Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби 11 сол зиндон ба як афсари нерӯҳои марзбонӣ дар Тоҷикистон

Шоҳдил Ҷӯразода моҳи декабри соли 2025 аз макони хидматаш дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин нопадид гашт ва пас аз якуним моҳ ҷасадашро аз дарёи Панҷ ёфтанд
Шоҳдил Ҷӯразода моҳи декабри соли 2025 аз макони хидматаш дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин нопадид гашт ва пас аз якуним моҳ ҷасадашро аз дарёи Панҷ ёфтанд

Додситонии низомии Кӯлоб як афсари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро сабабгори марги сарбоз Шоҳдил Ҷӯразода дониста, аз додгоҳ хостааст, ки ӯро ба ёздаҳ сол зиндон маҳкум кунад.

Юсуф Мирзоев, ки ҳоло муҳокима мешавад, сардори дидбонгоҳи сарҳадии “Шоҳон” дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон буд.

Шоҳдил Ҷӯразодаи 20-сола моҳи декабри соли 2025 аз макони хидматаш дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин нопадид шуд ва баъд аз якуним моҳ ҷасадашро аз дарёи Панҷ ёфтанд.

Як манбаъ дар Раёсати марзбонии вилояти Хатлон бо шарти фош нашудани номаш 7-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳукми Юсуф Мирзоев эҳтимол рӯзҳои наздик содир шавад. Парвандаи ӯро бар асоси моддаи 391 (қисми 3) баррасӣ доранд."

Ин банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дар бораи "суистифода аз мансаб" ё "баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ" аст, ки "аз беэҳтиётӣ сабаби марги инсон шудааст" ва аз ҳашт то дувоздаҳ сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Меҳрафрӯз Ҷӯразода, хоҳари Шоҳдил, ҳам хабарро тасдиқ кард. Вай дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, зоҳиран тамаъҷӯӣ ва бадрафтории Юсуф Мирзоев сабаби марги бародараш шудааст.

"Баъзе аз сарбозон шоҳидӣ доданд, ки додари ман ба сардори дидбонгоҳ барои рухсатӣ 1000 сомонӣ дода будааст. Вақте сардор ҷавоб надодааст, Шоҳдил чанд бор пурсидааст, ки пулро баргардонад. Баъди он ӯро "чап" гирифта, бисёр кор фармудааст. Оқибаташро бинед, ки чӣ шуд," – гуфт Меҳрафрӯз Ҷӯразода.

Пештар наздиконаш ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки Шоҳдил Ҷӯразода қабл аз нопадидшавӣ дар суҳбати телефонӣ аз сангинии хидмат шикоят дошт.

Талоши мо барои гирифтани шарҳи расмӣ дар бораи ҷузъиёти марги Шоҳдил Ҷӯразода то ин дам бенатиҷа буд. Мавқеи Юсуф Мирзоев, хонавода ё вакили мудофеаш низ ба қазия маълум нест.

Шоҳдил Ҷӯразода дар моҳи апрели соли 2025 аз шаҳри Панҷакент ба артиш ҷалб шуда, ҳашт моҳ дар қисми марзбонӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин хидмат кард.

Марги сарбозон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахши марзбонӣ ҳодисаи нав нест. Дар гузашта ҳам дар натиҷаи тасодуфу муноқиша ба ҳалокат расидани чанд сарбоз сабт шуда буд.

Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар як гузориш гуфт, ки танҳо дар соли 2023 марги 40 сарбоз сабт шуд. Аз ин шумора, ба эътирофи Омбудсмен, 8 маврид худкушӣ буда, "6 кас аз беморӣ фавтиданд".

Мақомот пайваста мегӯянд, ки вазъ дар артиши Тоҷикистон беҳтар шуда, сафи ихтиёриёни хидмати аскарӣ афзудааст, вале ҳанӯз ҳам волидони бархе сарбозон аз шароити ногувор ва озору азияти наваскарон шикоят мекунанд.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG