Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иддаои шиканҷа шудани 3 бародар. Милисаҳо мегӯянд, "касе онҳоро назад". ВИДЕО


Яке аз бародарон, ки иддао дорад шиканҷа шудааст
Яке аз бародарон, ки иддао дорад шиканҷа шудааст

Як сокини шаҳри Норак иддао дорад, ки маъмурони милисаи ноҳияи Фирдавсии пойтахт шаби 31-уми декабри соли 2019 се писарашро боздошту шиканҷа кардаанд. Бибиҷон Назарова гуфт, он шаб писаронаш Парвиз, Орзу ва Алишер Набиевҳо барои таҷлил аз соли нав аз Норак ба Душанбе омада буданд. Мақомот иддаои шиканҷа шудани бародаронро рад карда, гуфтанд, ки онҳоро ҳамчун гумонбар дар шуъбаи корҳои дохилӣ бозпурсӣ карданд.

Ба қавли як маъмури милисаи шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии Душанбе, се бародарон ба кочоқи маводи мухаддир гумонбар буданд.

Парвиз Набиев, писари калонии Бибиҷон Назарова, ҳанӯз дар боздошт аст. Бародарони ӯ – Орзу Набиеви 38-сола ва Алишер Набиеви 33-сола – яке баъди як ва дигаре пас аз ду рӯзи боздошту бозпурсӣ раҳо шудаанд. Бибиҷон Назарова иддао дорад, ки дар ин муддат маъмурони милиса фарзандонашро "шиканҷаву азият кардаанд, то гуноҳро ба гардан гиранд".

"Ба як писарам гуфтаанд, ки куштани Ленинро ба гардан мегирӣ. Писарам хомӯш истодааст. Баъд боз пурсидаанд, ки Ленинро куштӣ? Гуфтааст, ки бале. Боз гуфтаанд, чӣ хел Ленинро куштӣ, ки вай аз бобои ту калон буд?" -- нақл кард ӯ рӯзи 9-уми январ.

Ба гуфти фарзандони Назарова, онҳоро дар шуъбаи корҳои дохилӣ чанд соат "латту кӯб ва маҷбур кардаанд, матнеро, ки барояшон дода мешавад аз ёд ва дар навор такрор кунанд." Тибқи ин матн онҳо бояд иқрор мешудаанд, ки "ҳамроҳ бо худ маводи мухаддир доштанд".

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Иддаои шиканҷа шудани се бародар
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00

Орзу Набиев, яке аз бародарон, рӯзи 9 уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ дар чанд соати аввали боздошт аслан намедонист, ки чаро ӯро ба шуъбаи милиса бурданд. Вай гуфт: "Намемонанд, ки гап занӣ. Ба дастонам "скотч" печониданд, ҳанӯз паяш ҳаст. Ба нирӯи барқ гузоштанд. Аз муйи сар кашида, ба болоят мебароянд. Гоҳе як ва гоҳе чанднафарӣ мезаданд. Гуфтанд, дар видео гап зан, ки аз ман 1000 дона "колеса" ёфтанд."

Боздошти се бародар дар ҳоле сурат гирифтааст, ки ба гуфтаи онҳо фарзанди 6-солаи Орзу Набиев, яке аз ин бародарон ҳамроҳашон будааст. Орзу мегӯяд, писарашро он рӯз бо ваъдаи тамошои "Сирк" аз Норак ба Душанбе оварда буд ва замони боздошт кӯдакаш шоҳиди латту кӯби ӯ ва ҳарфҳои қабеҳи кормандони пулис шудааст.

Ба гуфтаи Бибиҷон Назарова, пас аз раҳо шудан, ҳоли писараш Орзу бад шуд ва ӯро ба беморхона бурданд: "Қабл аз раҳо кардан ба писаронам гуфтаанд, худро мард бигиранд ва ба касе лаб накушоянд. Гуфтаанд мардакро мезананд, ба духтар гул медиҳанд."

Дар шуъбаи корҳои дохилии Фирдавсӣ-2 шиканҷаи бародарон Набиевҳоро рад карданд. Як корманди шуъба ба Радиои Озодӣ гуфт, Парвиз Набиеви 39-сола бо гумони доштани маводи мухаддир боздошт ва ҳамроҳ бо бародаронаш барои бозпурсӣ ба идораи пулис оварда шуд.

Аммо, ба гуфтаи ӯ, бародаронро дар идораи пулис касе шиканҷа ё латту кӯб накардааст ва ду нафари онҳоро ҷавоб додаанд.

Ҳоло нисбат ба Парвиз Набиев бар асоси қисми сеи моддаи 200-и Кодекси ҷиноӣ, яъне бо худ доштани миқдори калони маводи мухаддир парванда кушода шудааст. Ӯ қаблан ду дафъаи дигар зиндонӣ шуда будааст.

Бибиҷон Назарова ва писарони ӯ барои шиканҷа ба зидди чанд милисаи ШКД ноҳияи Фирдавсӣ-2 ба додситонии ҳамин ноҳия шикоят бурдаанд.

Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа дар пайи муроҷиати Бибиҷон Назарова барои ҳимояи фарзандони ӯ дар додгоҳ ва расонидани кумаки ҳуқуқӣ изҳори омодагӣ кардааст. Ин созмон бародарон Набиевҳоро бо вакили дифоъ таъмин мекунад.

Ба иттилои намояндагони эътилоф ҳоло аз рӯйи шикояти ҷабрдидаҳо дар Додситонӣ санҷиш оғоз ёфтааст. Бародарон Набиевҳо мегӯянд, онҳоро ба додситонӣ даъват карда, аз рӯйи ин қазия баёнот гирифтаанд.

Шиканҷа дар Тоҷикистон аз масоилест, ки борҳо дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Масъулони Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқро муттаҳид мекунад, мегӯянд, давоми панҷ соли охир ба онҳо 246 муроҷиат аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона ворид гардидааст. Аз ҷумла, ба иттилои ин ниҳод дар соли 2019 дар даҳ ҳолат сокинон аз истифодаи шиканҷа ва муносиибати бераҳмона аз ҷониби кормандони Вазорати умури дохилӣ шикоят кардаанд.

Бино ба иттилои ин созмон ҳамасола дар кишвар даҳҳо нафар аз истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шикоят мекунанд. Вале танҳо дар ҳолатҳои алоҳида аз рӯи моддаи 143, банди 1 (“Шиканҷа”)-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оғоз карда мешавад. Қисме аз қурбониёни шиканҷа аз тарс умуман ба ҷое шикоят намебурдаанд.

XS
SM
MD
LG