Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Зананд ё ронанд ҳам, ба Русия бармегардем"


Муҳоҷири тоҷик дар Русия

Таърихшиносу муҳосибу омӯзгор ва иқтистоддон дар сафи лашкари азими муҳоҷирони тоҷик, ки барои кор ба Русия мераванд ва на аз рӯи ихтисосашон, балки дар сохтмонҳо кор мекунанд.

Бисту чаҳор дар сади муҳоҷирони собиқе, ки дар як назарсанҷӣ бо онҳо сӯҳбат кардаанд, гуфтаанд, ки дар Тоҷикистон таҳсил карда, чунин ихтисос гирифтаанд, вале аз ночорӣ ва барои пули бештар барои кор ба Русия рафтаанд.

Тақрибан 60 дар сади пурсидашудагон гуфтаанд, ки музди ками кор онҳоро водор кардааст, ки пешаи дӯстдоштаи худро гузошта ба кишваре бираванд, ки майли қабули онҳоро надорад ва рӯи хуше ҳам ба муҳоҷирон нишон намедиҳад.

Назарсанҷӣ ва таҳқиқи фарогир дар бораи муҳоҷирони бозгашта аз Русияро, Бунёди Сорос дар Тоҷикистон анҷом додааст ва натиҷаҳои онро рӯзи 16-уми апрел нашр кард.

Истгоҳи роҳи оҳани Душанбе, ки ҳар рӯз муҳоҷиронро истиқбол мегираду гусел мекунад.
Истгоҳи роҳи оҳани Душанбе, ки ҳар рӯз муҳоҷиронро истиқбол мегираду гусел мекунад.

Таҳқиқ муайян кардааст, ки тақрибан 60 дарсади муҳоҷирон то сафар ба Русия ҳеҷ касбу тахассусе надоштааанд ва аз ҳамин сабаб, ба корҳое ҷалб мешаванд, ки заҳмати зиёд металабад. Корҳои сахти ҷисмонӣ дар сохтмонҳо ба мисли боркашӣ, кандани нақбу поккории кӯчаву аз ин қабил корҳои каммузд, ки барои он дониш ва санади ихтисос лозим нест.

Натиҷаҳои таҳқиқ ба гуфтаи Ҳоким Муҳаббатов таҳлилгари тоҷики муқими Русия нишондиҳандаи воқеият аст. Ӯ мегӯяд, аксари ҷавонони тоҷик, ки барои кор ба Русия меоянд, ҳеҷ ихтисосе надоранд ва барои ҳамин корҳоеро мекунанд, ки худи мардуми рус ва дигар муҳоҷирон аз иҷрои онҳо ҳазар мекунанд.

“Мо тақрибан ҳар рӯз бо чунин ҷавонон дучор меоям, аз 18 то 20-солаанд. Баъди хатми мактаб, ба муҳоҷират меоянд, бидуни кадом касбу тахассусе. Дар натиҷа пасттарин корҳои ҷисмонӣ ба мисли кучарӯбиву тамизкорӣ ва аробакашӣ насибашон мешавад”- гуфт, ӯ ба Радиои Озодӣ.

Биноан онҳое, ки дониши мукаммал надоранд ва ҳуқуқи худро намедонанд, дар ҳар кӯчаву паскӯча ва ҷойи кор гирифтори мушкилоти зиёд мешаванд. Худи 41 дар сади муҳоҷирон дар назарсанҷӣ эътироф карданд, ки ҳуқуқи онҳоро дар Русия мунтазам зери по мекунанд.

Ҳоло 5 сол мешавад, ки тобистон меравам дар Русия дар сохтмонҳо кор мекунам, зимистон меояму дар Душанбе ва ё гирду атрофи он таксӣ меронам.

Муҳоҷирони тоҷикро бештар аз ҳама маъмурони пулиси Русия озор медодаанд ва баъдан кордиҳандагон, ки ё маоши онҳоро саривақт намедодаанд ва ё умуман пардохт намекардаанд. Бисёре аз муҳоҷирон чунин таҷрибаеро шоҳид шудаанд.

Вале бо вуҷуди ин ҳама озору азияту маҳрумиятҳо ва беэътиноӣ ба ҳаққу ҳуқуқи худ, аксари муҳоҷирони ихроҷшуда аз Русия гуфтаанд, ки ният доранд, дигарбора барои кор ба он кишвар баргарданд. Чиҳилу ҳафт дар сад азми бозгаштро доштаанд, зеро гуфтаанд, ки дар ватанашон, дар Тоҷикистон, ҷойи кор пайдо накарданд.

Зиндагии Cамандари Ризо як ҷавони тоҷик 5 сол аст, мисли паррандаҳои муҳоҷир аст. Ҳар баҳор ба Русия мераваду то сард шудани ҳаво онҷо кор мекунад ва зимистон ба ватан бармегардад, то аз сармои қаҳратуни Русия эмин бошад.

