Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи Теҳрон ба марказҳои энержии Халиҷ. Трамп: "Ҳанӯз оғоз накардем"

Доналд Трамп, президенти ИМА
Доналд Трамп, президенти ИМА

Эрон рӯзи 3-юми апрел, бо гузашти беш аз як моҳ аз ҳамлаи Амрико ва Исроил ба ин кишвар, ба полоишгоҳҳои нафт дар кишварҳои Ховари Миёна ҳамла кард.

Дар пайи ин ҳамлаҳо полоишгоҳи бузурги нафт дар Кувайт оташ гирифт ва падофанд ё низомҳои дифои ҳавоӣ барои раҳгирии мушакҳои эронӣ дар саросари Халиҷи Форс фаъол шуданд.

Ширкати давлатии нафти Кувайт хабар дод, ки ҳоло оташнишонҳо барои хомӯш кардани чанд сӯхтор, ки пас аз зарбаҳои мушакӣ сар заданд, талош доранд. Дар ин ҳамла инчунин зербунёдҳои барқрасонӣ, об ва сохтори энержии эҳёшавандаи Кувайт осеб дидааст.

Теҳрон фишорро ба Исроил ва кишварҳои ҳамсояи арабии худ дар минтақа идома медиҳад.

Арабистони Саудӣ гуфт, чанд паҳподи эрониро нобуд кард. Дар Баҳрайн низ бонги хатар баланд шуд ва дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ низоми дифои ҳавоӣ барои раҳгирии мушакҳо фаъол гашт. Мақомоти Исроил аз партоби мушакҳо аз сӯйи Эрон ба хоки ин кишвар хабар додаанд.

Мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ ҳамчунин иддао кардаанд, ки як ҳавопаймои ҷангии F-35-и Амрикоро сарнагун намуданд. Чанд расонаи давлатии Эрон, аз ҷумла “Press TV” бо нашри изҳороти Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аксҳоеро ҳамчун далели суқути ҳавопаймои амрикоӣ дар маркази Эрон нашр кардаанд. Иёлоти Муттаҳида дар ин бора шарҳе надодааст ва Радиои Озодӣ имкони тасдиқи дурустии ин иддаоро надорад.

Мавҷи охирини ҳамлаҳои Эрон дар пайи изҳороти охири президенти Амрико сурат гирифт. Доналд Трамп рӯзи 2-юми апрел аз шиддати бештари даргириҳо хабар дода, гуфт, Вашингтон маъракаи худро ба зидди Эрон “ҳанӯз оғоз накардааст”. Ӯ ҳушдор дод, ки агар талошҳои дипломатӣ барои пешгирӣ аз ҷанг натиҷаи кам диҳанд, ба зерсохторҳои барқрасонии Эрон зарба мезананд.

Ба гуфтаи Доналд Трамп, "Иёлоти Муттаҳида ҳанӯз нобуд кардани он чизеро, ки дар Эрон мондааст, оғоз накардааст”. Ӯ дар чанд навишта дар шабакаҳои иҷтимоӣ таъкид кардааст, ки пулҳо ва нерӯгоҳҳои барқиро ҳадаф қарор медиҳанд. Дар як навиштааш Трамп гуфтааст, ки "раҳбарони Эрон медонад, ки чӣ бояд кунанд ва он бояд зуд иҷро шавад!”

Ӯ инчунин видеои зарбаи Амрикоро ба як пули навбунёд, ки Теҳрон ва шаҳри Караҷро бо ҳам мепайвандад, бознашр кардааст. Расонаҳои давлатии Эрон гуфтанд, ки дар ин ҳамла ҳашт нафар кушта ва 95 нафар захмӣ шудаанд. Расонаҳои эронӣ хабар доданд, ки як ҳамлаи дигари паҳподӣ ба анбори созмони Ҳилоли Аҳмар дар вилояти ҷанубии Бушаҳр бархӯрда, ду контейнерро нобуд кардааст. Ин шаҳри бандарӣ як маркази муҳими дарёӣ ва макони ягонаи нерӯгоҳи барқи ҳастаии Эрон аст.

Эрон инчунин гузориш дод, ки Донишкадаи Пастер, як маркази таҳқиқоти тиббӣ, дар пайи ҳамла зарари ҷиддӣ дидааст. Дурустии ин иддао ҳанӯз тасдиқ нашудааст, ҳарчанд мақомоти эронӣ аксе, ки гуё зиёни расидаро нишон медиҳад, нашр кардаанд.

Вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ароқчӣ ин зарбаро маҳкум карда, гуфт, ҳамлаҳо ба зерсохторҳои мулкӣ "эрониҳоро ба таслим шудан маҷбур намекунанд".

ИМА ва Исроил рӯзи 28-уми феврали имсол ба Эрон ҳамла карданд. Мақомоти ин ду кишвар мегӯянд, Эрон дар пайи сохтани силоҳи ҳастаӣ буд ва онҳо аз ин пешгирӣ карданд. Мақомоти Эрон инро рад мекунанд ва мегӯянд, ҳеч гоҳ силоҳи ҳастаӣ сохтанӣ набуданд.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG