Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарзона зуд-зуд барои духтарони бемораш хун мехарад. Хуне, ки гаронтар мешавад. ВИДЕО


Фарзона Наимова ва духтари бемораш.

Афзоиши нархи хун дар Тоҷикистон, афроди гирифтор ба бемориҳои хун ва муҳтоҷ ба онро нигарон кардааст. Аммо одамоне пайдо шудаанд, ки омодаанд, ба беморон ройгон хун диҳанд.

Фарзона Наимова, сокини шаҳри Ҳисор, яке аз онҳост, чун пайваста хун ва плазма мехарад.Се духтари хурдсолаш аз бемории лахтшавии хун азият мекашанд ва дар бадани онҳо доғҳои сиёҳу кабуд, ки дар натиҷаи кафидани рагҳо пайдо шудаанд, дида мешавад.

Ба гуфтаи Фарзона пас аз ҳар хунравӣ, ки гоҳо дер идома мекунад, ба фарзандони ӯ бояд хун дода шавад. Аммо барои ин модари танҳо, чунин табобат ва пайваста харидани хун мушкил аст. Ӯ ҷое кор намекунад ва шавҳараш ҳам, тавре худи Фарзона мегӯяд, ба иллати бемории кӯдакон аз оила ҷудо шуд.

Фарзона мегӯяд, “Ҳоло медонед, ки хун қиммат шудааст, ман бояд пайваста кӯдаконро табобат кунам. Мисол 300 грамм хунро ман 315 сомони мехаридам, фақат барои як нафар. Ман бояд барои 3 кас бихарам. Аз ҳамин сабаб ҳар моҳ дар духтур муроҷиат намекунам, чун зӯрам намерасад.”

Хун дар Тоҷикистон гарон шудааст
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:42 0:00

Фарзона мегӯяд, аҳволи духтари калониаш, ки 8 сол дорад, чандон хуб нест. Камхунӣ ӯро беҳаракат ва аз мактаб дур кардааст, аммо ба гуфтаи модар, ӯ имкони хариди хунро, ки метавонад, вазъи духтарашро беҳтар кунад, надорад.

Нархи хун дар Тоҷикистон ҳудуди 20 дар сад боло рафтааст ва қимати ҳар 100 миллилитр хун вобаста ба гурӯҳҳои он ба гуфтаи корафтодаҳо то 105 - 120 сомонӣ арзиш дорад.

Эҳтиёҷи афзоянда ба хун ба Тоҷикистон

Мисли Фарзона дар кишвар садҳо хонаводаҳое ҳаст, ки барои табобати наздикони худ пайваста ба ҳаҷми зиёди хун зарурат пайдо мекунанд. Ба ҷуз як гурӯҳи беморон, ки дар дарёфти хуни ройгон имтиёз доранд, аксари дигар бавижа онҳое, ки гирифтори саратони хун ва ё бемориҳои мухталифи хун ҳастанд, маҷбуранд, пайваста хун бихаранд.

Ба далели тангдастӣ ва набуди имкони харидории хун бархе аз ин беморон ҳоло аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ барои дарёфти хуни ройгон донор меҷӯянд.

Дар пайи як эълон ин шабу рӯз бархе аз корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук барои Сумая як духтари 7-солаи мубтало ба бемории лейкоз довталабона хун месупоранд.

Танҳо дар як рӯз беш аз 5 нафар, барои Сумая ба Маркази ҷумҳуриявии илмии хун, барои хунсупорӣ омаданд. Ширин Меликова, як корбари Фейсбук дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бори аввал аст ба хотири наҷоти ҷони Сумайя ба хунсупорӣ омадааст.

Ӯ афзуд: “Дар Фейсбук хондам, ки аз Тоҷикистониён ёрдам мепурсанд. Омадам, ки ёрии худро расонад. Мехоҳам, ки ин корро одамони зиёдтар кунанд, биёянд, хун супоранд ва умри ягон бемори мӯҳтоҷи хунро наҷот диҳанд.”

Модари Сумайя гуфт, ки имкони харидани хунро надорад ва аз сокинон дар дарёфти хуни ройгон кумак хостааст. Барои ҳар бор ба Сумая хун додан ба волидон беш аз 500 сомонӣ лозим аст.

Сабаби гароншавии хун чист?

Сабаби то 15 дар сад афзудани нархи хун дар муассисаҳои тиббиро мақомот дар афзоиши маводи хароҷот барои коркард ва бехатарии хун арзёбӣ карданд.

Азмиддин Қутбиддинов, муовини раҳбари кулли Маркази ҷумҳуриявии илмии мегӯяд: “Мақсади асосии сохтор таъмин намудани бехатарии ҷузъҳои хуни донорӣ ва сифати хун мебошад. Барои таъмин намудани хуни баландсифат, маводи сарфаи яккарата ва технологияи дорои сифати баланд харидорӣ кардан зарур аст. Таъмини чунин дастгоҳҳо хароҷоти зиёд дорад, ҳамин ҳам сабаби як миқдор баланд рафтани нархи хун шудааст.”

Болоравии арзиши хун дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулон шумораи донорҳо ҳам зиёд шудааст. Дар як соли ахир ба ҳисоби маркази ҷумҳуриявӣ 50 ҳазор нафар хун супурдаанд ва он барои беш аз 90 ҳазор бемори ниёзманд истифода бурда мешудааст.

Азмиддин Қутбиддинов, муовини раҳбари кулли Маркази ҷумҳуриявии илмии хун меафзояд: “Соли гузашта 43 890 нафар буд, як соли пешаш 38 000 буд, шуморааш ҳамин тавр ҳар сол 3-4 ҳазор зиёд мешавад.”

Афзоиши подош дар ивази хун

Дар айни замон ба гуфтаи масъулини маркази хун, маблағе ҳам, ки барои донорҳо пардохт мешавад, то андозае афзоиш ёфтааст. Барои хунсупорӣ вобаста ба гурӯҳи он, ба гуфтаи Азмиддин Қутбиддинов аз 55 то 150 сомонӣ пардохт мешавад.

Сабаби афзоиши донорҳои хун дар кишварро масъулони марказ ба таблиғи манфиатҳои хунсупорӣ ва баланд рафтани арзиши хун медонанд.

Харидорони хун аслан муассисаҳои тиббие ҳастанд, ки бо беморони дорои хунравӣ кор мебаранд ва ё афроди алоҳидае, ки барои наҷоти наздикони беморашон ҳар бор ба хун зарурат пайдо мекунанд.

Дар Тоҷикистон бештар аз ҳама бемориҳои саратони хун ва бемориҳое, ки пайваста ба хунравӣ дучор мешаванд ба хун зарурат пайдо мекунанд. Гуруҳе аз ин афрод бо мусоидати созмонҳои хайрия ва ҷамъиятӣ ба хуни ройгон дастрасӣ доранд.

Аммо беморони дигар дар сурати пеш омадани зарурат бояд ба ҳар қиммат хун бихаранд ва ё то даст додани имкон ва ёфт шудани хун интизор бимонанд. Мисли Фарзона Наимова, ки наметавонад, сари вақт барои 3 духтари хурдсолаш хун бихарад.

Онҳое, ки мехоҳанд ба Фарзона, модари 3 духтари бемор кӯмак кунанд, метавонанд ба ин рақам 903 03 26 27 тамос гиранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG