Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

OSCE ба интихоботи Тоҷикистон ҳайати хурди нозиронро фиристод


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (OSCE) дар остонаи интихоботи порлумонии Тоҷикистон як ҳайати хурди нозиронро ба кишвар фиристодааст.

Катя Андрутс, сухангӯи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар, як ниҳоди вобаста ба САҲА, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳайат рӯзи 13-уми феврал корро дар Тоҷикистон оғоз кард.

Сухангӯи ин созмони байналмилалии воқеъ дар Варшава афзуд, Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар арзёбиҳои ниҳоии худро баъд аз ду моҳи баргузории интихобот дар гузорише эълон хоҳад кард.

Эълони хулоса баъд аз ду моҳи интихобот

Бар асоси муқаррарот, ҳайати САҲА оид ба арзёбиҳои интихоботӣ дар рӯзи баъди овоздиҳӣ, ки қарор аст натиҷаҳои ибтидоии интихобот эълон шаванд, нишасти матбуотӣ доир намекунад. Маъмулан чунин нишастҳо ҳамчун баҳодиҳии аввали нозирони байналмилалӣ ба интихобот хеле муҳим шумурда мешаванд.

Чунин муқаррарот ҷузъе аз кори нозирони дарозмуддат ва кӯтоҳмуддати САҲА мебошад, ки арзёбиҳои аввали худро аз ҷараёни овоздиҳӣ, риоя шудани қонун ва эҳтимоли поймолшавии он баён мекунад.

Ахиран чунин ҳайат дар интихоботи Озарбойҷон ҳам иштирок карда, овоздиҳӣ дар ин ҷумҳурии шӯравии собиқро мавриди интиқод қарор дод.

Катя Андрутс гуфт, “тахминан чанд моҳ пеш аз интихобот мақомоти миллӣ ба ODIHR даъватнома фиристода, аз онҳо дархост мекунанд, ки барои назорат ҳайат фиристанд. Бар асоси ҳамин, мутахассисони мо ҳам як ҳайатро барои анҷоми маъмурияти арзёбии ниёзҳои ODIHR дар Тоҷикистон фиристоданд”.

Ӯ таъкид кард, ки мутахассисони созмон танҳо ба хотири “арзёбии бетарафонаи интихобот” ба он ҷо мераванд.

Талоши 241 довталаб барои 63 курсӣ

Дар интихоботҳои гузаштаи Тоҷикистон шумори нозирони САҲА ва дигар созмонҳои ғарбӣ ба маротиб бештар будааст. Масалан, интихоботи президентии соли 2013-ро дар маҷмӯъ 165 нозири кӯтоҳмуддату дарозмуддати САҲА ва 150 нозир аз Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ назорат кардаанд.

Носирҷон Салимӣ
Носирҷон Салимӣ

Носирҷон Салимӣ, узви Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, то 14-уми феврал наздики 100 нозир аз созмону кишварҳои хориҷӣ дархост доданд, ки барои назорат аз интихобот сабтином шаванд.

Дар миёни нозирони дигар ҳайате ба намояндагӣ аз Иттиҳоди давлатҳои мустақил ҳам дар Тоҷикистон қарор дорад.

Маъмулан ин созмони зери назари Русия ҳеҷ гоҳ интихоботи Тоҷикистонро интиқод намекунад. Дар муқобили ин, мавқеи нозирони байналмилалии САҲА ҳамеша интиқодӣ буда, ҳеҷ як интихоботи Тоҷикистон ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ арзёбӣ нашудааст.

Носирҷон Салимӣ гуфт, ҳанӯз мулоқоту гуфтугӯи онҳо бо намояндагони САҲА баргузор нашудааст.

Интихоботи порлумонии Тоҷикистон, ки дар рӯзи аввали баҳори соли 2020 баргузор мешавад, бо ширкати номзадҳо аз ҳафт ҳизби сиёсии сабтиномшуда дар Тоҷикистон ва ҳам номзадҳои мустақил баргузор хоҳад шуд. Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон гуфт, барои 63 курсии маҷлис дар маҷмуъ 241 довталаб мубориза мебаранд.

Аз ин шумор 65 нафар бар асоси рӯйхати ҳизбӣ, 77 намояндаи ҳизбҳои сиёсӣ аз ҳавзаҳои якмандатӣ ва 98 нафар аз роҳи худпешбарӣ ба ҳайси номзад сабтином шудаанд.

"Будани онҳо муҳим аст"

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

Таҳлилгари масоили сиёсии Тоҷикистон Абдумалик Қодиров мегӯяд, тақрибан чанд моҳ пеш як ҳайате аз кормандони САҲА барои арзёбии фазои пешазинтихоботии Тоҷикистон ва гуфтугӯ бо доираҳои мухталифи сиёсиву коршинсон ба Душанбе омада буданд.

Ӯ гуфт, зоҳиран, бар пояи ҳамин суҳбатҳо созмон тасмим гирифтааст, ки ин навбат ба интихобот ҳайати маҳдуди мутахассисонро фиристад, «чун шояд зарурати сарфи маблағи зиёд зарур нест ва чизе тағйир намеёбад».

Вале, ба андешаи Қодиров, будани онҳо дар интихобот, “дар ҳайати хурд ҳам бошад, муҳим аст», то ба гуфтааш, “барои таърих фикру ақидаи худро дар бораи чӣ гуна гузаштани интихобот гузоранд».

Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо 16-уми январи имсол дар гузорише аз амалкардҳои ҳукумати Тоҷикистон ва иҷро накардани ӯҳдадориҳояш дар назди ин созмон дар бораи гуногунандешӣ, ҳузур дар интихобот ва муҳокимаҳои одилона изҳори нигаронӣ карда буд.

Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон дар арзёбии шароити пеш аз интихоботӣ дар Тоҷикистон гуфт, сатҳи эҳтироми озодиҳои асосӣ аз замони интихоботҳои гузашта боз ҳам бадтар шудааст. Ҳарҷанд мақомоти тоҷик ба гузориш вокуниш накарданд, дар гузашта мақомот на ҳама интиқодҳои САҲА-ро қабул кардаанд.

Яке аз интиқодҳои умдаи нозирони байналмилалӣ ва ҳам соҳибназарони беруна ин аст, ки дар миёни ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ба ҷуз Ҳизби сотсиал-демократ ҳеч ташкилоти мустақил ва мухолифи ҳукумат вуҷуд надорад ва аксар панҷ ҳизби ғайр аз халқии демократӣ дар асл бо мавқеи ҳизби ҳоким ҳамназар ва ҳамсангар мебошанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG