Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Трамп: Украина метавонад ҳудудҳои аз даст рафтаашро баргардонад

Роҳбарони Амрико ва Украина 23-юми сентябр дар ҳошияи ҷаласаи Маҷмааи умумии Созмони милал дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрдаанд. Трамп қабл аз оғози вохӯрӣ гуфт, Украина "бо ҷилавгирӣ аз артиши бузурги (Русия) кори бузургеро анҷом медиҳад."

Хабарнигорон аз президенти ИМА пурсиданд, ки дар сурати нақзи ҳарими ҳавоӣ Аврупо метавонад ҳавопаймо ва бесарнишинҳои русиро сарнагун кунад? Посухи Трамп мусбӣ буд.

Доналд Трамп ҳамчунин пешбинӣ кард, ки Виктор Орбан, нахуствазири Венгрия аз хариди нафту гази Русия худдорӣ мекунад.

Трамп ҳамчунин таъкид кард, ки иқтисоди Русия дар ҳолати ваҳшатнок аст.

Владимир Зеленский дар дидор бо ҳамтои амрикоиаш гуфт, неруҳои ин кишвар давоми як моҳи ахир 360 километри мураббаъ хоки Украинаро озод кардаанд. Зеленский ҳамчунин аз муҳосираи ҳазор сарбози Русия хабар дод, ки баъдан бо асирони украинӣ иваз карда мешаванд.

Доналд Трамп баъди вохӯрӣ бо Зеленский дар шабакаи иҷтимоиаш Truth Social навишт, Украина бо кумаки Иттиҳоди Аврупо "метавонад ҳамаи ҳудуди аз даст рафтаашро баргардонад".

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

ИМА аз наздик шудани Исроил ва Сурия ба созиши "коҳиши таниш" хабар дод

Томас Баррак, намояндаи вижаи Амрико дар умури Сурия ва Лубнон.
Томас Баррак, намояндаи вижаи Амрико дар умури Сурия ва Лубнон.

Томас Баррак, намояндаи вижаи Амрико дар умури Сурия ва Лубнон мегӯяд, ки Исроил ва Сурия ба як созиш барои "коҳиши таниш", наздик шудаанд.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Томас Баррак рӯзи сешанбе дар ҳошияи нишасти Маҷмаи умумии СММ ба хабарнигорон гуфт, ки бар асоси ин созиш, Исроил ҳамлаҳои худро қатъ мекунад.

Ӯ афзуд, ки Сурия ҳам мувофиқат кардааст, ки ҳеҷ аслиҳа, таҳҷизоти вазнин ва мошинҳои ҷангиро дар наздикии марзи Исроил надошта бошад.

Баррак ҳамчунон гуфт, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар пайи даст ёфтан ба созиш байни Исроил ва Сурия дар ин ҳафта буд, аммо бинобар ба даст наомадани пешрафтҳои зарурӣ ва рухсатиҳои соли нави яҳудӣ, аз суръати гуфтугӯҳо коста шуд.

Пеш аз ин, Аҳмад Аш-Шаръ, раисҷумҳури Сурия, даст ёфтан ба як созиши амниятӣ байни кишвараш ва Исроилро барои амнияти Сурия зарурӣ хонда буд.

Пулиси Русия ба маҳфили арӯсии муҳоҷирон даромада, 8 касро боздошт кард

Акс аз навори видеоӣ
Акс аз навори видеоӣ

Мақомоти интизомии Русия шаби 23-юми сентябр дар Красноярск вориди як маросими хурсандии муҳоҷирони зодаи Осиёи Марказӣ шуда, даҳҳо нафарро боздошту бозпурсӣ карданд.

Хабаргузориҳои маҳаллӣ навиштаанд, ки аксари онҳо зодагони Узбекистон будаанд.

