Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвозҳои вижаи "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" ба Маскав. Тақдири муҳоҷирони дармонда чӣ мешавад? ВИДЕО


Ҳавопаймои ширкати "Тоҷик Эйр"

Ширкатҳои "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" эълон карданд, ки рӯзи 20-уми март ҳавопаймоҳояшон ба шаҳри Маскав парвозҳои вижа анҷом медиҳанд. Ин кор дар шароите сурат мегирад, ки ҳама парвозҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон манъ шуда, даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар фурудгоҳҳои Маскав дармондаанд.

Масъулони "Тоҷик Эйр" ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки соати 18-и рӯзи ҷумъа ҳавопаймо аз фурудгоҳи Душанбе ба Маскав меравад. Дар назар аст, ҳавопаймо дар фурудгоҳи Домодедово фуруд ояд. Дар ҳоле ки даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар ду фурудгоҳҳои дигари Маскав - "Шереметово" ва "Внуково" - дармондаанд.

Масъулони ширкати “Сомон Эйр” низ гуфтанд, ҳавопаймои онҳо соати 14 ба вақти Душанбе ба Маскав парвоз мекунад. Дафтари матбуоти ширкат гуфт, ҳавопаймои онҳо низ ба фурудгоҳи Домодедово меравад ва дар бозгашт онҳоеро, ки билети ин ширкатро харидаанд, ба ватан меорад.

Бо инки ҳавопаймоҳои ду ширкати тоҷикистонӣ рӯзи 20-уми март ба Маскав парвозҳои вижа анҷом медиҳанд, тақдири даҳҳо муҳоҷири дармондаи тоҷик дар фурудгоҳҳои "Шереметово" ва "Внуково" номаълум аст. Ин муҳоҷирон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ мегӯянд, замоне ба фурудгоҳ расида, ба ҳавопаймо савор мешуданд, ки Тоҷикистон парвозҳоро қатъ кард.

Баъзе аз ин мусофирон мегӯянд, онҳо аз ширкатҳои русии “Ютэйр” билет харида буданд.

"Карантин ҳам кунед, моро қабул кунед"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:13 0:00

Дар наворҳое, ки муҳоҷирон ба Радиои Озодӣ фиристоданд, дида мешавад, даҳҳо муҳоҷир дар рӯйи фарши фурудгоҳ хобидаанд ва мунтазири парвоз мебошанд. Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол дар бораи тақдири муҳоҷирони дармонда дар фурудгоҳҳои Маскав чизе намегӯянд.

Маълум нест, ин гуруҳи муҳоҷирон чигуна ба Тоҷикистон мерасанд. Як мақом дар сафорати Тоҷикистон дар Русия бе зикри номаш гуфт, муҳоҷирон метавонанд дар Русия бимонанд, чун масъалаи тамдиди будубоши онҳо ҳал шудааст.

Аммо муҳоҷирон мегӯянд, аксари онҳо ҷойи кор ва хонаҳои иҷораашонро супориданд ва наметавонанд ба зиндагӣ дар Русия идмоа диҳанд.

Сарсонии муҳоҷирон дар фурудгоҳҳо баъди он сар шуд, ки Оҷонси авиатсияи граждании Тоҷикистон шоми 19-уми март ҳамагуна парвози ҳавопаймоҳоро ба самти Тоҷикистон манъ кард.

Икром Субҳонзода, раиси ин идора, дар номаи расмӣ тасмимро ба пешгирӣ аз эҳтимоли паҳншавии коронавирус рабт дода, вале санаи анҷоми дастурро нагуфтааст. Аз ин пеш парвози ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба Русия маҳдуд шуда, ба Узбекистону Эрон ва Чину Афғонистон пурра қатъ шуда буд.

Шарҳҳоро бинед (9)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG