Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пуламонро надод." Таъмири хонаи як мансабдори собиқ ҷанҷолӣ шудааст

Музаффар Масаидов (байн) бо даъвогарони дигар
Музаффар Масаидов (байн) бо даъвогарони дигар

Таъмири хонаи як додситони собиқ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ҷанҷолбарангез шуда, баҳси он то ба додгоҳ рафтааст.

Коргарон даъво доранд, ки хонаро ҳудуди чор моҳ таъмиру ороиш карданд, аммо муздашонро пурра гирифта натавонистанд. Ба иддаои онҳо, сухан дар бораи 108 ҳазор сомонӣ, муодили беш аз даҳ ҳазор доллар, меравад. Ҷониби дигари баҳс қазияро шарҳ надод.

"Дар ватани худамон пули моро намедиҳанд"

Музаффар Масаидов, яке аз даъвогарон, ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ба мо ҳамагӣ 45 ҳазор сомонӣ дод. Ҳамонро ҳам қисм-қисм ва бо ҷангу ҷанҷол. Шоҳидон ҳастанд. Сабтҳояшро дорам. 108 ҳазор сомонии дигар бояд бидиҳад. Русия гӯем, майлаш, дар ватани худамон кор кардем, вале пули моро намедиҳанд."

Молики хона Абдуғаффор Ниёзбадалов, корманди пешини додситонӣ будааст, ки зиёда аз 40 сол дар мақомҳои гуногун, аз ҷумла додситони шаҳри Бӯстон кор кардааст. Ҳоло бознишаста аст.

Даъвогарон мегӯянд, ин як лаҳзаи корашон дар хонаи додситони собиқ аст
Даъвогарон мегӯянд, ин як лаҳзаи корашон дар хонаи додситони собиқ аст

Радиои Озодӣ телефонӣ бо ӯ тамос гирифт ва назарашро дар мавриди даъвои коргарон пурсид. Абдуғаффор Ниёзбадалов агарчӣ қазияро шарҳ надод, дар иваз ин ҳарфҳоро гуфт: "Мо ба суд (додгоҳ) муроҷиат кардаем. Бо аризаи муқобили даъво. Қарори суд барояд, репортаж мекунед ё не, кори шумо аст. Ҳоло дар баррасии судӣ аст. Ҳеч кас ҳақ надорад, ки ба он омехта шавад."

Дар ҳоле ки соҳиби хона розӣ нашуд, қазияро ошкоро дар миён гузорад, Музаффар Масаидов мегӯяд, ки кор дар ҳавлии Абдуғаффор Ниёзбадалов бо даъвати худи ӯ аз моҳи феврал то моҳи майи соли 2025 идома кард.

Гурӯҳи корӣ аз 15 нафар иборат будааст. Вай афзуд, ҳарчанд бо хӯроки нисфирӯзӣ таъмин буданд, пурра пардохт нашудани пул боис ба радду бадал байни коргарон ва дар ниҳоят корпартоии онҳо гашт.

Музаффар Масаидов гуфт: "Сабаби корпартоӣ ҳамин, ки пули андовагаронро пурра надод. Ман ба устоҳо гуфтам, биёед, ба суд муроҷиат кунем, онҳо тарсида гуфтанд, агар тавонӣ худат гир."

Баъзе аз аъзои оилаи Ниёзбадаловҳо дар гузашта дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон кор кардаанд ва бархе ҳанӯз ҳам кор мекунанд. Аз ҷумла, ду фарзандаш. Устоҳои норозӣ мегӯянд, маҳз ҳамин ҳолат гуё боис ба таҳдиду кашолкорӣ дар гирифтани музди корашон шудааст. Ҷониби дигари баҳс дар ин маврид шарҳе надод.

Баъзе аз мансабдорони ҳозира ва пешин дар Тоҷикистон, ки маошашон "хоксорона" номбар мешавад, хонаву манзили боҳашамат доранд ва барои сохтмону ороиши онҳо коргаронро асосан аз дохил ва гоҳе аз хориҷ меоранд.

Ба мушкил печидани кори устоҳо дар хонаи як додситони собиқ аз мавридҳои камшумор будааст. Ҳоло ин баҳс ба додгоҳ рафтааст ва ҳарду ҷониб мунтазири хулосаи додрас ҳастанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Таъмири хонаи як додситони собиқ ҷанҷолӣ шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:36 0:00
Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG