Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷрибаи тоҷикони Итолиё дар шароити коронавирус


Малика Назриева дар Итолиё

Шумораи онҳое, ки бар асари гирифторӣ ба коронавирус дар Итолиё даргузаштанд, субҳи 20-уми март беш аз 3400 нафарро ташкил дод. Ин рақам бештар аз шумораи қурбониёни вируси нав дар Чин аст.

Дар Чин, ки аҳолиаш дар муқоиса ба Итолиё 23 баробар бештар аст, то кунун зиёда аз 81 ҳазор нафар ба коронавирус олуда шуда, 3252 нафар бар асари он ҷон додаанд.

Итолиё аз миёни кишварҳои Аврупо аввал шуда осеб дид ва ба ҳолати фавқулода даромад. Ҷузеппе Конти, нахуствазири Итолиё, рӯзи 19-уми март ба нашрияи Corriere della Sera гуфт, дар пасманзари афзоиши босуръати фавти мубталоёни коронавирус муҳлати чораҳои изтирорӣ дароз карда мешавад.

Сокинон танҳо дар се ҳолат метавонанд, ба куча бароянд: барои рафтан ба маҳалли кор, бемористон ва бо сабаби рух додани ҳолати фавқулода. Ин муқаррарот кори аксар марказҳои тиҷоратиро то 25-уми март манъ карда, танҳо ба нуқтаҳои ғизову доруфурӯшӣ ҳақ медиҳад, дарҳои худро кушоянд.

Аксар мавридҳои фавти одамон бар асари коронавирус дар минтақаи шимолии Ломбардиа, ки Милан маркази маъмурии он мебошад, сабт мешаванд. Би-би-сӣ менависад, беморхонаҳои ин минтақа дар ҳолати сангин корро пеш мебаранд ва аз мутахассисони солхӯрда хостаанд, ки дар хона бимонанд.

Дар миёни муассисаҳои басташуда дар Итолиё тарабхонаву бар, ороишгоҳҳо, мактабу варзишгоҳҳо, осорхонаву муассисаҳои дигари фарҳангӣ номбар мешаванд. Як қатор ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба мисли British Airways, EasyJet ва Ryanair то оғози моҳи апрел парвози ҳавопаймоҳоро ба Итолиё бекор кардаанд.

"Агар ба Тоҷикистон сафар мекардам, бемасъулиятӣ мешуд"

Дар миёни миллионҳо сокини маҳалливу хориҷӣ, шуморе аз тоҷикистониҳо ҳам дар шаҳру манотиқи мухталифи Итолиё зиндагӣ мекунанд. Малика Назриева яке аз онҳост. Ӯ дар шаҳри Пезарои вилояти Марке дар канораҳои баҳри Адриатика кору зиндагӣ дорад. Ин минтақаи зебо, ки макони ҷалби сайёҳони хориҷист, ҳоло беодам асту соҳаи ҷаҳонгардиаш аз фаъолият мондааст.

Пезаро ҳам ба минтақаи ба истилоҳ сурх ё фавқулода осебдида аз коронавирус шомил мешавад. Малика Назриева ба фарқ аз дигарон, ба чораҳои андешидаи мақомоти Итолиё барои пешгирӣ аз паҳншавии бештари коронавирус баҳои мусбат дод. Вай гуфт, "мақомоти Итолиё зуд иқдом карда, чораҳои беҳдоштиро рӯи даст гирифтанд ва сокинонро ба карантин фиристода, муассисаҳоро, ба истиснои нуқтаҳои фурӯши ғизову дору ва корхонаҳои истеҳсоли ғизо ва доруву маводи тиббӣ, бастанд".

Назриева мегӯяд, ба фарқ аз мақомоти Чин "ҳукумати Итолиё бозу шаффоф амал кард ва аз ҷаҳониён пинҳон накард, ки дучори фоҷиа шудааст".

Малика Назриева
Малика Назриева

"Беҳуда ба кӯча баромадан манъ аст, муҷозот дорад. Дар инҷо қоидаҳо ҷиддӣ риоя мешавад. Вале агар барои хариди ғизо ё дору бароӣ, мушкил нест. Бояд зуд ба хона баргардӣ", -- нақл кард ӯ рӯзи 20-уми март.

Малика Назриева дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, танҳо чизе, ки пайдо карданаш мушкил аст, ниқобҳои тиббист. Вай аз хона ба кораш идома медиҳад. Ба суол дар бораи ин ки оё дар ҳолати баамаломада фикри ба Тоҷикистон рафтанро накард, гуфт:

"Чунин фикр ба сари ман не, ба сари модарам омад. Он кас гуфтанд, "шояд меоӣ, назди мо мемонӣ ва ман ҳам хавотир намешавам". Вале қарор кардам, ки дар хонаам дар Пезаро мемонам. Чунки мегӯянд, гоҳе нишонаҳои ин вирус дар бадани инсон дида намешавад. Яъне, одам олуда шудааст, вале онро эҳсос намекунад. Агар ту аз маҳалли худ берун рафта, ба як минтақаи сиҳҳат ворид шавӣ, эҳтимоли сироят кардани минтақаи сиҳҳат вуҷуд дорад. Ба ҳамин хотир қарор кардам, ки дар ҳамин ҷо монам. Ба назари худам, кори дуруст кардам. Ман инро эҳсоси масъулиятшиносӣ меномам".

Ин зодаи Тоҷикистон мегӯяд, дар Итолиё танҳо чанд шаҳрванди кишварро мешиносад ва бо онҳо дар тамос аст. Ба иттилои ӯ, "тамоми ин нафарон сиҳҳатанд ва дар хонаҳои худ ба сар мебаранд. Бо он ки маълум нест ин вазъият кай поён ёфта, дубора одиву амн мешавад, муҳим аст, тамоми кишварҳо бо масъулияти баробар дар муқобили вируси зудпаҳншаванда иқдом кунанд".

“Хушбахтона, ман сироят нашудам”

Фаридун Ҳакимов, шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар шаҳри Рум, пойтахти Итолиё, дар як созмони байналмилалӣ кор мекунад. Вай ҳам мисли сокинони дигари маҳаллӣ дар карантин аст. Ба нақли ӯ, агар дар пойтахт ва минтақаҳои марказии Итолиё вазъ "қаноатбахш" бошад, "дар дигар минтақаҳои Итолиё, махсусан дар вилояти Ломбардия ва чанд минтақаи дигари ҳамсарҳади он хеле душвор арзёбӣ мешавад".

Ҳакимов гуфт, дар шаҳри Рум тахминан 6-8 шаҳрванди Тоҷикистонро мешиносад ва аз рӯи иттилои ӯ, ҳамаи онҳо саломат ҳастанд. Ӯ гуфт: "Хушбахтона, сироят нашудаам ва ягон шиноси ман ҳам сироят ва бемор нашудааст. Ҳоло бошад, ба мисли тамоми шаҳрвандони Итолиё дар карантин қарор дорам ва мувофиқи фармони ҳукумати Итолиё то сеюми апрел дар карантин мемонем".

Фаридун Ҳакимов гуфт, умедвор аст вазъ базудӣ муътадил шуда, гирифторӣ ба вирус коҳиш меёбад. Ӯ ба мисли Малика Назриева гуфт, чораҳои андешидаи мақомоти Итолиёро дуруст меҳисобад ва умедвории онҳо ин аст, ки то охири моҳи апрел ва миёнаҳои моҳи май вазъ одӣ мешавад.

Ӯ гуфт, дар чунин шароит хислати мардуми Итолиё гоҳе ба ҳайрат меоварад: "Аҷиб он аст, ки мардуми Итолиё, махсусан дар шаҳри Рум, ба воҳима дода нашуданд, онҳо карантинро бо хурсандиву сурудхонӣ мегузаронанд. Мағозаҳо пур аз маҳсулот мебошад, аммо теъдоди харидорон хеле кам шудааст".

Малика Назриева мегӯяд, танҳо чизе, ки дар шароити карантин азият медиҳад, набуди муоширати рӯ ба рӯ бо дӯстон аст, вале ҳоло ин мушкилро қисман тавассути Интернет ҳал мекунанд.

Шарҳҳоро бинед (5)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG