Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи ҷустуҷӯи халабони ҳавопаймои сарнагуншудаи амрикоӣ дар Эрон

Тимҳои имдод ва кӯмакрасон аз соатҳои аввали рӯзи 4 апрел ба ҷустуҷӯи яке аз халабонони амрикоӣ, ки пас аз сарнагунии ҷангандаашон бар фарози Эрон нопадид шуда буд, идома медиҳанд. Ин яке аз ду ҳавопаймои нерӯҳои амрикоӣ аст, ки бино ба гузоришҳо, рӯзи қабл дар осмони минтақа сарнагун шудааст.

Як мақоми амрикоӣ ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, яке аз халабонҳо наҷот ёфтааст, дар ҳоле, ки ҷустуҷӯ барои ёфтани дувумӣ идома дорад. Ба гуфтаи ин мақоми амрикоӣ, ин нахустин ҷангандаи F-15E аст, ки дар рӯёрӯӣ бо Эрон ҳадаф қарор мегирад.

Ба таври ҷудогона, як мақоми амрикоӣ баъдан гуфт, ки як ҳавопаймои ҷангии дигари нерӯҳои ҳавоии Амрико (А 10) дар Халиҷи Форс суқут карда, ягона халабони он ҷони солим ба дар бурдааст. Ҷузъияти пурра ҳоло дастрас нест.

Расонаҳои давлатии Эрон низ аз сарнагунии ду ҳавопаймо хабар доданд. Мақомоти эронӣ эълон карданд, ки дар ҷустуҷӯи халабони нопадидшудаи ҳавопаймои аввал низ ҳастанд ва аз шаҳрвандон хостанд, ҳар гуна маълумотеро, ки метавонад сабаби дастгирии ин халабон шавад, ба мақомот гузориш диҳанд.

Мақоми амрикоие, ки ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ сӯҳбат кард, дар бораи маъмурияти наҷоти ҷониби Эрон ҷузъиёте пешниҳод накард.

Артиши Амрико дар ин бора ибрози назар накардааст, аммо Доналд Трамп, раисҷумҳури он кишвар ба NBC News гуфт, ки сарнагунии ҳавопаймои ҷангӣ бар гуфтугӯҳо бо Эрон таъсир нахоҳад гузошт, зеро ӯ ҳамчунон ба Теҳрон фишор меоварад, то созиши сулҳ бо Амрикоро, ки то кунун чеҳраҳои ҳукумати Эрон онро рад кардаанд, бипазирад.

Агар яке аз халабонҳо аз сӯи нерӯҳои эронӣ боздошт шавад, танишҳои рӯ ба афзоиш ва эҳтимолан талошҳои Амрикоро печидатар мекунад, зеро ин кишвар талош мекунад дороиҳои низомии Теҳронро ба таври комил хароб кунад ва низоми Эронро маҷбур ба пазириши шартҳои Трамп намояд.

Мақомҳои ғарбӣ дар тамоси телефонӣ бо хабарнигорон гуфтаанд, ки Исроил ҳамлаҳои барномарезишудаи худ ба Эронро ба таъхир андохтааст, то дар амалиёти ҷустуҷӯи халабони амрикоӣ халал ворид накунад.

СТРАТЕГИЯИ ҶУСТУҶӮ ВА НАҶОТ

Ричард Аллен Виллиямс, сарҳанги бознишастаи артиши Амрико ва мақоми пешини бахши сармоягузории дифоии НАТО, дар посух ба ин суол, ки амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷоти эҳтимолӣ шомили чӣ мавридҳое хоҳад буд, ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, ки чунин маъмуриятҳо маъмулан бисёр ҳамоҳанг ва ба шиддат муҳофизатшуда ҳастанд.

Вай шарҳ дод, ки фармондеҳон эҳтимолан як ҳавопаймои махсусро барои назорат ба амалиёт ихтисос медиҳанд, ки тавассути таҷҳизоти амнияти ҳавоӣ ва нерӯҳои заминӣ, ки қодир ба ироаи муқобилаи сахт дар сурати ниёз ҳастанд, пуштибонӣ мешавад.

Ин воҳидҳо барои бехатарии маҳали сарнагунӣ талош хоҳанд кард, дар ҳоле, ки тимҳои наҷот бо истифода аз сигналҳои GPS ба маҳал фиристода мешаванд.

Ричард Аллен Виллиямс афзуд, ки ҳавопаймоҳои иловагӣ ва манбаҳои захираӣ барои вокуниши сареъ ба ҳар гуна печидагӣ, дар ҳолати омодабош боқӣ мемонанд.

АКСҲО ВА НАВОРҲО

Манбаъҳои эронӣ аксҳо ва наворҳои видеоӣ нашр карданд, ки иддао доранд, далели ин ҳодиса ҳастанд. Хабаргузории эронии "Форс", ки наздик ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон аст, гузориш дод, "нерӯҳои низомӣ амалиёти ҷустуҷӯро барои ёфтани халабони ҳавопаймои ҷангии Амрико, ки дар соатҳои аввали имрӯз ҳадаф қарор гирифт, оғоз кардаанд".

Ҳарчанд аз замони оғози ҷанг дар 28 феврал, ҳавопаймоҳои низомии Амрико дар ҳангоми парвоз бар замин суқут карда ё тавассути мушакҳо ва паҳбодҳои эронӣ зада шуданд, аммо сарнагунии ин ҳавопаймои ҷангӣ дар сурати тасдиқи расмӣ, аввалин мавриди гузоришшуда аз сарнагунии як ҳавопаймои ҷангии Амрико аз оташи ҷониби муқобил хоҳад буд.

Дар 12 март, шаш халабони амрикоӣ бар асари бархӯрди як ҳавопаймои сӯхтбари KC-135 бо як ҳавопаймои сӯхтрасони дигар кушта шуданд.

Ду ҳафта баъд аз ин ҳодиса, дар 27 март як ҳамлаи мушакӣ ва паҳбодии Эрон ба пойгоҳи ҳавоии Шоҳзода Султон дар Арабистони Саудӣ, дастикам 12 сарбози амрикоиро захмӣ кард ва ба ҳади ақал ду ҳавопаймои сӯхтрасони KC-135 осеби ҷиддӣ ворид намуд.

Се ҳавопаймои ҷангии F-15E-и нерӯҳои ҳавоии Амрико дар таърихи 2 март бар фарози Кувайт тавассути системаи дифои ҳавоии он кишвар сарнагун шуданд. Шаш халабон ҷони солим ба дар бурданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG