Халабони дуввуми ҳавопаймои ҷангии F-15, ки дар Эрон сарнагун шуда буд, наҷот дода шудааст.
Ин хабарро президент Доналд Трамп субҳи 5-уми апрел дар шабакаи иҷтимоиаш Truth Social пахш кард. "Мо ӯро пайдо кардем. Ӯ ҷароҳат бардоштааст, аммо хуб мешавад", - навишт Трамп.
Раиси ҷумҳури Амрико дар паёмаш навиштааст, дар ҷараёни амалиёти наҷоти халабон, ягон амрикоӣ кушта ё захмӣ нашудааст.
Як мақоми амрикоӣ ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, "маъмурият иҷро шуд".
Дар бораи пайдо шудани халабони дуввуми ҳавопаймои ҷангии F-15E дар Эрон, нахуст хабаргузории "Рейтерз" гузориш дода буд.
Чанд расона, аз ҷумла рӯзномаи "Ню-Йорк Таймз" гузориш доданд, ки халабон дар ҷанубу ғарби Эрон пайдо шуда, барои табобат ба як дармонгоҳи Кувайт интиқол ёфтааст. Дар бораи вазъи саломатии ин низомӣ маълумоти расмӣ нашр нашудааст.
Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ин афсар, ки масъули низоми идоракунии силоҳ (WSO) буд, аз сӯи нерӯҳои махсуси ИМА ва дар як амалиёти мураккаб наҷот дода шуд.
Ба гузориши шабакаи Fox News, халабон ва ҳам гурӯҳи наҷот аз Эрон хориҷ шудаанд.
Мансабдорони ИМА гуфтанд, ки Сипоҳи посдорон ва неруҳои Басиҷ талош карданд монеи амалиёти наҷоти халабон шаванд ва низомиёни амрикоӣ бо онҳо даргир шуданд.
Ба гузоришҳои расонаҳо, ду ҳавопаймои борбари амрикоӣ, ки дар амалиёти наҷоти халабон иштирок доштанд, натавонистанд аз як пойгоҳи Эрон берун шаванд. Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ин ду ҳавопайморо пеш аз афтидан ба дасти нерӯҳои эронӣ нобуд кардаанд.
Ҳарду халабони ҷангандаи F-15 баъди сарнагун шудани ҳавопаймоашон дар ҷанубу ғарби Эрон, худро ба берун партофтаанд. Ба гузориши расонаҳои Axios ва Fox News, онҳо бо истифода аз таҷҳизоти алоқаи фаврӣ бо нерӯҳои ИМА тамос барқарор карданд.
Рӯзи ҷумъаи 3-юми апрел як ҳавопаймои ҷангии F-15-и амрикоӣ дар Эрон суқут кард. Сипоҳи посдорон эълон кард, ки ин ҷангандаро сарнагун кардааст.
Ин ҳавопаймо ду сарнишин дошт, ки яке аз онҳо дар ҳамон соати аввал аз сӯи нерӯҳои артиши Амрико наҷот ёфт, аммо халабони дуввум пайдо набуд. Сипоҳи посдорон ҳам ба ҷустуҷӯи ин халабони амрикоӣ пардохт ва барои ёфтани ӯ ба мардум ҷоиза ваъда кард.
Ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, ин нахустин ҷангандаи F-15E аст, ки дар ҷанг бо Эрон ҳадаф қарор мегирад.
Рӯзи ҷумъаи 3-юми апрел ҳамчунин як ҳавопаймои ҷангии дигари нерӯҳои ҳавоии Амрико (А 10) дар Халиҷи Форс суқут карда, ягона халабони он ҷони солим ба дар бурдааст.
Пештар Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба шабакаи NBC News гуфт, ки сарнагунии ҳавопаймои ҷангӣ бар гуфтугӯҳо бо Эрон таъсир нахоҳад гузошт, зеро ӯ ҳамчунон ба Теҳрон фишор меоварад, то созиши сулҳ бо Амрикоро, ки то кунун чеҳраҳои ҳукумати Эрон онро рад кардаанд, бипазирад.