Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз "Амонатбонк" то "Мегафон"-у "Беҳдоштӣ". 10 андозсупорандаи беҳтарин


ҶСК “Сементи Тоҷик” низ ба даҳгонаи беҳтарин молиётпардозони соли ҷорӣ ворид шуд.

Кумитаи андоз исми 10 молиётсупори беҳтарини солро эълон кард, ки ба гуфтаи он “софдилона андози худро супурдаанд.” Аммо коршиносону соҳибкорон мегӯянд, ҳарчанд ин як роҳи ҳавасмандгардонист, комёбии ҳақиқии соҳаи андоз ба беҳтар кардани низоми он зимни як ислоҳоти бунёдӣ бастагӣ дорад.

Исми 10 андозсупорандаи беҳтарин рӯзи 2-юми октябр тайи як маросиме дар шаҳри Душанбе садо дод. Дар ин гуруҳ, номи чаҳор корхонаи давлатӣ:«Сементи Тоҷик», “Амонатбонк”, “Мактаби байналмилалии президентӣ” ва “Тоҷикаэронавигатсия” зикр шудааст.

Неругоҳи “Сангтӯда-1”, ширкатҳои “Мегафон”, “Тоҷикистону Америка корхонаи муштараки Анзоб”, “Халиқ Бонк Тоҷикистон”, “Мегаполис Тоҷикистон” ва “Беҳдоштӣ” низ ба бовари Кумитаи андоз аз молиётсупорони беҳтарини сол мебошанд.

Дафтари матбуотии Кумитаи андоз мегӯяд, ин ширкатҳо, “қонунгузории андозро софдилона иҷро менамоянд ва дар рушди иқтисодиёт саҳми арзанда гузоштаанд.”

Як нигоҳ ба рӯйхати ба гуфтаи мақомот андозсупорандаҳои беҳтарин нишон медиҳад, ки аксари онҳо корхонаҳои бузург нестанд ва бархе ҳам барои нақзи қонуни андоз дар гузашта ҷарима шудаанд. Аз ҷумла се сол пеш ширкати "Мегафон" аз сӯи Кумитаи андоз 155 миллион сомонӣ ҷарима шуда буд. Ё неругоҳи «Сангтӯда-1» чаҳор сол қабл яке аз қарздорони калони Кумитаи андоз ба ҳисоб мерафт. Ба назар мерасад, ҷаримаҳо таъсирбахш будаанд.

Вижагии дигар ин аст, ки доираи «андозсупорандаҳои беҳтарин» имсол бо ширкату ниҳодҳои хурдтар маҳдуд шудааст. Азҷумла танҳо “Мактаби байналмилалии президентӣ” солона беш аз 5 миллион сомонӣ ё ҳудуди 0,5 миллион доллар андоз месупорад. Ба фарқ аз соли гузашта, номи ширкатҳои чинӣ имсол дар гузориши Кумитаи андоз ҳамчун молиётсупори беҳтарин зикр нашуд. Эълони беҳтарин ва бадтарин андозсупоранда дар Тоҷикистон аз даҳ сол ба ин су идома дорад. Дар баробари эълони ба гуфтаи мақомот беҳтарин андозсупорандаҳо Кумитаи андоз рӯйхати “андозсупорандаҳои бемасъулият”-ро ҳам нашр мекунад. Феълан Кумитаи андози Тоҷикистон наздики 2,5 ҳазор “андозсупорандаи бемасъулият” дорад.

“Вазъро ислоҳ кунед, ҳама беҳтарин мешаванд”

Бархе таҳлилгарон иқдоми эълони беҳтарину бадтарин андозсупорандаҳоро нодуруст ва “намоишӣ” хонда мегӯянд, беҳтар аст Кумитаи андоз ба фикри ислоҳи вазъ бошад. Вале масъулони Кумитаи андоз мегӯянд, эълони беҳтаринҳо “як роҳи ҳавасмангардонӣ” аст.

Масъуд Собиров, таҳлилгари тоҷик гуфт, Кумитаи андоз бо эълони гӯё исми молиётсупорандаҳои беҳтарин мехоҳад нишон диҳад, ки дар Тоҷикистон “андозсупорандаҳо фаъоланд”.

“Вақте аз андоз ҳама гила мекунад, кӣ беҳтарин шуда метавонад? Ширкатҳои пешқадам бо назардошти андозбандии зиёд аз фаъолият даст мекашанд ва ин эътироз аст,”- таъкид кард Собиров.

Кумитаи андоз дар шабурӯзе исми андозсупорандаҳои беҳтаринро эълон мекунад, ки баҳсҳо атрофи таҳия Кодекси нави андоз дар ҷомеаи Тоҷикистон зиёд аст. Низоми андоз ҳамеша аз мавзуъҳои доғ дар ҷомеаи Тоҷикистон буд. Андози зиёд, шеваҳои печидаи молиётсупорӣ ва тафтишҳои болоиҳами кормандони ин ниҳод дар ширкату муассисаҳо пайваста дар Тоҷикистон танқид мешавад. Соҳибкорони тоҷик мегӯянд, яке аз сабабҳои ривоҷ наёфтани тиҷорати онҳо ҳамин аст.

Низоми андози Тоҷикистон борҳо аз сӯи созмонҳои молии ҷаҳонӣ интиқод ва “ноодилона” номида шудааст. Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ мегӯянд, баъзе навъҳои андоз, аз ҷумла андоз аз истифодабарандагони роҳ одилона нестанд. Мақомот на ҳамаи ин интиқодҳоро қабул доранд ва аммо мегӯянд, дар пайи ислоҳи вазъ мебошанд. Бо дархости онҳо барои ислоҳи Қонуни андоз садҳо пешниҳод гирдоварӣ шудааст.

“Чаро ҳама софдилона кор намекунанд?”

Соҳибкорон мегӯянд, меъёри “софдилона иҷро кардани қонунгузории андоз” барои андозсупорандаи беҳтарин будан баҳсбарангез аст. Мақомот дар гузашта борҳо аз соҳибкорон интиқод кардаанд, ки даромадҳои худро пинҳон медоранд. Бархе аз соҳибкорон далели ин корро дар баланд будани сатҳи молиёт медонанд.

Ислом Раҳимов, як соҳибкори тоҷик мегӯяд, соҳибкор баъзан маҷбур мешавад, ки даромади худро пинҳон кунад, дар акси ҳол бо ин сатҳи андоз корашро идома дода наметавонад.

Ин ҳамсуҳбати мо аз як коршарики хориҷиаш гуфт, ки баъди фаҳмидани сатҳи андозбандӣ дар Тоҷикистон аз ҳамкорӣ даст кашидааст.

“Вақте барои соҳибкори хориҷӣ номгӯи молиётро номбар кардем гуфт, магар ман фақат барои андози Тоҷикистон кор кунам? Вақте шумо дар назди соҳибкори хориҷӣ мегӯед, ки, ака, 25 фоиз ин намуд андоз, як фоиз аз он намуд, маҳсулоте, ки меорӣ НДС пардохт мекунӣ, боз аз фурӯш андоз пардохт мекунӣ. Мебахшед, касе намехоҳад, дар чунин аҳвол кор кунад,”- гуфт Ислом Раҳимов.

Ин соҳибкор афзуд, агар мақомот воқеан мехоҳанд соҳибкорон “софдилона кор карда,” андозро пинҳон накунанд, пас бояд меъёри андозбандӣ паст ва талабот аз ҳама яксон карда шавад.

Шарҳҳоро бинед (11)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG