Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз Вена хостааст, Шавкати Муҳаммадро истирдод кунад

Шавкати Муҳаммад. Акс аз моҳи октябри соли 2025
Шавкати Муҳаммад. Акс аз моҳи октябри соли 2025

Мақомоти Тоҷикистон аз Австрия хостаанд, ки Шавкати Муҳаммад (Шавкатҷон Шарипов), сухангӯйи Паймони миллӣ, як созмони мухолифи ҳукуматро ба Душанбе бисупорад. Қарор аст, Додгоҳи ҷиноии Вена рӯзи 5-уми август дархости Тоҷикистонро баррасӣ ва хулосаи худро эълон кунад.

Шавкати Муҳаммад рӯзи 16-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, даъватномаи додгоҳро аллакай гирифтааст ва аз эҳтимоли фиристода шуданаш ба Тоҷикистон нигарон аст.

“Даъватномаро 9-уми июл ба ман доданд. Агар истирдод карда шавам, ман бо хатари ҷиддии пешбинишавандаи боздошти худсарона, шиканҷа, таъқиби сиёсӣ ва рад кардани мурофиаи одилона рӯ ба рӯ мегардам,” – афзуд ӯ.

Мақомот то ҳол дар ин бора шарҳе надодаанд.

Пештар баъзе аз манбаъҳои Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон моҳи апрели имсол хоҳони истирдоди 18 узви созмонҳои мухолифи ҳукумат аз Австрия ба Душанбе шудааст.

Вазорат дар номааш гуфтааст, ин афрод бо иттиҳомҳои гуногун, аз ҷумла ифротгароӣ, ҷустуҷӯ мешаванд. Ба иттилои дарёфтии мо, Додгоҳи ҷиноии Вена то кунун дархости Душанберо дар бораи таслими камаш се нафар, аз ҷумла як узви “Гурӯҳи 24” (ҷунбиши мухолифи ҳукумати Тоҷикистон) рад кардааст.

Шавкати Муҳаммад, ки дар Австрия паноҳандаи сиёсӣ будааст, дархости Тоҷикистонро дар мавриди истирдоди ӯ дорои ангезаи сиёсӣ ва “кӯшиши суистифода аз механизмҳои ҳамкории ҳуқуқии байнулмилалӣ барои пахш кардани норозигии сиёсӣ” донист.

Вай дар номае аз Созмони Милал, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, ҳукуматҳои демократӣ ва расонаҳои озод хостааст, мурофиаи додгоҳиро дар мавриди ӯ ҷиддӣ назорат ва пайгирӣ кунанд.

Шавкати Муҳаммад 48-сола аст. Дар гузашта раиси дафтари Ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд буд. Беш аз даҳ сол боз дар хориҷа қарор дорад ва дар навиштаву барномаҳои видеоияш дар шабакаҳои иҷтимоӣ сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистонро башиддат танқид мекунад.

Аслиддин Шарипов
Аслиддин Шарипов

Бародари ӯ, Аслиддин Шарипов, соли 2024 дар Тоҷикистон ба дузвоздаҳ сол зиндон маҳкум шуд. Мақомот ӯро ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ ё таблиғи онҳо дар Интернет гунаҳкор донистаанд, аммо Шавкати Муҳаммад мегӯяд, боздошту ҳабси бародараш талоше барои бастани даҳони ӯ буд.

Зиёда аз даҳ сол боз гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба далели мухолифат бо ҳукумат ё таъқибу азияти афзун дар кишвар, дар Аврупо паноҳанда шудаанд. То кунун баъзе аз кишварҳои аврупоӣ чанде аз намояндагони мухолифонро бо далелҳои гуногун аз қаламрави худ ихроҷ кардаанд, ки дертар дар Тоҷикистон боздошт ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум гаштаанд.

Аз ҷумла, Австрия дар соли 2020 Ҳизбулло Шовализода, як узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ба Тоҷикистон бозпас фиристод ва ӯ дар Душанбе ба 20 сол зиндон маҳкум шуд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) ва созмонҳои дигари байнулмилалӣ Австрия ва инчунин Олмону Лаҳистон ва баъзе аз кишварҳои дигари аврупоиро барои ихроҷи паноҳҷӯён ба Тоҷикистон танқид кардаанд. Ҷое, ки ба гуфтаи онҳо, “ба намояндагони мухолифон хатари шиканҷа ва солҳои дарози зиндон таҳдид мекунад”.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG