Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи Тоҷикистон барои пешгирӣ аз коронавирус чиро дар бар мегирад?


Яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе

Дар Тоҷикистон барномаи пешгирӣ аз коронавирус ва вокуниши эҳтимолӣ дар сурати пайдо шудани бемориро омода карда, барои иҷрои он аз созмонҳои молии ҷаҳонӣ ёрӣ пурсидаанд. Мақомот мегӯянд, то ҳол дар кишвар ҳолатҳои сироят ёфтани одамон ба вируси нав сабт нашудааст, аммо барои пешгирӣ аз он ба пули зиёд эҳтиёҷ доранд. Мухолифин ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳодҳои худро доранд, ки аз эълони таътил дар мактабҳо то сабукии андоз ва пардохтҳоро дар бар мегирад.

Дар ҳоле ки мансабдорони давлатӣ аз баёни нукоти барномаи нави ҳукумат худдорӣ мекунанд, Галина Перфилева, роҳбари намояндагии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон рӯзи 24-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, барномаи таҳияшуда танҳо бо бахши тандурустӣ маҳдуд намешавад.

Ба таъкиди Перфилева бахшҳои асосии барномаи нави таҳияшуда чунинанд:

  • Ҳамоҳангӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ, дар сатҳи вилоят ва ноҳияҳо;
  • Паҳн кардани маълумот дар бораи рискҳои мавҷуд ба аҳолӣ;
  • Назорати эпидемиологӣ;
  • Назорати нуқтаҳои вуруд ба кишвар;
  • Таҳқиқи ҳолатҳо ва вокуниши сареъ;
  • Назорати системаи лабораториву ташхисӣ дар кишвар (дар ин ҷода кори ҷиддӣ дар ҷараён аст);
  • Профиликтика ва назорати инфексияҳо;
  • Сабти ҳолатҳои гирифторӣ ба СOVID-19. Густариши ин беморӣ чаҳор марҳила дорад. Тоҷикистон ҳоло дар марҳилае қарор дорад, ки ягон нафар гирифтори ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст. Марҳилаи дувум ҳолате аст, ки агар як нафар гирифтори ин беморӣ сабт шавад. Марҳилаи саввум паҳн шудани беморӣ дар кишвар аст . Марҳилаи чаҳорум агар дар дохили кишвар эпидемия ба амал ояд;
  • Банди 9-ум ин коҳиш додани таъсирҳои манфии беморӣ ба арсаҳои иқтисод аст. Аз ҷумла ба роҳ мондани логистика ва ё таъминоту боркашонӣ. Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳоло бо ҳамаи шариконаш дар ин самт кор карда истодааст.

Роҳбари намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, онҳо барои ҳама сенарияҳои эҳтимолӣ дар даст нақшаи мал доранд.

Мақомот дар бораи ҷузъиёти барномаи пешгирӣ ва вокуниш ба вируси нави корона суҳбат намекунанд ва мегӯянд, баъд аз ҳалли масъалаи маблағ барнома расман эълон хоҳад шуд.

Як мақом дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯзи 24-уми март бо шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, феълан танҳо масъалаи ҷалби маблағ монда, бахш ва самтҳои кор тарҳрезӣ шудаанд.

Ба қавли ин манбаъ, Тоҷикистон барои дарёфти маблағи зарурӣ бо чандин созмонҳои молии ҷаҳонӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ гуфтугӯ дорад ва дар назар аст, рӯзҳои наздик масъалаи сармоягузории барнома ҳал шавад. Мусоҳиби мо дар Вазорати тандурустӣ ҳаҷми маблағи зарурӣ барои барномаи пешгирӣ ва вокуниш ба коронавирусро дар Тоҷикистон ошкор накард, вале гуфт барои иҷрои ин барнома на кам аз як-ду миллион доллар зарур аст. Ин дар ҳолест, ки барномаҳои ҳамсони давлатҳои дигар зиёд аз сад миллион долларро ташкил додаанд. Албатта, фарқ дар он аст, ки дар чунин кишварҳо зиёда аз даҳ ҳолати сироят расман тасдиқ шудааст. Барои намуна Қирғизистон аз Сандуқи Байнулмилалии Пул 126 миллион долллар кумак хостааст.

Тибқи омори мақомоти Тоҷикистон дар кишвар то ҳол сироят ба вируси нав ба қайд гирифта нашудааст, вале гуфта мешавад, ҳамаи сохторҳо барои пешгирӣ аз ин вирус омода шудаанд. Дар назди нахуствазир ситоди доимоамалкунанда ташкил шуда, роҳбарони аввали мақомот, Додситони кул ва Дабири Шӯрои амният ҳам ба ин ситод дохиланд. Ин ситод ба гуфтаи масъулини Вазорати тандурустӣ ҳамарӯза ду ҷаласа баргузор карда, масъалаҳои пешгирӣ аз хуруҷи вируси навро баҳс мекунад. Мақомот ҷузъиёти ҷаласаҳои ситоди назди нахуствазирро расонаӣ намекунанд, аммо мегӯянд, "масъалаи пешгирӣ аз вируси нави корона дар кишвар ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст".

Аз ҷумла, афроди бозгашта аз хориҷ барои ду ҳафта карантин мешаванд ва чанд беморхона ҳам ба ҳолати омодабош оварда шудаанд.

Мухолифони тоҷик дар Аврупо пешниҳод кардаанд, ки барои рӯёрӯӣ бо буҳрони эҳтимолии коронавирус ситоди васеътаре бо сарварии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шавад, фишори андозу пардохтҳо дар дӯши мардум ва тиҷорати хурду миёна коҳиш дода шавад. Онҳо ҳамчунин мораторияи тафтиши соҳибкорон, назорат ба нарху наво, қатъи кори ширкати IRS ва пулситонӣ аз роҳи Душанбе -- Хуҷанд -- Чаноқ, баргардони муҳоҷирони дармонда аз ҳисоби буҷа, манъи ҳама ҷашну ҷашнвораҳоро то охири соли равон, озодии ҳамаи маҳбусони аз 60-сола болоро, қатъи назар аз парвандаҳояшон пешниҳод кардаанд.

Мунтақидони дигар аз баъзе амалкардҳои мақомот дар баробари вируси нав танқид мекунанд. Онҳо мегӯянд, дар шароите ки кишварҳои ҷаҳон талош мекунанд аз ҷамъшавии одамон пешгирӣ кунанд, баръакс, мақомоти Тоҷикистон ба баргузории ҷашну идҳо, аз ҷумла ҷашни Наврӯз машғуланд.

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, дар ҳоли ҳозир беҳтарин иқдом ҳамчун чораи пешгирикунанда эълони таътил дар мактабҳову донишгоҳҳои Душанбе ва тамоми кишвар аст.

"Феълан дар Душанбе даҳҳо ҳазор донишҷӯ ҳамарӯза аз як қисмати шаҳр ба қисмати дигар мераванду дар дарсҳо иштирок ва миёни якдигару устодон муошират мекунанд, ки ин ҳама барои паҳн шудани вирус беҳтарин шароитро фароҳам месозад. Ҳатто агар бештари донишомӯзон мубтало нашаванд ё давраи бемориро ба осонӣ пушти сар кунанд ҳам, онҳо омили паҳнкунандаи вирус шумурда шуда, наздикону пайвандони худро низ олуда хоҳанд кард," - мегӯяд Муллоҷонов.

Мақомот мегӯянд, ба ин корҳо феълан ниёзе нест, чун дар кишвар вируси нав сабт нашудааст.

То ҳол дар саросари ҷаҳон коронавирус ё бемории шабеҳи илтиҳоби шуш ба тақрибан 400 ҳазор нафар сироят карда, беш аз 17 ҳазор нафар фавтидаанд. Дар ин миён беш аз 100 ҳазор нафар шифо ёфтаанд. Дар Қазоқистону Узбекистон ва Қирғизистон, кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон, даҳҳо мавриди сирояти одамон ба ин беморӣ ошкор шудааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (13)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG