Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Муғулистон ҳамкориҳоро зиёд мекунанд, аммо дар кадом соҳа?


Раҳбарони ду кишвар рӯзи 24-уми июл дар Душанбе дидору гуфтугӯ доштанд.
Раҳбарони ду кишвар рӯзи 24-уми июл дар Душанбе дидору гуфтугӯ доштанд.

Дар ҷараёни сафари давлатии Ухнаагийн Хурэлсух, раисҷумҳури Муғулистон ба Тоҷикистон, рӯзи 24-уми июл миёни ду ҷониб 10 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои умури хориҷии Тоҷикистону Муғулистон ва айни чунин санад миёни ниҳодҳои дигар, аз қабили энержӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва илмиву таҳқиқотӣ ба имзо расиданд. Ҷузъиёти санадҳои ҳамкорӣ маълум нест. Раҳбарони Тоҷикистон ва Муғулистон зимни нишасти хабарии муштарак ба вуҷуди имкониятҳои зиёд барои рушди ҳамкориҳои ду кишвар таъкид карданд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт: “Таҳия ва қабули Барномаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, ҳамчунин, Роҳкори соҳавии амалҳои муштарак барои солҳои наздик ба мақсад мувофиқ дониста шуд. Дар ин замина ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намуд, то имконияти таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ дар соҳаҳои ояндадори иқтисоди ду кишвар ба баррасӣ гирифта шавад. Ин соҳаҳо, аз ҷумла саноати коркард, бахусус саноати сабук ва хурокворӣ, инчунин, кишоварзӣ, хусусан чорводориро дар бар мегиранд”.

Тоҷикистону Муғулистон ҳамкориҳоро зиёд мекунанд, аммо дар кадом соҳа?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:32 0:00

Ухнаагийн Хурэлсух, раисҷумҳури Муғулистон гуфт, бо Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тақвияти ҳамкориҳо ва аз ҷумла роҳ ёфтани Тоҷикистон ба бозорҳои васеътар гуфтугӯ кардааст. Ӯ афзуд: “Ҳамчунин дар мавриди таҳкими заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба гуфтугӯ кардем. Дар бахшҳои энержӣ, хоҷагии қишлоқ, саноат, рушди рақмикунонии соҳаи санаот, фарҳанг, маориф ва сайёҳӣ суҳбатҳо анҷом додем. Муғулистон омодааст, ки Тоҷикистонро дар кушодани роҳҳои ҳамлу нақл кӯмак кунад. Мо омодаем, ки робитаҳоро дар бахши хатсайрҳои ҳавоӣ роҳандозӣ кунем”.

Дар доираи ин сафар, нахустин ҳамоиши соҳибкорони ду кишвар дар Душанбе баргузор мешавад. Муғулистон воқеъ дар 5-ҳазор километрии шарқи Тоҷикистон бо Чину Русия ҳамсарҳад аст. Чорводорӣ соҳаи аслии кору даромади аҳолии Муғулистон аст.

Ҳамкориҳои дипломатии Тоҷикистону Муғулистон соли 1992 барқарор шудааст, вале бештар дар чаҳорчӯби Созмони Ҳамкориҳои Шанхай сурат гирифтааст, ки дар он Чину Русия ҳарфи аввалро мезананд. Сафари ҳайати давлатии Муғулистон ба Душанбе ба раҳбарии президенташ бори аввал сурат мегирад. Ду тараф тиҷорати зиёде надоранд ва бар тибқи гузоришҳо, соли 2024 фақат 50 ҳазор доллари амрикоиро ташкил додааст.

XS
SM
MD
LG