Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди фалокат. Шоҳроҳи Душанбе-Хуҷандро боз карданд. ВИДЕО


Ба дунболи эътироз ва нигарониҳои зиёди ронандагону мусофирон, ширкати муттасадии таъмир ва ҷамъоварии пул дар роҳи Душанбе-Хуҷанд гуфт, роҳ боз ва имкони ҳаракат дар он фароҳам шудааст.

Ширкати IRS аз ин пеш гуфт, бинобар сангрезии зиёд ва лағжиши кӯҳпора ҳаракати нақлиётро аз соати 8-и шаби 24-уми апрел дар ин роҳи муҳим қатъ кард. Роҳи Душанбе-Хуҷанд аз шоҳроҳҳои ҳаётии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва пойтахти кишварро бо шимоли он мепайвандад.

Далер Мерганов, сухангӯи ширкати IRS рӯзи 25-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, қисматҳое, ки сангреза баста буд, боз шуд ва ҳоло ронандагон метавонанд, аз ду самт ҳаракатро идома диҳанд. Ӯ айни замон ҳушдор дод, ки ҳангоми ҳаракат ронандагон бояд ҳушёр бошанд:

"Ин кори табиат аст, мо гуфта наметавонем, ки хатар пурра рафъ шудааст. Дар ҳар сурат, тавсияи мо ба ронандагон ҳамин аст, ки эҳтиёт кунанд. Он чизе, ки бартараф карданаш имконпазир буд, мо анҷом додем. Дар мувофиқа бо ниҳодҳои дигар ба хулосае омадем ва ба ҳаракати мошинҳо иҷоза диҳем."

Садҳо ронанда ва мусофирони шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд аз таъхир дар корҳо барои бартараф кардани кӯҳпораҳо изҳори нигаронӣ доштанд.

Баъди фалокат. Шоҳроҳи Душанбе-Хуҷандро боз карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:27 0:00

Ҳаким Сафаров, ронандае, ки рӯзи 25-уми апрел дар 50-километрии роҳи Душанбе-Хуҷанд бо гурӯҳе аз ронандагон қарор дошт, ба Радиои Озодӣ гуфт, соатҳо боз мунтазири боз шудани роҳанд, вале масъулон дар мавриди вазъи роҳ ҳеҷ маълумот намедиҳанд:

"Мусофирон хунук хурдаанд, гурусна мондаанд. Мо ҳайронем, ки ба ақиб баргардем, ё мунтазир монем. Баъзе аз мусофирон билети ҳавопаймо доранд ва бояд аз Хуҷанд ба Русия парвоз кунанд. Дер мемонанд. Баъзеи дигар бемор доранд", -- афзуд ӯ.

Мусофирон хунук хурдаанд, гушна мондаанд. Мо ҳайронем, ки ақиб баргардем, ё мунтазир монем.

Маҳбуба Хаёлӣ аз ҷумлаи мусофироне аст, ки мегӯяд, онҳоро аз қабл хабардор накардаанд, ки ҳаракат дар роҳ хатарзо аст. "50-60 километр омадем, чӣ кор карданро намедонем. Дар мошин кӯдаки беморам ҳаст, ки дар Душанбе ҷарроҳӣ шуд. Гуфтанд, ба зудӣ боз мешавад, бояд ба ноҳияи Айнӣ равем."

Ронандагону мусофирон ба кормандони ширкати IRS гуфтанд, чаро пули истифода аз роҳро мегиранд ва сари вақт сангпораҳоро бартараф намекунанд, то онҳо зиёд мунтазир намонанд.

Далер Мерганов
Далер Мерганов

Далер Мерганов, сухангӯи ширкати IRS иброз дошт, ки ширкат ҳеҷ вақт ҳавасманд нест, ҳаракати мошинҳоро дар ин роҳ боздорад, "аммо вазъи роҳ ва хатарҳоро ба назар гирифта, барои ҷилавгирӣ аз фалокатҳо чора меандешад".

Ӯ афзуд: "Хавфи фаромадани харсанг бениҳоят зиёд аст. Дар нақби “Истиқлол” ва поинтар аз он барф боридааст. Табиист, ки дар чунин вазъият барои таъмини амнияти ронандагон ҳаракати мошинҳо қатъ карда мешавад."

Ширкати IRS қаблан аз лағзиши кӯҳпораҳои азим ва сангфароӣ дар роҳи Душанбе – Чаноқ хабар дод ва аз мусофирон хост, барои таъмини амнияту бехатарияшон дар ин роҳ ҳаракатро идома надиҳанд.

Тибқи иттилои IRS, дар бисёре аз қисматҳои шимолии роҳ барфу борон боридааст ва аз ин рӯ хатари селу сангфароӣ хеле зиёд аст. Роҳи Душанбе-Чаноқ яке аз роҳҳои серравуо дар Тоҷикистон аст ва ягона роҳи пулакӣ ба ҳисоб меравад. Дар офатҳои табиӣ дар як ҳафтаи охир дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон панҷ нафар ҳалок шуданд.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар пайи боронҳои сахти рӯзҳои ахир 6 ҳазор нафарро аз рустоҳои осебпазир ба маконҳои амн кӯчонидаанд.

Ин ниҳод эълон кард, ки то охири моҳи апрел хатари омадани сел ва фаромадани тармаву рехтани санг зиёд аст ва аз сокинон хостааст, дар ин рӯзҳо аз сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG