Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон. Як нафар захмист


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар сарҳади Тоҷикистон (ноҳияи Ҷаббор Расулов) ва Қирғизистон (ноҳияи Лайлак) рӯзи 7 май тирпаронӣ шудааст. Олимҷон Абдуллоев, омӯзгори 34-сола аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, захмӣ ва дар бемористон бистарист. Мақомоти сарҳадбонии ҳарду кишвар дар изҳороти ҷудогона ҳодисаро ба тарзи гуногун шарҳ доданд.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, ҳодиса пас аз он рух дод, ки "чӯпонҳои тоҷик" ҳудуди он кишварро гузашта, "ба амри сарҳадбонон гӯш надоданд" ва "ба тарафи онҳо санг партофтаву ду-се дафъа тир холӣ карданд".

Нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон дар изҳороте гуфт, Олимҷон Абдуллоев бо шунидани боздошти писараш, Рамзан Абдуллоев, ба хати марз рафт, то қазияро дақиқ ва "ба низомиёни қирғиз дар деҳаи Сулюкта муроҷиат кунад". Сабаби боздошти Рамзан Абдуллоев маълум нест.

"Ягон кирдоре, ки ба принсипҳои ҳамсоягии нек мухолиф аст, нишон надод, вале ба муқобили ӯ яроқи оташфишон истифода шудааст ва ҳоло ӯ маҷрӯҳ аст," – гуфта шудааст дар изҳороти ҷониби Тоҷикистон.

Хадамоти сарҳадбонии Қирғизистон мегӯяд, "кай ва чӣ гуна захмӣ шудани шаҳрванди Тоҷикистон маълум нест", чун ҷониби Тоҷикистон ба онҳо танҳо акс фиристодааст. Ин манбаъ иддао кардааст, ки марзбонҳои Қирғизистон тирҳои огоҳкунанда сар доданд ва "чӯпонҳо пас аз ин ба хоки Тоҷикистон фирор карданд".

Нодир Усмонзода, раиси деҳаи Қӯрғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, рӯзи ҳафтуми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Олимҷон Абдуллоев ва писараш чӯпон нестанд, балки чорвои худро барои чаро бурда буданд. "Онҳо бо худ силоҳ надоштанд ва ба сӯи ҳеч кас тир накушодаанд," - афзуд ӯ.

Ба нақли Усмонзода, "ҳодиса аз он сар шудааст, ки писари Олимҷон молҳояшонро бонӣ мекард, вале сарбозони Қирғизистон ба онҳо дарафтодаанд. Баъдан падараш бохабар шуда, ба ҷойи ҳодиса меравад ва дар баҳсҳо аз пояш тир мехӯрад. Ҳодиса дар ҳудуди Тоҷикистон рух додааст, на дар Қирғизистон."

Нерӯҳои сарҳадбонии Тоҷикистон дар эъломияе гуфт, "мақомоти дахлдори ду давлат ҳодисаро таҳқиқ мекунанд. Вазъият дар марз таҳти назорат қарор дорад."

Ҷониби Қирғизистон вазъро дар марз “мӯътадил” арзёбӣ кард.

Тоҷикистон ва Қирғизистон зиёда аз 980 километр сарҳад доранд, вале бахше аз он солҳо боз таъйину нишонагузорӣ нашудааст.

Мардуми ду сӯи марз борҳо барои обу замин ва чарогоҳ ҷангу муноқиша кардаанд. Дар ду низои хунин, ки моҳи апрели соли 2021 ва сентябри 2022 рӯй дод, аз ҳарду тараф даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд.

Ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар як соли охир ба таври мунтазам ва барои кашидани хати сарҳад мулоқот мекунанд. Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи феврали имсол гуфт, ду ҷониб дар чаҳор моҳ 196 километр хати марзро муайян карданд.

XS
SM
MD
LG