Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихобот 2020: Ҷайби кӣ ғафстар?


Намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ дар мизгирди Радиои Озодӣ
Намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ дар мизгирди Радиои Озодӣ

То рӯзи интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон камтар аз як моҳи дигар боқӣ монд. Дар ин муддат ҳизбҳои сиёсӣ қарор аст маъракаи тарғиботии худро пеш баранд ва барои ҷалби райъи мардум талош варзанд.

Маъракаи тарғиботии пурсамар харҷи ҳангуфтеро талаб мекунад ва дар остонаи интихобот Радиои Озодӣ аз ҳизбҳои расмии Тоҷикистон пурсид, ки чӣ имконоти молиеро барномаи пешбурди маъракаи интихоботӣ дар ихтиёр доранд?

ҲСДТ мошин ва хонаи узви ҳизбро ба гарав гузошт

Як кандукови Радиои Озодӣ маълум кард, ки танҳо Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон аз камбуди молӣ ранҷ мекашад, ҳизбҳои боқӣ мегӯянд, дар дарёфти маблағ мушкиле надоранд.

Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон, ки дар шароити феълӣ коршиносон аз он “ягона ҳизби мухолифи воқеӣ” ном мебаранд, ба назар мерасад имконоти молиаш аз ҳама заифтар аст.

Раҳматилло Зоиров, раиси ин ҳизб дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки барои маблағгузории гаравпулии 5 нафар номзадҳои ҳизб дар интихобот ва пешбурди маъракаи тарғиботӣ маҷбур шуданд, ягона мошини сабукрави ҳизбро ба гарав гузоранд.

“Ҳизб як мошини сабукрави "Ҳонда" дорад. Ҳамонро хостем ба гарав гузошта аз бонкҳо маблағ гирем. Лекин ягон бонк ҳозир нашуд ба мо қарз диҳад. Баъдан мо ин мошинро ба як шахс гарав монда бар иваз пул гирифтем. Ӯ розӣ шуд, ки агар мо пулро баргардонида навтавонистем мошинро мегирад. Аммо ин пул ҳам кифоя набуд. Аз ин рӯ, барои пеш бурдани маъракаи интихоботӣ хонаи як аъзои ҳизбро ба гарав гузошта, аз як нафар қарз гирифтем”,-- иброз дошт Зоиров.

Раиси ҲСДТ афзуд, дар навбати аввал ҳизб варақа ва буклетҳоро омода ва нашр мекунад, ки дар он барномаи ҳизб ва мақсаду ҳадафҳояш зикр шудаанд.

Тарс аз сармоягузории ҳизби сиёсӣ

Қонунҳои интихоботии Тоҷикистон дар сармоягузорӣ ба маъракаи интихоботии вакилон ва ҳам ҳизбҳо аз ҷониби шахсони алоҳида ва ҳам ширкатҳо маҳдудият ҷорӣ кардааст. Барои мисол Мувофиқи қонуни конститутсионӣ “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” шаҳрванд ҳақ надорад барои маъракаи тарғиботии номзад ба вакилӣ беш аз 2900 сомонӣ ва ширкатҳо на бештар 5800 сомонӣ маблағ ворид кунад.

Мувофиқи ҳамин қонун харҷи маъракаи тарғиботии як номзад аз 87 ҳазор сомонӣ (8700 доллар) ва харҷи тарғиботи пеш аз интихоботии ҳизб дар маҷмӯъ аз 1 миллиону 740 ҳазор сомонӣ беш набошад.

Раҳматилло Зоиров мегӯяд, соҳибкорон ва ё моликони алоҳида дар Тоҷикистон аз сармоягузорӣ кардани ҳизбҳои мунтақиди давлат, мисли ҲСДТ парҳез мекунанд, чун намехоҳанд барои худ дарди сар бихаранд.

То 150 ҳазор сомонӣ. Буҷаи дигар аҳзоб барои таблиғ

Аммо ҳизбҳои дигар дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар дарёфти маблағ барои пешбурди маъракаи пеш аз интихоботӣ мушкиле надоранд ва барои ин маърака аз 100 то 150 ҳазор сомонӣ маблағ масраф мекунанд.

Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон мегӯяд, барои маъракаи интихобот ҳудуди 75 ҳазор сомонӣ сарф хоҳад кард.

Ӯ гуфт, Комиссияи Марказии Интихобот ва Райъпурсӣ барои пешбурди маъракаи таблиғот 50 ҳазор сомонӣ ба ҳар ҳизб медиҳад ва бар замми ин 25 ҳазор сомонии дигар маблағ ҷалб карданист.

Усмонзода дар мавриди манбаъҳои даромади ҳизб чизе нагуфт, аммо афзуд, “ҳоло бештари интихобкунадагон аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мекунанд ва Ҳизби демократ барои тарғиби барномаи хеш аз он истифода мекунад, ки харҷи зиёд талаб намекунад”.

"Маблағи тарғиботӣ сирри ҳизбӣ аст!"

Рустам Қудратов, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон нахост ба Радиои Озодӣ маблағи маъракаи тарғиботии ҳизбашро ифшо кунад.

Ӯ гуфт: “ин маълумот сирри ҳизбӣ аст ва ифшо намешавад”.

Мавсуф гуфт, ҳизби зери роҳбариаш аз 40 дақиқа вақти ройгоне ки телевизионҳои давлатӣ медиҳанд, барои таблиғи ҳизб истифода мекунад.

Сотсиалистон дар интихоботи пешорӯ ҳудуди 100 ҳазор сомонӣ масраф карданӣ ҳастанд.

Абдуҳалим Ғаффоров, раиси ҳизби сотсиалистӣ мегӯяд, ҳоло мунтазири 50 ҳазор сомонӣ аз КМИР ҳастанд, то корҳои таблиғотиро шурӯъ кунанд.

Ӯ афзуд, ҳизб ҳамчунон газетаи “Иттиҳод”-ро нашр мекунад, ки мақсаду ҳадафҳояшро тавассути он ва ҳамчунон расонаҳои дигар таблиғ мекунанд.

Масъулони Ҳизби аграрии Тоҷикистон, дуввуми ҳизбе, ки пас аз ҳизби ҳоким дар порлумон намояндаи бештар дорад, мегӯянд, дар сармоягузории маъракаи таблиғотӣ камбуде надоранд. Аммо маълум нест барои ин маъракаи интихоботӣ чӣ миқдор маблағ масраф мекунанд.

Ҳизби ҳоким мушкили молӣ надорад

Дар миёни ҳизбҳо, Ҳизби ҳокими халқӣ демократӣ имконияти аз ҳама хубтари молиро дар ихтиёр дорад.

Абдураҳмон Хонзода, раиси дастгоҳи марказии Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, даромади ҳизб аз ҳисоби аъзоҳақии беш аз 500 ҳазор узви ҳизб аст, ки ба таври ихтиёрӣ 1 дарсади маошашонро ба суратҳисоби ҳизб мепардозанд.

“Аммо дар мо пардохти ҳаққи узвият маҷбурӣ нест, ихтиёрӣ мебошад”,-- иддао кард ӯ.

Хонзода дар мавриди он, ки ҲХДТ чӣ миқдор маблағеро барои таблиғотӣ қалб аз интихоботӣ масраф карданист рақамеро ном набурд ва танҳо гуфт, "ҳизб дар доираи маблағе, ки қонун иҷозат додааст, кор мекунад".

Қонунҳои Тоҷикистон харҷи маъракаи таблиғотии як ҳизбро дар доираи 1 миллиону 740 ҳазор сомонӣ маҳдуд кардаанд.

То анҷоми маъракаи таблиғотӣ пеш аз интихоботӣ дар Тоҷикистон бештар аз ду ҳафтаи дигар боқӣ мондааст, аммо ин маърака чандон гарму доғ ба назар намерасад. Танҳо дар канори ҷодаҳо тоблуҳое бо шиорҳои “1-уми март ҳама ба интихобот”, ки мақомоти маҳаллӣ онро насб кардаанд, дида мешавад. Аз таблиғоти ҳизбҳои алоҳида чизе ба назар намерасад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG