд. Пас роҳи аввали мо кадом аст?

Вақтҳои ахир президент Раҳмон ё бо тақозои созмонҳои байналмилалӣ, ё аз рӯи кадом нақшаву барномаи хоси худ изҳор медорад, ки ба занҳо такяи бештар карданист. Дар анҷумани пешазинтихоботии ҳизби ҳоким гуфт, ки 40% номзадҳояшон бонувон хоҳанд буд. Пештар мансабдорони калидӣ дар мақомоти тоҷик, дар мисоли раҳбарии вазорату кумитаҳо, хеле кам буд. Мо ёд дорем, ки як муддати кӯтоҳ дар соли 2006 вазири тандурустӣ бонуе буд. Солҳои ахир, вазири меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоӣ ҳам зан таъин мешавад. Бо омадани Ширин Амонзода ба курсии раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ мешавад гуфт, ки то ҷое теъдоди бонувон дар мансабҳои калон афзоиш ёфт.

Рӯзи шанбе дар мулоқоташ бо занону духтарон ӯ махсус таъкид кард, ки ба наздикӣ як занро раиси ноҳияи дурдасти Мурғоб таъин кардааст ва аз ӯ таърифи бисёре намуд. Воқеан, қаблан ҳам таҷрибаҳое нишон дод, ки занон метавонанд дар ноҳияҳои аз ҳар ҷиҳат мушкил, аз ҷумла Балҷувон ва Тоҷикобод, ки раисонашон бонувон буданд, роҳбар бошанд. Ин хеле ҷолиб аст...

Аммо президент, вақте имрӯз дар мулоқоти худ бо занҳо гуфт, ки то аввали марти соли 2020 аз шумораи умумии қариб 19000 нафар хизматчиёни давлатӣ 4500 нафар ё 25 фоизро занон ташкил дода, аз ҷумла 1100 нафар ё 19 фоизи онҳо имрӯз дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор мекунанд, ба назари ман бештар “омори зебдиҳанда” буданд. Аммо вақте ӯ гуфт, ки то охири соли гузашта бонувону занон дар ҳайати ҳукумати мамлакат ҳамагӣ 4,7 фоизро ташкил медоданд, вале ин нишондиҳанда имрӯз ба 14,7 фоиз расидааст, масъаларо каме дигархелтар мекунад. Ба ҳар сурат, саволе пайдо мешавад, ки ҳадаф аз ин маълумоти якбора афзоишёбанда чист? Оё воқеан ҳам ба наздикӣ раиси Маҷлиси Миллӣ як бону, масалан Озода Раҳмон хоҳад шуд?

Ҳукумат, ҳарчанд омори зиёд меорад, бо ин вуҷуд гуфтан душвор аст, ки ҷойгоҳи асосии занон дар умури давлатдорӣ пайдо шудааст. Ҳатто, агар президент ягон барномаи вижа дар муносибат бо бонувон дошта бошад ҳам, бубинед, ки ҳанӯз мо ягон бонуеро ба сифати сафири Тоҷикистон дар хориҷи кишвар вонахӯрдаем.

Бояд ба назар гирифт, ки ба корҳои сиёсӣ таъин ё ҷалб намудани занон танҳо аз ҳисоби додани квота ба онҳо нақши чандон таъсиргузор надорад. Таҷрибаи кишварҳои дигар инро исбот намудааст. Пас бояд василаҳоеро пайдо кард, ки ҷуръату мустақилии занон дар сиёсат бештар гардад. Ба ҳар сурат, мо занони таъсиргузоре ҳам дар ибтидои солҳои истиқлол доштем, ки дар баҳсҳои сиёсӣ аз мардон камтар намеомаданд. Онҳо куҷо шуданду чаро аз майдони сиёсат берун ва барои чӣ мактаби сиёсии худро накушоданд? Мо ба ин мавзӯъҳо ҳам дар матолиби дигар бармегардем...

7. Ҳуқуқдонӣ бонувонро феминист мекунад?

Ин ҳам, албатта, воқеият аст, ки дар баъзе кишварҳои аврупоӣ ахиран бархе аз бонувони ҳуқуқдону ҳуқуқпарвар ба феминисти асил табдил ёфтанд. Зеро акнун ҳатто оддитарин корҳои марбут ба рисолати бонувонро низ нақзи ҳуқуқи худ ҳисоб мекунанд. Дар бархе аз маҳфилҳои Тоҷикистон низ ҳамин гуна тарс пайдо шудааст. Ин фарзия то куҷо сиҳат дорад?

Феълан чунин раванд дар муҳити Тоҷикистон эҳсоснашаванда аст. Зеро сухан дар бораи оддитарин ҳуқуқи инсонӣ меравад, ки мутаассифона бонувони мо аз онҳо огоҳӣ надоранд. Баъдан, ба андешаи мо, муҳити шарқӣ доштани бонувони тоҷик ин гуна равандро бояд ғайриимкон гардонад. Ҳади ақал бо он ки дар Эрону Афғонистон, ки занон дар корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ аз мо дида фаъолтаранд, ин гуна мушкил ҷиддӣ пеш наомадааст…

8. Чаро бонувон ба Кумитаи занҳо муроҷиат кардан намехоҳанд?

Бояд мисли ҳақиқат пазируфт, ки Кумитаи занон ва оила дар Тоҷикистон ба "ниҳоди занона" табдил шудааст. Аммо дар асл набояд ин гуна бошад. Дуруст аст, ки вақте ба сари ягон зан мушкил пеш меояд, бояд ӯ як маъмурияте дошта бошад, ки ба он муроҷиат намояд. Албатта, мо фаромӯш намекунем, ки зан ҳам як инсон аст ва дар сурати нақз шудани ҳуқуқаш бояд ба мақомоти марбута, аз ҷумла суду прокуратура ва милиса муроҷиат намояд. Вале, агар сухан аз "мавзӯъҳои сирф занона" бошад чӣ?

Дар ин сурат, нақши кумитаи занон ба сифати ниҳоди роҳнамову машваратӣ авлавият пайдо мекунад. Чӣ ҷои пинҳон кардан, ки кумита феълан ин рисолаташро ба таври лозим анҷом намедиҳад. Аз як ҷониб, барои бисёриҳо "ниҳоди занона" унвон шудани ин кумита бошад, аз ҷониби дигар, сухан дар бораи мақоми начандон баланди зерсохторҳои ин кумита меравад, ки дар маҳалҳо ба сифати шӯъба шинохта шудаанд. Ҳол он ки аксари мушкилоти бонувон маҳз дар сатҳи навоҳиву деҳот ҷамъ шудаанд.

Аз ин хотир, беҳтар мебуд, сохторҳои кумитаро дар шаҳру ноҳияҳо мартабаи баландтаре медоданд. Вагарна занон ба созмонҳои ғайридавлатӣ, ки баъзеҳо ба фаъолияташон бо наҳваи гуногун шак доранд ва ташкилоти байналмилалӣ муроҷиат мекунанд, то ин ки ба шӯъбаҳои занони ҳукумати ноҳия…

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (14)

XS
SM
MD
LG