Кормандони пулису ОМОН-и рус замоне вориди маросими хурсандӣ шуданд, ки муҷрӣ суханронӣ мекард ва меҳмонон хӯрок мехӯрданд. Як тан аз кормандони ОМОН баландгӯро аз дасти барандаи маҳфил гирифта, мегӯяд, санадҳояшонро барои тафтиш омода кунанд.

Пулис дар хабарномааш гуфтааст, ки дар ин маросим 620 нафар ширкат дошт ва онҳо "амалиёти зидди маводи мухаддир" анҷом доданд.

Шеваи бархӯрди маъмурон, ки бо сагу силоҳ вориди маҳфили шодӣ шуда, онро баҳам задаанд, аз ҷониби корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ сахт маҳкум шуда, ин ҳодисаро сатҳи баландӣ бераҳмӣ ва муҳоҷирситезӣ дар Русия номиданд.

Аммо пулис гуфтааст, ки дар ин маҳфил 210 муҳоҷири хориҷӣ ҳузур дошт ва онҳо тафтиш карданд, ки ҳашт нафари онҳо ғайриқонунӣ дар Русия зиндагӣ мекунанд.

Дар навори нашркардаи пулис дида мешавад, ки онҳо гурӯҳе аз меҳмонони маҳфилро даст пушти ҳам бо автобус ба шӯъбаи пулис мебаранд.

Мақомоти интизомии Русия чанд соли ахир бо бадтарин шева бо муҳоҷирон бархӯрд карда, бе огоҳӣ ба ҷои хобу кори онҳо ҳамла мекунанд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон Русияро барои пеш гирифтани сиёсати бегонаситезӣ, озору азияти муҳоҷирон ва ҳамзамон шароити дурусти корӣ фароҳам накардан барои онҳо танқид мекунанд.

Нахустин филми муштараки Тоҷикистону Эрон муаррифӣ шуд

"Моҳи дар шаст", филми муштараки Тоҷикистону Эрон бори аввал дар шаҳри Теҳрон намоиш дода шуд. Маросими рӯнамоӣ 21-уми сентябр бо ҳузури Сафири Тоҷикистон дар Эрон ва раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ баргузор шудааст.

Филми "Моҳи дар шаст" нахустин лоиҳаи муштараки "Довфилм", "Тоҷикфилм" ва ширкатҳои эронии IFilm ва 30CUP мебошад.

"Филм қиссаи писарбачаи 10-сола бо номи Далерро нақл мекунад, ки дар мактаб-интернат ба воя расидааст. Ӯ ҳамроҳи Самад, ки ба қиморбозӣ майл дорад, дар вақти таътил ба ҷустуҷӯи модари худ мекунад. Ин сафар аз шимол то ҷануби Тоҷикистон тӯл кашида, қаҳрамононро бо рӯйдодҳои ғайриинтизор рӯ ба рӯ месозад. Дар ниҳоят, Далер бояд қароре қабул кунад, ки тамоми зиндагии ӯро дигаргун месозад", - гуфтанд таҳиягарон.

Филми "Моҳӣ дар шаст" дар коргардонии Муҳиддини Музаффар таҳия шуда, филмномаро Бахтиёр Каримов навиштааст.

Нақшҳои асосиро ҳунарманди тоҷик Хуршед Мустафоев ва Абдулло Абдураҳимзода, писарбачаи 8-сола аз мактаб-интернати шаҳри Душанбе бозидааст. Ӯро аз миёни 1800 довталаб интихоб кардаанд.

Афзоиши гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон мубтало шудан ба бемориҳои сироятӣ ба таври назаррас зиёд шудааст.

Оҷонсии омор бо такя ба Вазорати тандурустӣ гузориш додааст, ки дар ҳашт моҳи имсол дар кишвар 19 ҳазору 419 ҳолати гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ сабт шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 22,7 дарсад бештар аст.

Мақомот шарҳ надодаанд, ки сабаби якбора зиёд шудани гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ чист.

Додгоҳ як занро барои захмӣ кардани се фарзандаш 28 сол ҳабс кард

Додгоҳи вилояти Хатлон занеро, ки се кӯдакашро бо корд захмӣ карда буд, ба 28 сол зиндон маҳкум кардааст. Ба иттилои хабаргузории "Азия-Плюс", ҳукм 16-уми сентябр содир шуда, маълум нест, ки Юлдуз Бозорова аз болои он шикоят мекунанд ё не.

Додгоҳ Юлдуз Бозорова, сокини 24-солаи ноҳияи Қубодиёнро дар куштор бо бераҳмии махсус гунаҳкор донист. Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои ин иттиҳом аз 15 то 25 соли зиндонро пешбинӣ кардааст, аммо маълум нест, ки додгоҳ бо кадом далел ба зан ҷазои аз ҳама вазнин таъйин кардааст.

Намояндагони Додгоҳи вилояти Хатлон бо сабаби ба қувваи қонун надаромадани ҳукм аз шарҳи он худдорӣ мекунанд.

Юлдуз Бозорова рӯзи 21-уми июн фарзандони худ Муҳаммадҷони 5-сола, Исои 4-сола ва Ҳадичаи шашмоҳаро чанд кордӣ задааст. Ҳадичаи шашмоҳа, ки аз се ҷои баданаш захм бардоштааст, рӯзи 5-уми июл дар шифохонаи ноҳияи Шаҳритус ҷон дод.

Ду фарзанди дигараш низ захмӣ шудаанд ва баъд аз муолиҷа ба наздиконашон баргардонида шуданд. Мақомот то ҳол шарҳ надодаанд, ки ин зан чаро даст ба ин кор зад. Пештар мақомот эҳтимоли бемори равонӣ будани Юлдуз Бозораваро рад карда буданд.

Қаблан низ дар Тоҷикистон модарон қасди ҷони фарзандонашонро карда буданд.

Шикоятҳо аз қатъи барқ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон

Бо фаро расидани фасли тирамоҳ, шикояти сокинон аз қатъи барқ зиёд шудааст.

Дар ҳоле, ки Шабакаҳои тақсимоти барқ расман маҳдудият ё "лимит"-и барқ ҷорӣ накардааст, сокинон мегӯянд, рӯзона аз соати 8 то 17 ва бегоҳ аз соати 21 то субҳ барқ надоранд.

Айни ин шикоят аз ноҳияҳои Шаҳринав, Ҷайҳун, Ҳамадонӣ, Панҷ, Рӯдакӣ, Фархор ва Ҳисор ба Радиои Озодӣ расидааст.

Талошҳои мо барои гирифтани шарҳи расмӣ аз идораи барқ бенатиҷа буд. Аммо дар сомонаи Шабакаҳои тақсимоти барқ ва расонаҳои давлатӣ ҳеч гуна хабаре дар бораи ҷорӣ шудани маҳдудият дар кишвар нест.

Мақомот дар гузашта қатъи барқро ба таъмири дастгоҳ ва хатҳои интиқол рабт медоданд, ки бархеҳо ба он бовар надоранд.

Ёдовар мешавем, ки ба ҷуз пойтахт ва маркази вилоятҳо, сокинони минтақаҳои Тоҷикистон дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистон бо маҳдудият барқ мегиранд.

навшуда

"Барқ мехоҳӣ? Писаратро ба артиш фирист". Талаби нав аз сокинони Исфара

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як гуруҳ сокинони шаҳри Исфара шикоят доранд, ки мақомот барқи деҳаро қатъ карда талаб кардаанд, ки фарзандонашонро ба артиш фиристанд.

Ба гуфтаи сокинони ҷамоатҳои Чоркуҳ ва Сурх, қариб як ҳафта боз барқ надоранд.

Дар наворе, ки сокинон ба Радиои Озодӣ фиристоданд, дида мешавад, ки масҷид ва кӯчаҳо ториканд ва барқ хомӯш аст.

Як сокини ҷамоати Сурх гуфт, мақомот гуфтаанд, барқи онҳо замоне дубора пайваст мешавад, ки фарзандонашонро ба артиш фиристанд. Мақомот ин шикоятро рад мекунанд.

Намояндагони идораи тақсимоти барқи шаҳри Исфара бидуни зикри номашон гуфтанд, дар баъзе маҳаллаҳои ҷамоати Сурх барқро хомӯш намудаанд, аммо ин ба таъмири хатҳои интиқол вобаста аст ва ба сарбозгирӣ ҳеч рабте надорад.

Даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш 1-уми октябр оғоз шуда, то охири ноябр давом мекунад. Мақомот аз ҳоло ҷавононро барои рафтан ба артиш омода мекунанд.

Ин бори аввал нест, ки сокинони шаҳри Исфара аз қатъи барқ дар мавсими даъват ба артиш шикоят мекунанд. Айни чунин шикоят аз дигар минтақаҳои Тоҷикистон ҳам дар гузашта садо дода буд.

Тоҷикистон аз 14 кишвар кумаки башардӯстона гирифтааст

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар ҳашт моҳи соли 2025, Тоҷикистон аз 14 кишвари хориҷӣ дар ҳаҷми зиёда аз 33 миллион доллар ёриҳои башардӯстона гирифтааст.

Тибқи иттилои Хадамоти гумрук, Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҳолланд бузургтарин кумакрасонҳои Тоҷикистон дар соли равон будаанд ва 60 дарсади ёриҳо аз ин се кишвар аст.

Русия, Белгия, Қазоқистон, Ҳиндустон, Корея, Туркия, Италия, Фаронса ва Ҷопон аз кумакрасонҳои дигари Тоҷикистон дар соли равон будаанд.

Аммо мақомот нагуфтаанд, ки кумакҳои башардӯстона кай ва дар куҷо сарф шудаанд.

Муборизаи Молдова бо артиши фейкoҳои дурӯғпарокани Русия

Саҳифаҳои сохтаи тарафдорони Русия
Саҳифаҳои сохтаи тарафдорони Русия

Дар арафаи интихоботи порлумонии Молдова саҳифаҳои фейкии тарафдорони Русия дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шудаанд, ки бо ёрии ҳуши маснӯъӣ хабарҳои иғвобарангез дар миёни ҷомеаи ин кишвар паҳн мекунанд.

Қарор аст, дар Молдова рӯзи 28-уми сентябр интихоботи порлумонӣ баргузор шавад.

Ҳукумати ин кишвар барои муқобилият бо дурӯғпароканӣ бо шабакаҳои иҷтимоие мисли TikTok, Facebook ва Instagram ҳамкориро оғоз кардааст, вале ба гуфтаи коршиносон, ин ҳамкорӣ суст ҷараён дорад.

TikTok изҳорот додааст, ки ҳазорон саҳифаи фейкиро пок кардааст, вале мунтақидон мегӯянд, вазъ зиёд тағйир накардааст.

Моҳи август як маркази маҳалии таҳқиқотӣ 910 саҳифаро пайдо кард, ки ба паҳн кардани дурӯғпарокании Русия машғуланд.

Ин шабакаҳо Иттиҳоди Аврупо, талошҳои пайвастани Молдова ба ин иттиҳод ва мансабдорони ҷонибдори арзишҳои аврупоиро сахт танқид мекунанд.

Дар замони интихоботи президентӣ ин саҳифаҳои фейкӣ зидди Мая Санду, президенти ғарбгарои Молдова дурӯғ мебофтанд.

Ҳоло ин саҳифаҳо аз номи шаҳрвандони одӣ видеоҳои сохтаеро бо чеҳраҳои одамони одӣ паҳн мекунанд, ки гуё аз номзадони мавриди алоқаи Русия пуштибонӣ мекунанд.

“Қаҳрамон”-ҳои ин наворҳои сохта занҳои одии деҳотӣ ва кишоварзоне ҳастанд, ки аз забонашон ба манфиати номзадҳои тарафдори Русия тарифу тавсия садо медиҳад.

TikTok тасдиқ кардааст, ки 4500 матлаби нашршуда ва 100 ҳазор саҳифаҳои сохта, ки қоидаи истифода аз ин шабакаро вайрон карда, ба дурӯғпароканӣ, таҳқири интихобкунандагон бо истифода аз ҳуши маснӯъӣ машғул буданд, нобуд кардааст.

Фаронса давлати Фаластинро ба расмият шинохт

Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса зимни суханронӣ дар СММ.
Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса зимни суханронӣ дар СММ.

Президенти Фаронса расман эълон кард, ки кишвараш давлати мустақили Фаластинро ба расмият мешиносад.

Эммануел Макрон 22-юми сентябр дар ҳамоише, ки аз сӯи Фаронса ва Арабистони Саудӣ дар қароргоҳи Созмони Милал ташкил шуд, гуфт, ташкили ду давлат роҳи сулҳро боз мекунад.

Раиси ҷумҳури Фаронса чанд моҳ қабл аз нияташ барои ба расмият шинохтани кишвари Фаластин хабар дода буд.

Рӯзи 21-уми сентябр чор кишвари ғарбӣ -- Британияи Кабир, Канада, Австралия ва Португалия низ кишвари Фаластинро ба расмият шинохтанд.

Давлати Исроил аз ин тасмим интиқод карда, онро тӯҳфае ба гурӯҳи "Ҳамос" гуфт.

Кир Стармер, нахуствазири Бритониё дар баёнияе гуфт, бо умеди дарёфти сулҳ миёни исроилиҳо ва фаластиниҳо, давлати Фаластинро ба расмият мешиносанд.

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил гуфтааст, ба ташкили давлати Фаластин муқобилият хоҳад кард. Нетаняҳу давлати Фаластинро таҳдиде барои бақои Исроил медонад.

Вазорати корҳои хориҷии Фаластин аз иқдоми чор кишвар барои ба расмият шинохтани ин кишвар истиқбол кардааст.

Як кӯдаки афғон дар чархи ҳавопаймо худро аз Кобул ба Деҳлӣ расонд

Расонаҳои ҳиндӣ гузориш додаанд, ки як кӯдаки 13-солаи афғон ба шакли қочоқӣ худро дар чархи ҳавопаймои ширкати "Ком эйр" аз Кобул то Деҳлӣ расонида буд, зинда монд ва ба Афғонистон баргардонида шуд.

Ба навиштаи рӯзномаи "Hindustan Time", ин ҳодиса дар парвози рӯзи якшанбеи ширкати "Ком эйр", 21 сентябр рух додааст. Масъулини фурудгоҳи Индира Гандӣ дар Деҳлӣ рӯзи 22 сентябр гуфтанд, ки ин кӯдак пас аз фуруди ҳавопаймо пайдо шуд.

Ӯ ба масъулин гуфтааст, пинҳонӣ вориди фурудгоҳи Кобул шуда, пеш аз парвоз дар чархи ҳавопаймо пинҳон шудааст.

Мақомҳои Толибон то кунун дар ин бора изҳори назар накардаст.

Пинҳон шудан дар зери баданаи ҳавопаймо яке аз шеваҳои қочоқ ба муҳоҷират мебошад. Парвоз дар баландии зиёд, маъмулан бинобар сармои шадид ва камбуди оксиген, боиси марги фард мешавад.

Дар осмони Эстония се ҷангандаи Русия мушоҳида шудааст

Ҳавопаймои русии навъи ИЛ-20М
Ҳавопаймои русии навъи ИЛ-20М

Рӯзи якшанбеи 21-уми сентябр ду ҳавопаймои ҷангии олмонии Eurofighter барои пешгирӣ аз ҳаракати ҳавопаймои русии ҷосусии Ил-20М дар ҳарими ҳавоии баҳри Балтик ба ҳаво бархостанд

Дар изҳороти намояндагии Олмон дар НАТО гуфта шудааст, ки ҳавопаймо ба дархости тамос посухе намедод, аз ин рӯ ду ҷангандаи олмонӣ аз пойгоҳи ҳавоии Росток-Лааге дар Олмон ба ҳаво бархостанд.

Дар вақтҳои охир вазъ дар минтақаи баҳри Балтик бо сабаби хабарҳо дар бораи нақзи ҳарими ҳавоии Аврупо кардани ҳавопаймоҳои русӣ пуртаниш шудааст. Рӯзи 19-уми сентябр Эстония гуфт, ки се ҷангандаи русӣ дар осмони халиҷи Фин ҳарими ҳавоии онро убур кард. Таллин барои баррасии моддаи 4-уми паймони НАТО дар ин замина ташкили ҷаласаеро дархост кардааст.

Мақомоти Эстония гуфтанд, ки ҳавопаймоҳо ҳеҷ нақшае барои парвоз надоштанд, дастгоҳҳои аломатдиҳии онҳо хомӯш буд ва бо нозирони заминӣ ё диспетчерҳо дар иртибот набуданд. Аз ин рӯ, мешавад хулоса кард, ки онҳо махсусан ба ҳарими ҳавоии Эстония ворид шуданд.

Маскав ин иттиҳомро рад кард ва гуфт, ки парвози се ҳавопаймои навъи МиГ-31 аз қисмати шимолу ғарби Русия ва Калининград дар минтақаи ҳоил сурат гирифт.

Рӯзи душанбе, 22-юми сентябр ҷаласаи изтирории Шӯрои амнияти СММ дар заминаи нақзи ҳарими ҳавоии Эстония баррасӣ мешавад.

Трамп тарафдори кушташудаашро "фидоии роҳи озодӣ" номид

Маросими видоъ бо Чарли Кирк
Маросими видоъ бо Чарли Кирк

Дар маросими видоъ бо Чарли Кирк, ки рӯзи 10-уми сентябр кушта шуд, Доналд Трамп, президенти ИМА, муовини ӯ, Ҷей Ди Венс ва Илон Маск, миллиардер иштирок карданд.

Ин маросим рӯзи 21-уми сентябр дар аёлати Аризона баргузор шуд ва Трамп дар суханрониаш Чарли Киркро "фидоии роҳи озодии Амрико" номид.

Дар ин маросим Илон Маск ҳам дида шуд, ки бо Доналд Трамп даст мефишурд. Пештар, миллиардер бо Трамп баҳс кардд ва эълон кард, ки аз кумак ба маъмурияти президент даст кашидааст.

Чарли Кирк 31 сол дошт ва ҳангоми як суханрониаш дар аёлати Юта кушта шуд. Ӯ дар арафаи интихоботи президентӣ аз Доналд Трамп пуштибонӣ карда, ҷавонро ба тарафдорӣ аз ӯ ташвиқ мекард.

Як духтари қирғиз баъди афтидан аз чархофалак ҷон дод

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як духтари 18-сола дар Қирғизистон аз "чархофалак" ("карусел") афтида, ҷон додааст. Ҳодиса 21-уми сентябр дар боғи ба номи Алишери Навоии шаҳри Уш рух дод.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, духтар баъди афтидан захмҳои вазнин бардошта буд ва барои ҳамин пизишкон натавонистанд ӯро наҷот диҳанд.

Мақомоти корҳои дохилии шаҳри Уш гуфтанд, сабабҳои рух додани ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Ин бори аввал нест, ки дар Қирғизистон сокинон дар пайи афтидан аз “чархофалак” захмӣ ё маҷруҳ мешаванд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG