Арилд Сивертсен яке аз баҳрнавардони бознишастае аст, ки дар пайи бӯҳрони кунунӣ дар тангаи Ҳурмуз хотираҳои талхи гузаштаро дубора ба ёд меорад.
Ӯ аз хонааш дар Норвегия ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, "дар ҷараёни ин ҷанг, ин (бемории пас аз ошуфтагӣ) дубора дар мо фаъол шудааст. Баҳрнавардоне, ки дар даҳаи 80 онҷо буданд, ҳоло вазъияти сахте доранд, чун ҳама хотираҳо дубора зинда шудаанд".
Арилд Сивертсен дар авҷи "ҷанги нафткашҳо", ки байни солҳои 1981 то 1888 рух дод ва бозтоби онро метавон дар бӯҳрони имрӯзи Халиҷи Форс дид, капитан ё сарвони киштиҳое буд, ки аз тангаи Ҳурмуз убур мекарданд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Ҷанги нафткашҳо бахше аз ҷанги Эрон ва Ироқ буд, ки бо ҳамлаи Ироқ ба Эрон дар соли 1980 оғоз шуд. Ин ҷанг ба суръат ба обҳои Халиҷи Форс кашида шуд. Ҷойе, ки ибтидо Ироқ ва сипас Эрон таъсисоти нафтӣ ва киштиронии тарафи муқобилро ҳадафи ҳамла қарор доданд.
То миёнаи даҳаи 1980 Ироқ бо истифода аз ҷангандаҳо, ки аз Фаронса таъмин шуда буд ва мушакҳои зиддикиштӣ, киштиҳои ҳомили нафти Эронро ҳадаф қарор медод. Дар муқобил, Эрон бо новҳои хурд ва қаиқҳои тезрав ба нафткашҳои мутааллиқ ба кишварҳои севум, ки аз бандарҳои Кувайт ва Арабистони Саудӣ истифода мекарданд, ҳамла мекард. Ин ду кишвари арабӣ дар ҷанг аз Ироқ ҳимоят мекарданд.
Дар ҷараёни ин даргириҳои баҳрӣ, садҳо киштӣ ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд ва беш аз 100 баҳрнаварди тиҷорӣ ҷони худро аз даст доданд. Бо вуҷуди ин хотираҳо, пардохти "ҳаққи хатар" ё ҳамон "фавқулода сахтии кор дар минтақаҳои пурхатар" ба баҳрнавардон, яке аз омилҳое буд, ки онҳоро ба кор рӯи нафткашҳои убурӣ аз Халиҷи Форс тарғиб мекард. Маоше, ки дар бархе мавридҳо даромади рӯзонаи онҳоро дар ин обҳои пурхатар то ду баробар афзоиш медод.
Арилд Сивертсен, сарвон ё капитани бознишаста мегӯяд, "мехостем вазифаамонро анҷом диҳем, чун соҳибони киштӣ ба мо гуфта буданд, бояд тангаи Ҳурмузро боз нигаҳ дорем ва энержиро интиқол диҳем, вагарна иқтисоди ҳамаи ҷаҳон фурӯ мепошад".
Олав Миклебус, ки дар даҳаи 1980 ҳамчун муҳандис дар киштиҳои фаъол дар Халиҷи Форс кор мекард, аз ду ҳамлаи ҳавопаймоҳои ироқӣ ҷони солим ба дар бурда буд. Дар яке аз ин ҳамлаҳо, наздики соҳилҳои Дубай, як мушаки зиддикиштӣ ба сахтӣ аз канори киштии ӯ гузашт ва сипас ба киштии дигаре бархӯрд кард ва боис шуд чанд нафар ба ҳалокат расанд. Олав Миклебус имрӯз ҳам ҳамчун мудири нафткаш фаъолият мекунад.
Ин чеҳраи бособиқа дар ин арса мегӯяд, равишҳое, ки киштиҳо дар даҳаи 1980 барои пинҳон мондан ба кор мебурданд, эҳтимол акнун низ тавассути бархе киштиҳое, ки дар рӯзҳои охир аз тангаи Ҳурмуз убур кардаанд, истифода мешавад.
Ӯ мегӯяд, нафткашҳо он замон асосан дар торикии шаб ҳаракат мекарданд, "бе ҳеч нур ва чароғе" ва ҳама тирезаҳои маҳалли ҷобаҷойии экипаж пӯшонида мешуд. "Тақрибан аз радар истифода намекардем, фақат гоҳе рӯшан ва хомӯш, чун мумкин буд сигнале ба соҳил биравад. Бинобар ин, ҳоло ҳам ҳамин корро хоҳанд кард, бесадо убур мекунанд".
Ба гуфтаи ӯ, киштиҳо мумкин аст дастгоҳҳои фиристандаеро, ки барои пешгирӣ аз бархӯрд ба кор мераванд, хомӯш кунанд, чун ин абзорҳо илова бар пешгирӣ аз тасодуф, мавқеияти киштиро барои вебсайтҳои раҳгирии баҳрӣ низ ошкор мекунанд.
Арилд Сивертсен, ки китобе дар бораи "Ҷанги нафткашҳо" навиштааст, ҳанӯз ба шиддат зери таъсири тасмиме аст, ки дар августи соли 1987 гирифт, замоне ки ба тангаи Ҳурмуз наздик мешуд.
Киштии ӯ, ки чароғҳояш хомӯш буд, шабона ва дар сукути радиоӣ дар ҳоли убур аз Халиҷи Форс буд, то нафткашҳои ҳомили аммиакро бе ҷалби таваҷҷуҳ аз тангаи Ҳурмуз гузаронад.
Ногаҳон нуре рӯи сатҳи баҳр зоҳир шуд, ки нишон медод киштии дигаре, ки қасди убур ба чунин шаклро дошт, ҳадафи гурӯҳе аз қаиқҳои тезрави Сипоҳи посдорон қарор гирифтааст.
Арилд Сивертсен мегӯяд, "мушакҳоро дидем ва аз тариқи радиои VHF ҳам шунидем. Капитан ё сарвони он киштӣ саросема шуда буд. Вақте паёми изтирории дархости кумак аз радио пахш шуд, "дар даруни худам дучори кашмакаш шудам". Ёрӣ кардан метавонист тақрибан ба маънои худкушӣ бошад, аммо ӯ метавонист паёми дархости кумакро ба дигарон интиқол диҳад.
Ӯ мегӯяд, "аммо медонистам, агар тамос бигирам ва паёмро интиқол бидиҳам, қаиқҳои эронии ҳамлавар бохабар мешаванд, ки як туфангкаши дигар ҳам дар наздикӣ аст".
Дар ниҳоят тасмим гирифт, сукут кунад: "Бояд ба 24 нафари дигари рӯи киштии худамон фикр мекардам ва фақат дар торикӣ, бе ҳеч посухе ба роҳ идома медодам".
Пас аз он ки дар даҳаи 1980 садҳо киштӣ ҳадафи ҳамлаи Эрон ва Ироқ қарор гирифтанд, Амрико новҳои ҷангии худро барои ҳамроҳии нафткашҳо ба Халиҷи Форс фиристод. Аммо ин мудохила низ пайомадҳои фоҷеабор дошт.
Дар моҳи майи соли 1987 нови амрикоии USS Stark бо ду мушаки Exocet, ки аз сӯи як ҳавопаймои ҷангии ироқӣ партоб шуд, ҳадаф қарор гирифт. Бағдод баъдан эълон кард, ки халабон ин новро бо як нафткаш иштибоҳ гирифта буд. Дар ин ҳодиса 37 маллоҳи амрикоӣ кушта шуданд.
Як сол баъд, пас аз онки ихтиёроти даргирӣ барои новҳои амрикоии ҳамроҳикунандаи нафткашҳо дар Халиҷи Форс афзоиш ёфт, USS Vincennes, як ҳавопаймои мусофирбари эрониро бо як ҳавопаймои ҷангии дар ҳоли наздик шудан иштибоҳ гирифт.
Пас аз ҳушдор ба ҳавопаймо барои тағйири масир, ин нов ду мушак партоб кард, ки ҳавопайморо дар осмон аз байн бурд ва ҳамаи 290 сарнишини он кушта шуданд.
Ҷанги Эрон ва Ироқ дар моҳи августи соли 1988 поён ёфт ва як моҳ баъд новҳои амрикоӣ ба амалиёти ҳамроҳии нафткашҳо дар Халиҷи Форс хотима доданд.
Кӯҳнасарбозони ҷанги нафткашҳо дар даҳаи 1980 мегӯянд, имрӯз низ нерӯҳои баҳрии Амрико метавонанд ба зӯр тангаи Ҳурмузро боз нигаҳ доранд. Арилд Сивертсен ба ин бовар аст, ки чунин иқдоме "фақат вазъ"-ро (бӯҳрони кунунӣ) бадтар хоҳад кард.
Олав Миклебус низ ба ҳодисаи июли соли 1987 ишора мекунад, ки дар он як нафткаши зери ҳимояи новҳои амрикоӣ бо як минаи баҳрӣ бархӯрд кард ва мегӯяд, ин нишон медиҳад, ки "ҳатто бо ҳузури яке аз қудратмандтарин нерӯҳои баҳрии ҷаҳон ҳам наметавон ин муҳитро ба таври комил назорат кард".