Ҳамзамон ин ниҳод ситоде таъсис додааст, ки таҳаввулоти ахир дар Ховари Миёна ва вазъи шаҳрвандони кишвар дар ин давлатҳоро пайгирӣ мекунад.
Ин ситод пас аз оғози ҳамлаи ИМА ва Исроил ба Эрон дар рӯзи 28-уми феврал таъсис ёфтааст.
Дар Вазорати Корҳои Хориҷии Тоҷикистон рӯзи 2-юми март ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки маълумот дар бораи вазъ дар минтақаву ҳоли шаҳрвандон дар Эрону кишварҳои атрофи онро аз сафоратҳо дарёфт мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, дар сафоратҳои Тоҷикистон дар Эрон, Арабистони Саудӣ ва Кувайт гуфтанд, бо шаҳрвандон дар тамос ҳастанд ва бар асоси муроҷиат ва дархости ёрӣ ба кори онҳо расидагӣ мешавад.
Акрам Каримӣ, сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ рӯзи 2-юми март дар паёми мухтасари хаттӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, “вазъ дар кишвари иқомати мо алъон ором аст ва то ҳол дар робита ба шаҳрвандон мушкилие ба қайд гирифта нашудааст. Мо дар ҳолати омодабош ҷиҳати расонидани кумаки зарурӣ ба шаҳрвандон қарор дорем”.
Арабистони Саудӣ ин шабурӯз мизбони зоирони тоҷик аст, ки бо нияти анҷоми ҳаҷи умра дар ин кишвар қарор доранд ва то замони шурӯи амалиёти низомӣ, бархе тоҷикистониҳо дар бораи ҷараёни зиёраташон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабару видеоҳо нашр мекарданд.
Рӯзи 2-юми март Афшин Муқим, намояндаи Кумита дар умури дин ба Радиои Озодӣ гуфт, ки иттилои комил дар бораи шумори зоирони тоҷик дар маконҳои муқаддаси Маккаву Мадина дар дасти онҳо нест, чун ҳаҷи умра бештар бо роҳҳои хусусӣ ё аз роҳи ширкатҳои тиҷоратии ватаниву хориҷӣ сурат мегирад. Ӯ гуфт, аз Тоҷикистон ҳафтае то 100-150 шаҳрванд тавассути Кувайт ба Маккаву Мадина парвоз мекунанд ва эҳтимолан шумори зоирон садҳо нафар аст ва аксари онҳо, ки моҳи Рамазонро барои зиёрат интихоб кардаанд, талош мекунанд, то фарорасии ид дар он ҷо бимонанд. “Ба ҳар сурат, то ҳол ба мо ҳеҷ муроҷиате аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Саудӣ нарасидааст,”—гуфт Афшин Муқим.
Кувейт – як давлати дигаре дар Ховари Миёна, ки тавассути Халиҷи Форс бо Эрон ҳамсарҳад аст, рӯзҳои гузашта шоҳиди таркишҳое буд. Сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Зубайдулло Зубайдзода дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 2-юми март вазъи амниятӣ оромтар шуд.
“Кишварҳои зери назари сафорати Тоҷикистон дар Кувайт - салтанати Уммон, Ироқ, Урдун ва Лубнон – шаҳрвандони мо дар ин кишварҳо ҳама тавассути як гурӯҳи WatsApp дар тамос ҳастем. Мо аз ҳамаи шаҳрвандонамон хоҳиш кардаем, ки дар сурати пеш омадани мушкиле бо ҳамин рақамҳо дар тамос шаванд,”-гуфт сафир.
Ӯ афзуд, дар Кувейт дар “ин ду-се рӯзи муташанниҷ ҳеҷ мушкиле бо шаҳрвандони Тоҷикистон рӯй надодааст”. Зубайдзода ба саволи ин ки дар рӯзҳои шурӯи амалиёти ҳарбӣ зидди Эрон оё дар Кувайт вазъ чӣ гуна буд, гуфт: “Рӯзи аввал албатта воҳимае бархост, ҳама ба сӯи фурӯшгоҳу нуқтаҳои сӯзишворӣ шитофтанд, вале ҳоло вазъ мӯътадил шудааст”. Ӯ гуфт, дар Кувайт тахминан 100 тоҷикистонӣ ба сар мебаранд, ки дар ин ҷо асосан дар соҳаи тиҷорату хидматрасонӣ кор мекунанд. Ба иттилои сафорат, ҳеҷ осебе ба онҳо нарасидааст.
Рӯзи 2-юми март ВКХ Тоҷикистон бо нашри изҳороте аз шаҳрвандони Тоҷикистон хост, ки “то ба эътидол омадани вазъ аз сафар ба кишварҳои Ховари Миёна худдорӣ намоянд”. Вазорат вазъи амниятӣ дар минтақаро “печидаву ноустувор” номида аз шаҳрвандони Тоҷикистон хост, ки дастурҳои мақомоти кишварҳоеро, ки он ҷо қарор доранд, риоя кунанд.
Гуфтугӯ