Ӯ дар Тоҷикистон ҷойи кор дошт, аммо маоше, ки ба ҳайси ронандаи мошини боркаш дар Душанбе мегирифт, барои рӯзгораш кифоят намекард.

“Дар Душанбе агар бисёр кӯшиш мекардам то 1200 сомонӣ аз кори ронандагиам маош мегирифтам. Барои ман, ки се фарзанд дорам кифоя нест, маҷбур шудам ба Русия равам. Ҳоло 5 сол мешавад, ки тобистон меравам дар Русия дар сохтмонҳо кор мекунам, зимистон меояму дар Душанбе ва ё гирду атрофи он таксӣ меронам” -мегӯяд, ӯ.

Сафари муҳоҷирони тоҷик ба Русия кам шудааст
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:14 0:00

Ҳамсуҳбати мо афзуд, пуле, ки дар муҳоҷират ба даст меорад, то мавсими нав мерасад, вале барои пасандоз, ё иҷрои барномаҳои бузургтари зиндагӣ намемонад.

Дар таҳқиқ ҳам маълум шудааст, ки мисли Самандар, аксари муҳоҷирони тоҷик 93 дарсади маблағи худро ҳар моҳ ба оилаҳаояшон дар Тоҷикистон мефиристодаанд. Ба ҳисоби миёна ин муҳоҷирон дар як моҳ аз 600 то 3 ҳазор сомонӣ ба хонаводаҳояшон кӯмак мекардаанд.

Муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷик аз Русия гуфтаанд, ки Маскав пайваста ба сахттар кардани қонунгузориҳои муҳоҷират ва ҳузури хориҷиён, онҳоро ба як абзори ҳалли масоили сиёсати дохилӣ ва хориҷии худ табдил додааст.

Пӯшида нест, ки ҳар вақт миёни Тоҷикистону Русия дар масоиле ихтилофи назар сар бизанад, ихроҷи муҳоҷирон аз Русия зиёдтар мешавад ва дар матбуоти ин кишвар гузоришу мақолаҳо дар бораи муҳоҷирони тоҷикро зиёдтар мекунанду онҳоро “қочоқбар, ҷинояткору ифротӣ” тасвир мекунанд.

Аз замони шурӯи муҳоҷирати кории тоҷикон, то соли 2017 аз Русия 300 ҳазор муҳоҷири тоҷикро депортатсия ва ё ихроҷ кардаанд. Онҳое ки ихроҷ шудаанд, ҳақ надоранд, барои 5 соли дигар ба Русия баргарданд, вале Маскав соли 2017 ба тақрибан 100 ҳазор нафаре, ки ғайриқонунӣ дар Русия кор мекарданд, иҷоза дод, ки худро дар ниҳодҳои лозима сабти ном кунанд ва ба кори қонунӣ машғул бошанд.

Муҳоҷирони тоҷик дар фурудгоҳи Пулково
Муҳоҷирони тоҷик дар фурудгоҳи Пулково

Бунёди Сорос дар Тоҷикистон барои таҳқиқи масоили муҳоҷирати корӣ дар байни бештар аз 1300 нафар, дар Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилоятҳои Суғду Хатлону Бадахшон назарсанҷӣ анҷом додааст.

Дар умум бештар аз 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон дар Русия кору иқомат мекунанд ва пули муҳоҷирон, яке аз омилҳои муҳими ҳифзи вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар аст.

Айни замон муҳоҷирати корӣ, иқтисоди Тоҷикистонро сахт пойбанди иқтисоди Русия кардааст, ки ҳоло вазъи хубе надорад ва ба сабаби таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ вазъи он бадтар мешавад. Ҳаргуна такони иқтисодӣ дар Русия, теъдоди муҳоҷирони бекорро бештар ва ё пули онҳоро камтар мекунад ва дар ин тараф дар Тоҷикистон ҳам мушкилоти оилаҳо ва албатта норизоятии онҳо меафзояд.

Муаллифони пажуҳиш гуфтаанд, “Дар Тоҷикистон роҳҳои муназзами ҳалли масоили муҳоҷират дида намешавад, идеяҳо кофӣ нест ва агар ҳаст, иҷрои онҳо ба сабаби набудани таҷриба мелангад. “

Ба гуфтаи муаллифон барои ҳалли мушкилоти муҳоҷират бояд ду вазифаро иҷро кард. “Аввал бояд саъй кард, ки омилҳоеро, ки мавҷи муҳоҷиратро барангехт, рафъ кард. Дуввум шароитеро ба вуҷуд овард, ки мардум дар дохил ҷойи кор пайдо кунанд.”

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG