Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп аз Аврупо хостааст, барои фишор ба Русия бештар саъй кунад


Раҳбарони аврупоӣ бо Трам телефонӣ сӯҳбат кардаанд.
Раҳбарони аврупоӣ бо Трам телефонӣ сӯҳбат кардаанд.

Як мақоми ҳукумати Амрико гуфтааст, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико зоҳиран ба ҳомиёни калидии Украина бо лаҳни сахте гуфтааст, ки ба Русия ва муттаҳиди аслии он Чин фишори молии бештарро ворид кунанд, то Маскав ба хатми ҷанг дар Украина маҷбур шавад.

Ин мақоми Кохи Сафед дар бораи гуфтугӯи телефонии Доналд Трамп бо ҳомиёни Украина дар шаҳри Париж дар рӯзи 4-уми сентябр гуфт, ки кишварҳои аврупоӣ раиси ҷумҳур Трампро ба ҷаласаи гурӯҳи ба номи «Эътилофи ирода» фаро хондаанд. Дар ин эътилоф 30 кишвар шомиланд.

Ба гуфтаи ин мақом, раиси ҷумҳур Трамп таъкид кардааст, ки Аврупо бояд хариди нафт аз Русияро, ки пули ҷангро таъмин мекунад, қатъ кунад, зеро Русия дар як сол 1.1 миллиард евро аз ҳисоби фурӯши маводи сӯхт аз Аврупо ба даст овардааст. Ин мақоми амрикоӣ афзудааст, ки дар ин тамоси телефонӣ Трамп ҳамчунин гуфтааст, ки раҳбарони аврупоӣ бояд барои маҳрум кардани Русия аз даромад барои маблағузории ҷанг ба Чин фишори иқтисодӣ биёранд, ки аз Русия молу маҳсулоти зиёд мехарад.

Доналд Трамп, ки баъди гирдиҳамоии намояндагони «Эътилофи ирода» дар Париж бо раҳбарони аврупоӣ сӯҳбат кардааст, шахсан дар бораи ин баҳсҳо чизе нагуфтааст. Аврупо аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022 талош кардааст, то худро аз пойбандӣ ба газу нафти Русия раҳо созад.

Кумиссиёни Аврупо санадеро барои даст кашидани тадриҷӣ аз хариди нафт ва газ аз Русия то моҳи январи соли 2028 милодӣ пешниҳод кардааст. Маҷористон ва Словакия, ки ҳарду раҳбарони миллатгаро ва наздик ба Русия доранд, бо вуҷуди мухолифатҳои Иттиҳоди Аврупо ба хариди маводи сӯхт аз Русия идома додаанд.

Ин изҳороти Кохи Сафед баъди он садо медиҳад, ки Эммануел Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса рӯзи 4-уми сентябр гуфт, ки 26 кишвар мувофиқат кардаанд, то дар кафолатҳои амниятии пас аз ҷанг барои Украина саҳм дошта бошанд ва ҳимояти Амрико аз барнома дар рӯзҳои оянда ниҳоӣ мешавад.

Эммануел Макрон гуфтааст, ки 26 кишвар барои ҷойгир кардани нерӯҳо ба ҳайси қувваҳои итминондиҳанда дар Украина аҳд додаанд. Ба қавли ӯ ин нерӯҳо дар ҷабҳаи аввали ҷанг мустақар намешаванд, балки дар манотиқе мебошанд, ки ҳанӯз дар мавриди он тасмим гирифта нашудааст.

Доналд Трамп, ки поён додан ба ҷанги Русия дар Украинаро дар авлавиятҳои кори худ қарор додааст, хостори он аст, ки Аврупо бори бештар бахусус хароҷоти молии хариди аслиҳа барои Украинаро бар ӯҳда бигирад.

XS
SM
MD
LG