Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Homestay дар Тоҷикистон. Як шаби меҳмондорӣ – то 20 доллар


Нархи як шаб меҳмондории сайёҳон дар кӯҳистони Тоҷикистон аз 10 то 20 доллар муқаррар шуд. Бар ивази ин нарх, ба меҳмон ҷойи хоб, ширу ҷурғот ва хӯрокҳои маҳаллӣ барои як шабонарӯз дода мешавад.

Ширкатҳои сайёҳӣ мегӯянд, дар аксари хонаҳо ҳанӯз ҳоҷатхона ва ҳаммом ба талабот мувофиқ нест.

Масъулони ширкатҳои сайёҳӣ гуфтанд, бо муқаррар кардани ин нарх урфу одати мардуми маҳаллиро, ки маъмулан ба меҳмонон бепул хидмат мерасонданд, шикастанд. Ширкатҳои сайёҳӣ бо ёрии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар водии Зарафшон, Рашт ва Хатлон сокинонро тарғиб карданд, то хонаҳои худро ба Homestay (қабули меҳмон дар хона) табдил диҳанд.

Ғизо барои сайёҳон - аз гиёҳу шир

Субҳиддин Маликов, сокини 30-солаи Марғеби Яғноби ноҳияи Айнӣ, гуфт, манзили зисташон дар роҳе қарор дорад, ки аз онҷо сайёҳон ба Искандаркӯл мераванд. Ӯ гуфт, пештар аз рӯи одати мардуми кӯҳистон ба сайёҳоне, ки дар нимароҳ мемонданд, ройгон хидмат мерасонданд. Баъдан, ширкатҳои сайёҳӣ барояш пешниҳод карданд, ки манзилашро ба “Homestay” табдил диҳад.

Деҳаи Марғеб 70 километр дуртар аз маркази ноҳияи Айнӣ ҷойгир аст. Субҳиддин гуфт, то табдили манзилаш ба “Homestay” ба чорводорӣ машғул буд. “Нархномаро тасдиқ карданд, ки аз ҳар сайёҳ то 20 доллар мегирем. Сайёҳон хӯрокҳои маҳаллиро дӯст медоранд. Аз гиёҳҳои тару хушк ва ширу дӯғ барояшон ғизо омода мекунем. Ҳамон маҳсулоте, ки ба шаҳр барои фурӯш бурда наметавонистем, инҷо ба сайёҳон мефурӯшем”, - гуфт ӯ.

"Ҳафтае то 15 меҳмон дорем"

Тобистон авҷи сафари сайёҳон ба Тоҷикистон аст. Субҳиддин мегӯяд, ҳафтае то 10-15 меҳмони хориҷӣ дорад. Ин меҳмондорӣ зиндагии қаблии ӯро тағйир додааст. Меҳмонон аксаран як шаб дар хонаи ӯ мемонанд. Модар, бародар ва ҳамсари ӯ ҳам соҳиби шуғл шудаанд. Ба меҳмонон хӯрок мепазанд ва ҷойи хоби онҳоро дуруст мекунанд. “Homestay”-и ӯ панҷ сол аз андоз озод аст.

Масъулони Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ ҳоло бо сокинони мавзеъҳои сайёҳӣ сӯҳбат мекунанд. Моҳлиқо Шарифзода, масъули Кумитаи Рушди сайёҳии Тоҷикистон, рӯзи 5-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, панҷ ширкати ҷаҳонгардӣ бо ёрии Барномаи рушди СММ дар чанд навоҳии Хатлон ва Суғд бо сокинон шеваи қабули сайёҳонро меомӯзанд, ки як бахшаш ташкили “Homestay” ҳаст.

“Ба сокинони ноҳияи Лахш, Ховалингу Балҷувон ва Панҷакенту Айнӣ бар асоси ин лоиҳа муносибат бо сайёҳон ва тарзи қабули меҳмонон ба роҳ монда шудааст. Сокинон ҳам тарҳи зиндагии худро хуб мекунанд ва ҳам сайёҳонро дар шароити хона меҳмондорӣ мекунанд”, - гуфт ӯ.

"Абдулҳамид хаймаашро ба меҳмонхона табдил дод"

Масъулони Кумита мегӯянд, аксари сокинони маҳаллӣ чунин икмони даромад ёфтанро доранд. Дар пайи чунин роҳнамоӣ Абдулҳамид Боронов, сокини ноҳияи Мурғоб хаймаи худро ба меҳмонхона табдил дод. Ӯ мегӯяд, аз имсол корро оғоз кардааст ва баъзе вақт дар хонааш ҷой барои меҳмонон намемонад.

Ӯ гуфт, сайёҳон зиндагӣ дар хаймаи хоси сокинони қирғизтабори Мурғобро хуш доранд.

Ҷамшед Юсуфов, раҳбари Анҷумани ширкатҳои сайёҳӣ дар вилояти Суғд, рӯзи 5-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз теъдоди “Homestay”-ҳо дар Тоҷикистон кам ҳастанд. Ӯ гуфт, бештар шаҳрвандони Амрико ва кишварҳои аврупоӣ хостори хобидан дар “Homestay”-ҳо ҳастанд. “Онҳо бисёр мехоҳанд, дар шароити хона як ё ду рӯз зиндагӣ кунанд. Ин барояшон писанд аст ва қабл аз омадан инро барномарзеӣ мекунанд. Ҳоло чунин хонаҳо нисбат ба сайёҳоне, ки ба кишвари мо меоянд, кам аст”, - гуфт ӯ.

Иштибоҳи соҳибхонаҳо чист?

Масъулони ширкатҳои сайёҳӣ мегӯянд, дар баробари омода кардани манзил барои сайёҳон соҳибони онҳо бояд урфу одати сайёҳонро низ бидонанд. Руслан Ҳамроҳқулов, масъули як ширкати сайёҳӣ, гуфт, бархе соҳибони чунин хонаҳо дар меҳмоннавозии сайёҳон ба хато роҳ медиҳанд.

Ӯ афзуд, “масалан, меҳмононро дар як “Homestay” ҷой кардем. Соҳибаш дар вақти лозим ба сайёҳон хӯрок надод. Вақте гуфтем, ки чаро чунин шуд, гуфт, ки говаш гурехта буд ва аз пайи он шуд. Барномаи сайёҳон ба таъхир афтод.”

Ширкатҳои сайёҳӣ мегӯянд, ҳанӯз дар аксар хонаи сокинон, ки барои қабули сайёҳон омода шудаанд, ҳоҷатхона ва ҳаммом ба талабот мувофиқ нест.

Дар Тоҷикистон ташкили “Homestay” кори нав аст. То ҳол дар вилояти Бадахшон хонаҳояшонро барои сайёҳон медоданд, вале дар минтақаҳои дигар ин чандон роиҷ набуд. Ҳоло теъдоди сокиноне, ки манзили зисти худро барои сокинон омода кардаанд, ба беш аз сад нафар расидааст. То соли гузашта ин шумора ба 50 нафар мерасид.

XS
SM
MD
LG