Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаффоф ё не? Баҳси интихоботии раҳбарони 7 ҳизби сиёсии Тоҷикистон. ВИДЕО


Намояндагони аҳзоб дар мизи гирди Радиои Озодӣ

Нахустин дебат ё баҳси раҳбарон ва намояндагони 7 ҳизби сиёсии Тоҷикистон дар ростои интихоботи порлумонии 1-уми март.

  • Оё интихобот шаффоф ва одилона хоҳад гузашт?
  • Беҳизбӣ шудани кумисюнҳои интихоботӣ беғаразии онҳоро таъмин мекунад?
  • Раиси ояндаи порлумон аз ҳоло маълум аст?
  • Ҳизбҳо мушкилоти мардумро медонанд?
  • Нархҳо, андозҳо, маошҳо чӣ гуна мешаванд?
  • Муҳоҷирати корӣ ба поён мерасад?
  • Ба маҳрум будани Ҳизби наҳзати исломӣ аз ширкат дар ин интихобот чӣ назар доред?
  • Тоҷикистон узви Иттиҳоди АвруОсиё мешавад?
  • Оё нигилизми сиёсӣ барои интихобот хуб аст ё бад?

Ин ва дигар пурсишҳо дар аввалин баҳси мизи гирди Радиои Озодӣ бо иштироки

Мирзоанвар Аҳмедов, муовини раиси Ҳизби аграрӣ,

Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон,

Рустам Қудратов, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ,

Заррагул Мирасанова, муовини раиси Ҳизби коммунист,

Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистӣ,

Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва

Бахтовар Сафарзода, раиси фраксияи Ҳизби халқии демократӣ дар Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон

баррасӣ шуданд.

Баҳсу изҳори назарҳои раҳбарону намояндагони ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон бар асоси пурсишу суолҳои хонандагони сомонаи Радиои Озодӣ ба роҳ монда шуд.

БАХШИ АВВАЛИ МУНОЗИРАИ НАМОЯНДАГОНИ АҲЗОБ:

Бахши аввали мунозираи раҳбарони ҳизбҳои Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:32:16 0:00

БАХШИ ДУВУМ:

Бахши дувуми мунозираи аҳзоб дар бораи интихоботи порлумонӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:28:03 0:00

Суол: Ҳизби Шумо ба интихобот бо чӣ барнома меравад ва чиро тағйир додан мехоҳед?

Аксар раҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ гуфтанд, ки беҳбуди вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва коҳиши шиддати бекорӣ ҳадафи ниҳоии онҳо аст. Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон гуфт, "дар барнома беҳтар кардани роҳҳои расонидани кумакҳои иҷтимоӣ ва беҳтар кардани нафақаи мардум қарор дорад".

Заррагул Мирасанова гуфт, шиори коммунистҳо дар интихобот "адолати иҷтимоӣ" ва "бародарию баробарӣ" мемонад.

Бахтовар Сафарзода гуфт, ки дар назди ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар солҳои 2020-2025 ҳадафҳои нав, аз ҷумла, ба марҳилаи нави рушд баровардани кишвар гузошта шудааст. Ҳизби сотсиал-демократ мегӯяд, ташаккул додани иродаи мардум барои иштирок дар интихобот яке аз муҳимтарин ҳадафҳои онҳо мебошад, чун, ба гуфтаи раиси ҳизб Раҳматилло Зоиров, "ин ҳизби ормонҳои мардум аст".

Рустам Қудратов гуфт, ҳадафи Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ – таъмини рушди иқтисоди миллӣ ва зиндагии шоиста мебошад.

БАРНОМАРО ДАР ЮТЮБ БИНЕД:

Суол: Ба шаффофу одилона ва мутобиқ ба қонун барпо шудани интихобот бовар доред?

Намояндаи ҳизби аграрӣ – Мирзоанвар Аҳмедов гуфт, ки ба риоя шудани қонун бовар дорад, чун, ба гуфтааш, "аъзои участкаҳои интихоботӣ барои шаффоф гузаронидани интихобот саҳми арзанда мегузоранд".

Раиси ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода ҳам ба ин савол посухи мусбат дод ва Заррагул Мирасанова аз ҳизби коммунист гуфт: "Тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Иштирок мекунем ва баъд аз он халқ интихоб мекунад."

Вале ба андешаи Раҳматилло Зоиров, "ҳанӯз камбудҳо зиёд ҳастанд”. Вай афзуд: "Ман итминони комил дорам, ки ин интихобот озод ва демократӣ баргузор намешавад. Барои чӣ? Ҳамаи ҳизбҳои ин ҷо нишаста аз узвият дар комиссияҳои интихоботӣ маҳрум ҳастанд. Ягон ҳизб ягон узвашро ба комиссия пешниҳод карда наметонад. Ҳамааш аз марказ ташкил мешавад ва он ҷо имкон дорад, ки фақат маъмурият, ё ки ҳукумати Тоҷикистон, ё ки масалан, ҳизби халқии демократӣ имконияти ворид кардани аъзояшро дорад. Масъалаи дуюм. 15 сол мешавад, ки ҳукумати Тоҷикистон ваъда медиҳад, ки реестри интихобкунандагонро тартиб медиҳад. То имрӯз ин реестр тартиб дода нашудааст. Яъне дар ин асос ҳозир мо бо интихобкунандагон кор карда наметавонем. Сеюм масъала дар он аст, ки дар миқёси ҷумҳурӣ ҳама мақомоти маҳаллӣ ва худидоракунӣ таъиншуда мебошанд. Ва бевосита ҳам аз ҷиҳати маъмурӣ, ҳам аз ҷиҳати ҳизбӣ дар тобеияти як одам – президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастанд. Барои ҳамин ман мегӯям, ки интихобот онгуна баргузор мешавад, ки чӣ гуна президент ба он тавсия ва супориш медиҳад."

Айни замон, ӯ гуфт, ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, бо вуҷуди ин воқеиятҳо, ба хотири "муаррифии барномаи ҳизб" ва ҳам "боло бурдани иродаи сиёсии мардум" тасмим гирифтааст, ки интихоботро бойкот накунад ва дар он иштирок варзад.

Суол: Маҳмадтоҳир Зокирзода раиси порлумон мешавад?

Раҳматилло Зоиров гуфт, бо назардошти табиати сиёсии Тоҷикистон, интизор меравад, ки Маҳмадтоҳир Зокирзода, муовини нахуствазири Тоҷикистон, раиси ояндаи Маҷлиси намояндагон мешавад. Ишораи Зоиров, зоҳиран, ба ин буд, ки дар таърихи Тоҷикистон ҳамеша раҳбарии порлумонро номзади пирӯз дар ҳавзаи интихоботии минтақаи Рашт ба ӯҳда доштааст. Шукурҷон Зуҳуров, раҳбари феълии порлумон ҳам аз ҳавзаи рақами 12-и ҳамин минтақа пешбарӣ шуда буд.

Вале ба ин интиқоди Зоиров дигар ширкатдорони мубоҳиса мухолифат карданд. Аз ҷумла, Рустам Қудратов, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ гуфт, ки ҳеч гуна тасмимҳои пешакӣ дар заминаи интихоботи раиси порлумон вуҷуд надорад ва бо ишора ба мисоли интихоби Зуҳуров дар соли 2015 гуфт, ин ҷараён шаффоф ва бидуни дахолат сурат гирифта буд. "Ҳеҷ кас ба ман омада нагуфтааст, ки барои Зуҳуров овоз диҳед. Мо медонем ба кӣ овоз диҳем, он ҷо авторитет нақш бозӣ мекунад”, -- афзуд ӯ.

Бахтовар Сафарзода ҳам дар посух ба Зоиров гуфт, ин ҳарфҳо нишонаи “нигилизм”, “ҳангомасозӣ” ва ҳам “нобоварӣ ба ҷамъият ва равандҳои сиёсӣ аст”.

Суол: Чаро Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ширкат дар интихобот маҳрум аст ва Шумо аз ин маҳрумияти онҳо ҳимоят мекунед?

Тирамоҳи соли 2015 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳизби наҳзати исломӣ бо иттиҳоми ин ки “экстремистӣ ва террористӣ” аст, баста ва мамнӯъ эълон шуд. Вале худи фаъолону раҳбарони ин ҳизб, ки то соли 2015 мегуфт 40 ҳазор узв дорад, ин иттиҳомотро рад мекунад. Баҳори ҳамон сол ин ҳизб натавонист вориди парлумон шавад.

Дар савол ба ширкатдорони мубоҳисаи пешазинтихоботӣ Стив Свердлов, пажӯҳишгари созмони Human Rights Watch навишт: “Чаро Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ширкат дар интихобот маҳрум аст ва шумо аз ин маҳрумияти онҳо ҳимоят мекунед?” Бахтовар Сафарзода, намояндаи ҳизби ҳоким гуфт: “Чунин ҳизб дар фазои сиёсии Тоҷикистон вуҷуд надорад. Наҳзати ислом бо қарори Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти террористию экстремистӣ эътироф шудааст ва дар фазои сиёсии Тоҷикистон вуҷуд надорад”.

Суол: Кай Тоҷикистон ба узвияти Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дохил мешавад? Як нафар мепурсад: Оё аъзои ҳукумат намефаҳманд, ки ин ба манфиати муҳоҷирон аст, чунки аз кору даромади онҳо иқтисоди Тоҷикистон ҳам фоида мебинад?

Мирзоанвар Аҳмедов аз ҳизби аграрӣ ба ин назар аст, ки “Тоҷикистон хоҳони ворид шудан ба ин созмон аст, вале бояд манфиату зарарҳоро барои кишвар омӯзад". "Мо бояд аввал баъзе масъалаҳои дохилии иқтисодиро ҳал кунем. Масалан, ба охир расондани сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Роғун. Дар он сурат замина пайдо мешавад, ки иқтисоди воқеӣ тараққӣ кунад. Мо мисоли Қирғизистонро дида истодаем, ки дар кадом сатҳ аст. Масъалаи дохил шудан ба ЕАЭС-ро танҳо бо масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ кардан мумкин нест. Мо набояд таҷрибаи талхи ҷумҳуриҳои ҳамсояро такрор накунем".

Вале раҳбари демократҳо гуфт, ки “новобаста ба мушкилот”, Тоҷикистон бояд ба узвияти ин созмон ворид шавад. Ба назари Усмонзода, масъалаи аввал барои Тоҷикистон амният аст. Ӯ гуфт, ҳоло Тоҷикистони ҳамсоя бо Афғонистон дар таъмини амнияти кишвар бо кумаки Амрико ва пойгоҳи 201-уми Русия ҳамкорӣ мекунад. "Ин армияи мо, мебахшед, барои тартиботи дарун аст. Толибон, ДОИШ... Се давлат ҷанг карданд, зӯрашон нарасид. Зӯри мо ба онҳо мерасад? Яъне, ки агар ҳузури Русия дар ин ҷо набошад, ба ҳамин об, мебахшед, дар Рӯшон дарёро саг мегузарад, шикамаш тар намешавад. То зону нест, 50 сентиметр аст”.

Саидҷаъфар Усмонзода дар идома гуфт, дар сурати ворид шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, манфитаҳои муҳоҷирон ҳимоят мешавад. “Онҳо пули бештарро ба Тоҷикистон ворид мекунанд. Шароити кории онҳо хубтар мешавад. Дар дунё дигар давлате нест, ки муҳоҷири моро бевиза қабул кунад”.

Интихоботи порлумонии Тоҷикистон рӯзи 1-уми март баргузор мешавад ва ҳафт ҳизб барои ворид шудан ба маҷлис вориди рақобат хоҳанд шуд. Ба порлумон, ки аз 63 курсӣ иборат аст, 22 нафар ба воситаи рӯйхатҳои ҳизбӣ ва 41 нафар ба унвони номзадҳои инфиродӣ ё аз ҳавзаҳои якмандатӣ ворид хоҳанд шуд. Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, мегӯяд, ки исми 74 нафар бар асоси рӯйхатҳои ҳизбӣ расман тасдиқ шудааст. Аз 9-уми феврал қарор аст маъракаи таблиғотии номзадҳои интихоботӣ шуруъ шавад.

Шарҳҳоро бинед (29)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG